Дар Китобхонаи миллӣ китоби “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик” рӯнамоӣ шуд
Баъд аз зуҳри рӯзи 28-уми ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон рӯнамоии китоби “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик” баргузор шуд, ки дар он зумрае аз донишмандон, муҳаққиқон, рӯзноманигорон ва кормандони Китобхонаи миллӣ ширкат намуданд.
Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода дар сухани муқаддамотии худ ёдовар шуд, ки 30 сол муқаддам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани вазифаи муҳимтарину аввалиндараҷаи Сарварии давлат, раиси Шӯрои Олӣ дар ин ҷаласаи воқеан ҳам тақдирсоз барои бунёди пойдевори устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол иқдомҳои заруриро роҳандозӣ намуданд. Ташаббус ва иқдомоти сисолаи Эмомалӣ Раҳмон аз барҳам додани парешонии мардуми тоҷик то бунёди иншоотҳои муҳими таърихӣ, тамоми фаъолияти Президенти кишварамонро дар бар мегирад. Воқеан давлатдории тоҷикон бо ташаббусу корнамоиҳои Эмомалӣ Раҳмон пас аз фурўпошии чандинсолаи давлатдории сомониён ба шаклу усули нав эҳё гардид. Тоҷикон соҳиби кишвари соҳибистиқлол ва давлатдории навин гардиданд. Бинобар ин моро зарур аст, ки барои ҳифзу пойдории ин миллати сарбаланд ва ин давлати соҳибихтиёру дунявӣ тамоми ҳастии худро равона созем. Истиқлоляти миллиро чун гавҳараки чашм ба мисли Ватани азизамон эмин нигоҳ дорем.
Профессор Файзализода аз нақши Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» ёдовар шуд ва гуфт ин бинои муҳташам бо ташаббуси оқилонаи Эмомалӣ Раҳмон бино ёфта, барои истифодаи оммаи васеи мардум пешниҳод гардидааст. Он дар баробари хидматрасонӣ дар самтҳои гуногуни фаъолияти китобдорӣ амал мекунад. Қобили зикр аст, ки дар Китобхонаи миллӣ Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки самтҳои асосии он аз мураттабсозӣ, феҳристнигорӣ, коркарди илмӣ, ҳифз ва нигаҳдории маҷмўаи пурраи ҳуҷҷатҳои расмии давлатию асноди марбут ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар рӯнамоии китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик» Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов, узви Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Носирҷон Салимӣ, Директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Хайриддин Усмонзода, Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, профессор Муҳаммаддовуд Саломиён, Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Шариф Раҳимзода, профессори кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод, сармуҳаррири рӯзномаи “Минбари халқ”, номзади илмҳои филологӣ Бахтиёр Ҳамдамов ширкат ва суханронӣ намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик» ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии фаъолияти сиёсиву давлатии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуда, аз ҷониби нашриёти «Ношир» бо дастгирии раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар нашр гардидааст.