Дар бораи “Таърихи ҳумоюн” чӣ медонед?
Маълум аст,ки танҳо дар сурати хуб омўхтани мероси фарҳангӣ, хоса осори таърихиву адабӣ,метавонад ба гузаштаву имрўзи худ хуб ошно шуд ва роҳи босаодати рўзгорро дар оянда муайян кард. Дар ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаҳои зиёди дастнавис мавҷуд аст, ки аз қарни ХI ба баъд хаттотӣ шуда ва қисмате аз осори таърихии ин ганҷина кайҳо боз диққати муҳаққиқонро ба худ ҷалб кардаву дар навиштани асарҳои тадқиқотӣ каму беш мавриди истифода қарор гирифтааст.
Аммо то ҳанўз боз ҳастанд сарчашмаву манбаъ ва санадҳои пурарзише,ки то кунун мавриди омўзиши аҳли илм қарор нагирифтаанд. Яке аз чунин дастхатҳои нодиру муҳиме, ки солҳои зиёд зери гарди фаромўшӣ мондаву аз назари аҳли таҳқиқ дар канор мондааст, асари “Таърихи ҳумоюн”-и Муҳаммад Содиқхоҷаи Бухороӣ, мутахаллис ба Гулшанӣ мебошад. Тавре мураттиб, ба чоптайёркунанда ва муаллифи сарсухани “Таърихи ҳумоюн” Ҷўрабек Назриев қайд мекунад, ин асари пурарзиш то кунун дар дунёи илм ба таври бояду шояд омўхта нашудааст, ҳарчанд баъзе аз муҳаққиқон дар ин боб ба таври умумӣ ишораҳое фармудаву аз Гулшанӣ ва асари ў ёд кардаанд.
Пас Гулшанӣ кист ва куҷоист? Дар чӣ вазъияте умр ба сар бурдааст? Ў дар муҳити хеш чӣ мақому мартабае дошт ва аз худ чӣ осоре боқӣ гузошт? Асари ў “Таърихи ҳумоюн” дар илм ва шинохти давлати Бухоро ва умуман минтақа чӣ аҳамияте дорад?
Ба қавли тазкиранигорон ва ҳамнишинони ў Мулло Саидҳоҷаи Бухороӣ, Содиқхоҷаи Гулшанӣ ё Содиқхоҷа Гулшании Бухороӣ зодаю парвардаи шаҳри Бухорои шариф аст. Содиқхоҷаи ҷавон аз илмҳои роиҷи замонааш хуб баҳравар буд ва ба шеър навиштан низ рағбати зиёд дошт. Устод Садриддин Айнӣ менависад: “Содиқхоҷа ба дараҷаи ибтидоӣ ҳам бошад улуми замонашро хуб омўхта буд ва илми ҷуғрофиро бағоят дўст медошт”. Тибқи ахбори муаллифони сарчашмаҳо Муҳаммад Содиқхоҷа яке аз аввалин толибилмоне буд, ки забони русиро хуб медонист.Шарифҷон-махдуми Садри Зиё забони русӣ омўхтани Содиқхоҷаро яке аз беҳтарин фазилатҳои ў мехонад.
Бад-он поя донад забони русӣ,
Бад-он поя дониш ту худ кай расӣ?
“Таърихи ҳумоюн”-и Содиқхоҷаи Гулшанӣ муҳимтарин ва ҷолибтарин асарест,ки то замони мо аз ў боқӣ монда номи муаллифро зинда нигоҳ доштааст.”Таърихи ҳумоюн” барҷастатарин очерки таърихӣ, ҷуғрофӣ ва адабиву фарҳангиест, ки моро бо вазъияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мадании вилоятҳои аморати Бухорои нимаи дувуми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ ошно месозад. “Таърихи ҳумоюн” асарест, ки бо наср навишта шуда, баъзан абёти ҷудогона ҳам оварда шудааст.
Ҳадафи мо дар ин матлаб, ки то ин ҷо иқтибосҳое аз китоби “Таърихи ҳумоюн”, чопи соли 2006 овардем, ин нест, ки фарогир шуморо бо сохтору бандубасти ин асари арзишманд ошно созем. Балки ҳадаф он буд, ки бо як муқаддимаи кутоҳ аз шумо даъват кунем ин китобро бихонед.
