Дар бораи Ҷемс Гринвуд ва “ Ҷулҳундии  хурдакак “

Ҷулҳундии  хурдакакМуаллифи  ин  повест  нависандаи  Англис  Ҷемс  Гринвуд  мебошад.  Ҷемс  Гринвуд  соли   1833   дар  оилаи  хидматчии хурд  таваллуд  шудааст. Дар  оилаи  онҳо  ба  ғайр  аз  Ҷемс  боз  ёздаҳ  кӯдак – бародар  ва  хоҳаронаш  буданд, ки  онҳо  ба  воя  расида,  касбу  кори  гуногунро  пеша  намудаанд .

Дар  солҳое  ки  Ҷемс  Гринвуд  асарҳои  худро  менавишт, Англия  ҳанӯз  давлати  аз  ҳама  пуриқтидори  капиталистии  дунё  буд. Ҷемс  Гринвуд  асарҳои  беҳтарини  худро  дар  солҳои  60 – ум  асри  XIX  навиштааст, ки  яке  аз  онҳо  “Ҷулҳундии  хурдакак“ мебошад .

Ҷемс роҳи худро барои оянда интихоб кард: хост рӯзноманигор шавад ва нависад, асар эҷод намояд, китоб чоп кунад. Ҳамин тавр дар  мавзуъҳои муҳимми  онвақта  мақолаю  очерк  ва  романҳо  менавишт. Солҳои  60  – 70 –уми асри нуздаҳум  номи  Ҷемс  Гринвуд  дар  Англия  ба ҳамагон маълум  буд. Вай аз ҳаёти иҷтимоии пойтахти кишвараш очеркҳои хуби проблемавӣ менавишт, падидаҳои манфиро мазаммат мекард, камбудиҳоро фош менамуд ва ин ҳама таваҷҷуҳи хонандаро бештар ба худ мекашид ва шуҳрати муаллифро боло мебурда

Гринвуд боре як шабро дар кӯчаҳои сард бо мушоҳидаҳои зиёди камбуду норасоиҳо ба рӯз овард ва натиҷаи онро чун як достони хуби таҳқиқӣ чоп кард. Манзараҳое, ки  Гринвуд  дар  аксар асарҳояш  тасвир намудааст, хусусан  аз  ин  ҷиҳат даҳшатангезтар мебошад, ки  худи  вай  дар  ин  шароит  танҳо  як  шабро  сипари  кардааст, ҳазорон ҳамватанонаш  бошанд, барои қути лоямут ёфтан  ва  зиндагонии  фақирона худро  ба  пеш  бурдан маҷбуранд , ки  тамоми   умр  ҳамин  тариқ зиндагӣ кунанд.

Баъд  аз  он  асарҳои ӯ торафт  камтар  чоп шуданд,  сензураи давлатӣ монеъ мешуд. Ва  ин  то  даме  давом  кард, ки  номи  вай  аз  саҳифаҳои  адабиёт  тамоман  ғоиб  гашт. Соли  1905  Гринвуд  китоби  охирини  худро  барои  насли  нави  хонандагон  чоп  намуд, ин замоне буд, ки номаш чун нависанда аз хотирҳо фаромӯш мешуд…

Ҷемс  Гринвуд  соли  1929 дар синни 97-солагӣ буд, аз олам даргузашт.

Китоби “Ҷулҳундии хурдакак” соли 1959 дар шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) дар тарҷумаи Шариф Шараф ва муҳарририи Шамсӣ Собир 5000 нусха чоп шудааст.

Як нусха аз ин китоб дар бойгонии шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ мавҷуд аст, ки хонандагон метавонанд онро мутолаа кунанд.

Зебонисо Ризоева, мутаххасиси  шӯъбаи депозитарӣ.