Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз мақоми Шашмақом гуфтанд
Шашмақом яке аз чашмаҳои таърихӣ ва хушкнашаванади санъати овозхонии тоҷик мебошад, ки реша дар таърихи қадим дошта, то имрӯз ба мо расидааст.
Дар ин бора муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода зимни баргузории маҳфил ба ифтихори “Рӯзи Шашмақом” изҳори ақида намуд. Ӯ гуфт соли 2003 бо пешниҳоди Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон «Шашмақом» ҳамчун шоҳкори мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи шоҳасарҳои созмони байналмилалии ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Ба гуфтаи ӯ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзу нигаҳдорӣ ва ба наслҳои оянда расондани осори фарҳангӣ шӯъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар фаъолият менамояд, ки чорабинии мазкур бо ташаббус он роҳандозӣ шудааст.
Ҷалолуддин Нурзода аз таърих ва нақши мусиқии шашмақом ёдовар шуда, “Рӯзи Шашмақом”- ро ба мардуми кишвар табрик гуфт.
Сипас доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ аз таъриху аҳамияти мусиқии Шашмақом сухан гуфта, афзуд, ки Шашмақом дар ҳама давру замон миллати моро муаррифӣ мекунад. Сипас дар мавзӯи “Ҳифзи мерос омили бузурги рушди ҳунар” суханронӣ намуд.
Аз ҷумла, ӯ гуфт зинда будани шашмақом ифтихори миллат аст. Зимни суханронӣ китобашро, ки “Шашмақом ва назми форсии тоҷикӣ” ном доштаву таҳқиқоти ахири муаллифро дар бар мегирад, ҳамроҳ бо китобҳои Ҳ.Юсупов ва С.Саидов “Шакаристони Камол”ва “Ҳунари суғди бостон”-и Б.И.Маршак ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳадя намуд.
Китоби Аслиддин Низомӣ аз 20 нота ва 20 шеъри Камоли Хуҷандӣ иборат аст. Ӯ таъкид намуд, ки бештар аз ҳазор сол аст, ки зиёда аз сесад оҳанг аз забон намонда, доимо дар дарборҳо, маҷлисҳову маҳфилҳои хос ва давраҳои хос садо додааст. Ягон тамаддуни дунё ин ҳолатро ёд надорад.
Аслиддин Низомӣ дар ин маҳфили бузургдошти “Рӯзи Шашмақом” илова намуд, ки аввалин сарояндаи мақоми ушшоқ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буд ва ин дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст.
Ҳамчунин Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳаётой Муъминова дар ин маҳфил ширкат ва суханронӣ намуд. Ӯ аз таърихи ин мусиқӣ сухан гуфт ва аз ҷумла изҳор дошт, ки соли 1979 дар Донишкадаи давлатии санъат ба номи М. Турсунзода назди факултаи иҷрокунандагӣ кафедраи мусиқии Шарқ таъсис ёфт. Соли 1980 аввалин гурӯҳ, ки аз 24 нафар духтарон ва писарони хушовозу соҳибистеъдод иборат буд, қабул шуд.
Ҳаётой Муъминова аз хидматҳои шоистаи профессор Аслиддин Низомӣ дар самти мусиқии Шашмақом ёдовар шуда, гуфт, ки барои ҷалби устодони соҳаи шашмақом ба донишкадаи мазкур олими санъатшинос талошҳои зиёд намудааст.
Маврид ба ёдоварист, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2000 ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди забардасти «Шашмақом» Фазлиддин Шаҳобов дода шуда, ин рӯз ҳамасола дар саросари кишвар чун «Рӯзи Шашмақом» таҷлил мегардад.
Раҳима Аъзам,
шӯъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.