Дар Хоруғ даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст гардид

Дирӯз, 21 октябри соли равон дар театри мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ маросими қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии  “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.  Дар ин нишаст Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ширкат ва суханронӣ намуда, ғолибони даврӣ вилоятиро табрик намуд.

Зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар, бо ташаббус ва ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари рушди ҷанбаҳои иқтисодӣ, баҳри баланд бардоштани маънавиёти сокинони мамлакат, аз он ҷумла насли наврасу ҷавон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Маҳз дар заминаи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба таълиму тарбия, баланд бардоштани ҳуввияти миллию худшиносӣ як қатор барномаву стратегияҳои муҳими давлатӣ қабул гардиданд, ки ба саводнокӣ ва болоравии тафаккури зеҳнӣ ва маънавиёти на танҳо насли ҷавон, балки қишрҳои мухталифи ҷомеа мусоидат намуданд.

Боиси ифтихор аст, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёт шароити мусоид фароҳам овард ва дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Алишери Мирзонабот зимни суханронии худ иброз дошт, ки “мо, чанде пеш озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон- Ватани азизи ман”- ро ҷамъбаст намуда, ғолибони даври вилоятиро муайян намудем. Чеҳраҳои нави санъату мусиқӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар сатҳи вилоят муаррифӣ гардиданд. Боиси хушнудист, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба таърихи пурғановати миллати тоҷик дар соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърих” доир мегардад. Ҳамаи ин чорабиниҳо маҳз бо мақсади тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон, эҳёи арзишу анаъанаҳои миллиамон роҳандозӣ шуда, моро ба он водор менамояд, ки фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, худогоҳиву воқиф аз таърихи гузаштаамон тарбия намуда, баҳри тарбияи насли оянда зиёдтар заҳмат кашем”.

Дар чорабинӣ ҳамчунин директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, проофессор Ҷумахон Файзализода ва Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ширкат ва суханронӣ намуданд.

Директори Китобхонаи миллӣ, ки аъзои ҳакамони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад, муддати чанд рӯзи охир дар шаҳри Хоруғ ба сар мебурд ва аз оғози даври ниҳоии вилоятӣ то ба анҷом ширкат дошт. Вай дар суханронии худ аз вижагиҳои озмуни имсол ҳарф зад ва бардоштҳои худро аз омодагии хонандагони ВМКБ ва сатҳи дониши онҳо иброз намуд.

Сипас, дар фазои тантанавӣ 56 нафар ғолибони даври вилоятӣ бо Ифтихорнома ва мукофоти пулии Раиси вилоят қадрдонӣ шуданд.
Бо намоиши барномаи рангинӣ консертӣ чорабинӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Манбаъ: Сомонаи Ҳукумати ВМКБ