Чуноне гуфтем, он соли 2006 бо талоши донишманди маъруф, марҳум Ҷӯрабек Назрӣ интишор ёфтааст. Олими нуктасанҷ дар як сарсухани хеле муфассал чигунагии китоб ва таърихи иншову дастрас шудани дастхати онро овардааст ва баъдан матни комилро манзури хонанда кардааст.
Мо порчаеро аз мақолаи аввали он дар зикри иёлати Бухоро дар зер меорем, то шумо ошноии муқаддимотие дар бораи забону услуби нигориши китоб дошта бошед. Ҳазамон маълумоте дар бораи Бухорои он замон дошта бошед:
Мақолаи аввал дар зикри иёлоти Бухоро
Бидон,ки мамлакати Бухоро дар санаи панҷоҳу чаҳори ҳиҷрӣ, дар замони хилофати Муовия аз тарафи Абдуллоҳ ибни Зиёд фатҳ гардида, дар байни фотеҳи мазкур ва ҳокими Бухоро мусолаҳа ва муоҳада воқеъ гардидааст. Ва марратан баъда ухро (ҳар даъфа) ба ҳиммати Қутайба дар санаи наваду чаҳор фатҳ гардидааст,дар замоне,ки Саъид ибни Усмон ибни Аффон волии Хуросон буданд. Ва баъд аз фатҳи имом Қутайба дар Бухоро ҳафт адад масоҷид бино намудаанд, ба ироати Хизр алайҳи-с-салом самти қибларо таъин намудаанд. Ва аз он ҷумла масҷиди Лаби ҳавзи Бек,ки онро масҷиди Хизр меноманд, ба муносибати мазкура ва қиблаи масҷиди ҷомеъро, ки алъон Масҷиди Калон меноманд, низ Қутайба таъин намудаанд. Ва он масҷиду меҳроб ба сабаби ҳаракати арз мунҳадим гардида, муҷаддадан онро маъа манора, ки алъон мавҷуд аст, сониян дар санаи 455 Алб Арслонхон бино ниҳодааст.Ва маноре, ки дар бўхбуҳа (марказ, миёни Сарой) ва миёнаи шаҳри Бухоро мавҷуд аст ва машҳуру маъруф аст, ба Манораи Ғўза, аз осори Арслонхон боқи аст. Аммо масҷиде, ки Арслонхон бино наудааст, мунҳадим шудааст. Муҷаддадан онро имом Бакри Саъд ки машҳуранд ба Хоҷа Калони Ҷуйборӣ ва бонии манору мадрасаи Говкушон мебошанд, солисан бино намуданд. Ва мула (бинои лоии манорамонанд) ва дастакҳои атрофи хориҷи девори онро аз ҳиссату-л-вакфи хитобати он дар замони хитобати худи халифа Ниёзқул бино намудаанд, дар замони хилофати ҳазрати Амири Саъид.
Бухоро ёздаҳ адад дарвоза дорад, ки асомии онҳо аз қарори зайл аст: Қавола, Мусаллохона, Намозгоҳ, Шайх Ҷалол, Қароқўл, Шергирон, Угдон, Талипоҷ, Ҳазрати Имом, Самарқанд, Мазори Шариф. Тўлан қадди Бухоро аз дарвозаи Қавола то Шергирон ним фарсах аст ва арзу бари Бухоро аз дарвозаи Мусаллохона то дарвозаи Самарқанд рубъи (чаҳоряки) фарсах аст. Ва теъдоди гузар ва маҳаллаҳои Бухоро як саду наваду шаш гузар аст, ки дар баъзе гузар як масҷид ва дар баъзе гузар ду масҷид, ба як гузар то шаш масҷид мавҷуд аст. Ва теъдоди ҳаволӣ ва буюти (хонаҳои) он бисту панҷ ҳазор ҳаволӣ мавҷуд аст. Ва аз ин ҷумла чаҳор ҳазору панҷсад хонавор эронӣ аст, ки ба самти ғарбии дохили Бухоро ка-л-ҷароди-л-мунташиранд (монанди малах парокандаанд), ба ҳар маҳалла ҳамроҳи аҳли тасаннун махлут ва маҳшуранд. Ва мобақия бист ҳазору панҷсад хонавори дохили шаҳр ҳама аҳли тасаннун аст. Ва ду маҳалла яҳудӣ аст, теъдоди ҳаволию буют як лаку ҳаштод ҳазор нуфусро доро аст. Дар дохили шаҳр як саду наваду нуҳ адад мадрасаи сангинро доро аст, аз ғайри Гўрхона ва Хонақоҳ, ки дар тамоми он панҷоҳ ҳазор нафар толибилм сукно доранд. Ва дар дохили шаҳр се саду наваду як масоҷид мавҷуд аст ва ҳафдаҳ адад хона қохи ҷумъахонӣ ва дар ҳар мадраса масҷиде мавҷуд аст. Ба дохили шаҳр ҷаман шаш саду ҳафт адад масоҷиду маобид мавҷуд аст, ки ба ҳангоми азон шашсаду понздаҳ адад муаззин ба як дақиқа азон мегўянд, ки овози азони онҳо то ним фарсах роҳ меравад, хусусан ба моҳи шарифи рамазонул- муборак.
