Дар ҳошияи “Рўзи  дарҳои  боз”

1Ҳамасола Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафа ва рӯзҳои  Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи китоб ва ҷашни Истиқлолият “Рӯзи дарҳои боз”-ро баргузор менамояд. Ин анъанаи нек имсол низ идома ёфта,  аз 16-ум  то 18-уми  апрел ба  муносибати  Рўзи  байналмиллалии  Наврўз дар  Муассисаи  давлатии « Китобхонаи миллӣ»  Рўзи дарҳои боз баргузор гардид.

“ Рӯзи дарҳои боз” дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ва дигар шарикон доир гашта, дар намоишгоҳи мазкур корхонаву муассисаҳои мухталиф ба шахсоне, ки кор меҷӯянд, ҷойҳои кории холиро дар дохилу хориҷи кишвар пешниҳод карданд. Бо шарофати ин чорабинӣ сокинону меҳмонони пойтахт имкон пайдо карданд, ки китобҳои гуногуни илмию бадеъӣ ва асарҳои нодирро пайдо намуда, ҳамчунин маҳсули дасти ҳунармандони халқӣ, аз қабили дастпона, гарданбанд, гӯшвораю ангуштаринҳои нуқрагин, ҷома, тоқӣ, куртаҳои чакан, адрас атлас, сумкачаҳои занонаи аз атласу чакан омода шуда, сару либоси арӯсӣ, ҳайкалчаҳои зебои махсус барои ҷамъоварии танга пешбинишуда ва асбоби мусиқии халқиро харидорӣ намоянд.

2 Зимни он барои дар сатҳи хуб муаррифӣ намудани китобу китобхона аз ҳисоби кормандони тамоми шуъбаву бахшҳо  кормандони ҷавон ҷалб шудаанд.

Саёҳат дар дохили Китобхонаи миллӣ воситаи муаррифии китобдӯстиву китобдорӣ ба ҳисоб рафта, дар раванди он бо имконияту афзалияти узвият ба Китобхонаи миллӣ шинос мешаванд.

Ҳамзамон шаҳрвандон ва меҳмонон аз сатҳу сифати хизматрасонӣ огоҳ мегарданд..

Мақсад аз баргузории Рӯзи дарҳои боз ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб ва  китобхонӣ аст. Роҳандозии ин гуна рӯзҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, дар ҳамаи ҷашнҳои миллӣ меҳмонону сокинони мамлакат имкон пайдо мекунанд бо толорҳои хониши китобхона аз наздик шинос шаванд.

То кунун садҳо нафар донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат аз он боздид намуданд, ки онҳоро кормандони Китобхонаи миллӣ ба толорҳои хониш раҳнамоӣ намуданд. Ҳамзамон ба онҳо роҳҳои ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон дода, бо намудҳои хидматрасониҳои гуногуни китобхона аз наздик ошно намуданд.

3Китоб сарчашмаи дониш аст, моро бо гузаштаи дуру наздик мепайвандад, бо ҳаёти имрӯз, бо фарҳанги мардумони гуногун ошно месозад. Китоб моро дарси мардонагӣ, дарси одамият меомӯзад. Аз ин рӯ, китоб дӯсти беҳтарини инсон ва роҳнамои зиндагист.

Имрўзҳо  аз  он  ифтихормандем,  ки  дар  фазои  истиқлолият  умр  ба  сар  мебарем  ва  Ҳукумати  ҷумҳури  пайваста  ба  соҳаи  китобу  китобдорӣ  диққати  махсус  медиҳанд. Маҳз  бо  дастгирӣ  ва  ғамхории  Президенти  ҷумҳурӣ,  Ҷаноби  олӣ,  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  насли  ҷавони  кишвар,  ба  китобдорону  китобдўстон  Китобхонаи  миллӣ  ва  чандин  китобхонаҳои  наву  замонавӣ  сохта  ба  истифода  дода  шуданд. Китбхона  ин  макони  нигоҳдорандаи  арзишҳои  миллии таъриху тамаддуни  миллат  ва  бунёдгузори  рушду такомул ва зеҳнии маърифати шаҳрвандон  мебошад. Намунаи беҳтарини он Китобхонаи миллӣ аст, ки калонтарин дар Осиёи Миёна  ба ҳисоб меравад.

Неъматулло Мирзоалиев,

 шуъбаи нигаҳдории китоб