Дар Китобхонаи миллӣ даври ниҳоии озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд (ВИДЕО)
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид. Имсол низ чун анъанаи солҳои қабл Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони ин даври озмун аст. Аз субҳ кормандони он ба истиқболи ширкаткунандагони нахуст ва меҳмононе, ки ба маросими ифтитоҳ даъват шуда буданд, саф кашида буданд. Ин маросим бо ҳамон шавкати мондагори ҳарсола, бо шеъру таронасароӣ оғоз гардид.
Маросими расман ифтитоҳ шудани озмун таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Матлубахон Сатториён бо ширкати аъзои комиссия баргузор шуд.
Дар нишаст зикр гардид, ки сол то сол сафи шираткуннадагони озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» меафзояд. Ин озмун соли панҷум аст, ки доир мешавад ва он таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Зимни ифтитоҳи озмун Матлубахон Сатторӣ изҳори умед намуд, ки ҷавонон тавассути ошноӣ бо адабиёти милливу ҷаҳонӣ, донишу заковат ва маҳорати хешро дар сатҳи баланд нишон медиҳанд.
Вай гуфт, ки Пешвои миллат бо тавачҷўҳи хоса ба ин озмун миллати моро ба китобу китобхонӣ ҷалб намуданд ва ҳадаф низ он аст, ки миллат ба мутолиа бештар ҷалб шавад. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон нашри асарҳои адибони классикӣ ва муосири тоҷикро таҳти сарпарастии ҳамешагии худ қарор доданд, гуфт дар идомаи суханронияш муоивини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён.
Ҳаҷми маблағгузории озмун нисбат солҳои пеш афзуд ва бо назардошти ҳузури фаъоли наврасону ҷавонон бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи ғолибон дар ҳар номина ва бахшҳои синусолии он як нафарӣ зиёд карда шуд.
Маврид ба таъкид аст, ки рӯзи шанбеи гузашта дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати комиссия баргузор шуда буд. Дар он муовини Сарвазири кишвар, Раиси Комиссияи озмун Матлубахон Сатториён дар муроҷиат ба аъзои комиссия аз онҳо даъват намуд ҷиҳати дар сатҳи баланд, шаффоф ва холисона баргузор намудани даври ҷамъбастии озмун тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Вай як бори дигар ёдовар шуд, ки «ҳадафи асосии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз баргузории ин озмунҳо, пеш аз ҳама, дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, донишманд, китобхону сухандон ва тарғиби ҳунару фарҳанг, илму дониш ва китобу китобхонӣ дар байни аҳолии мамлакат аст. Дар ин росто, барои ғолибони ин озмунҳо дар баробари мукофотҳои пулӣ як қатор имтиёзҳо низ муқаррар гардидааст».
Раҳима АЪЗАМ