Ва Бухорои Шариф як саду сиву шаш адад корвонсаройро дорост, ки дар он саройҳо миқдори бист ҳазор нафар мусофирҳо сукно доранд, аз қабили пешоварӣ ва афғон ва ҳинду ва мусофири ҳуқандӣ ва қошғарӣ ва амсоли инҳо, ки ҷамъу-л-ҷамъ саканаи дохили шаҳр маъа мусофир ва аҳолии аслии он ду лаку панчоҳ ҳазор нуфусро дорост.Теъдоди ашхос, ки аз тарафи давлатхона муваззафанд, яъне аз давлат моҳонаву солона доранд, аз тоифаи аҳли илм ва ҳофизи Каломи Раббонӣ,теъдоди онҳо аз қарори зайл аст: ҳазор нафар талабаи даҳякдор ва яксаду паноҳ адад “Салавот»-хон ва «Саҳеҳ»-хон-сӣ нафарӣ,панҷ ҷамоа ва дусаду чил нафар ҳофизи Калому-л-Лоҳ, ҷамъ як ҳазору сесаду навад нафар аз талаба ва қорӣ аз давлат муваззафанд. Ва як нафар охунду як нафар аълам ва ёздаҳ нафар муфтӣ ва ёздаҳ нафар муҳаррир ва чаҳор нафар машоихи кибор ва дусаду чиҳилу шаш мударрис ва шашсаду ҳашт нафар имому хатиб ва шашсаду чаҳордаҳ муаззин ва ҳаштоду чаҳор нафар талабаи китобхонадор ва як ҳазору ҳафсаду чиҳилу нўх нафар ҳофизи Каломи Раббонӣ. Ҷамъи инҳо се ҳазору сесаду бисту нўҳ нафар аз авқоф вазифаи муайяна доранд. Ва насби инҳо мавқуф ба раъю иродаи давлат аст. Ҳар сола ба онҳо низ аз давлатхона хилъатҳои гаронбаҳо дода мешавад, аммо касби маоши онҳо аз авқофи муайян аст.
Дар Бухоро ду адад ғурабохона мавҷуд аст: яке дар дохили шаҳр ва харҷи он тамоман аз тарафи давлат аст ва яке дар хориҷи шаҳр ба сари мазори қутбу-л-орифин Баҳоу-л-ҳаққи ва-д-дин мавҷуд ва ҳарчи он аз авқофи муайянаи он аст. Ашхосе,ки наметавон касбу пеша намоянд,осуда ва муфарраҳату-л-ҳол (фараҳманд, хурсанд) дар ин ҷо сокинанд.Ҷамеи мойўҳтоҷи онҳо муҳайё аст, ҳатто такфину таҷҳизи онҳо.
Ва теъдоди ҳаммоми Бухоро ҳафдаҳ адад аст. Ва як адад канисаи яҳуд низ мавҷуд аст, яксаду наваду шаш макотиби ибтидоӣ дар дохили шаҳр мавҷуд аст. Муаллими инҳо аз авқоф вазифаи муайяна дорад.
Ва иёлати Бухоро мунқасим мешавад ба се ҳукумат ва ҳашт қазо…
Китоби “Таърихи ҳумоюн”-ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
Таҳияи Ойҷонгул ДАВРОНОВА,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.