Дар Китобхонаи миллӣ китобномаи шарҳиҳолии профессор Аҳмад Абдуллоев муаррифӣ шуд

профессор Аҳмад АбдуллоевБаъд аз зуҳри рӯзи 29-уми январи соли равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рўнамоии китобномаи шарҳиҳолии профессор Аҳмад Абдуллоев доир гардид.

Маҳфилро директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон  Файзализода ифтитоҳ намуд ва зимни суханронии худ иброз дошт, ки мақом ва ҷойгоҳи адабиётшиносон ва мунаққидону пажӯҳишгарон дар рушди илму маориф ва муаррифии шоирону нависандагон  дар  арсаи  ҷаҳонӣ ва ба ин васила муаррифии миллати тоҷик ҳамчун миллати донишманду мутамаддин, ниҳоят арзишманд мебошад.

Аҳмад АбдуллоевДоктори илмҳои филологӣ, профессор Аҳмад Абдуллоев аз ҷумлаи олимони пуркор ва донишманди пухтакорест, ки умри азизи хешро ба таҳқиқи масъалаҳои  муҳимми  адабиётшиносӣ  ва  осору эҷодиёти шоирони классики форс-тоҷик бахшидааст.

Директори Китобхонаи миллӣ диққати ҳозиринро ба иқдомҳои созандаи Ҳукумати кишвар барои рушди илму техника ҷалб кард ва гуфт: Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо назардошти таваҷҷуҳи давлату ҳукумат хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф, арҷгузори ба чеҳраҳои мондагори миллат, шоирону нависандагон ва донишмандону пажӯшиҳгарон солномаҳои адибон, таърихнигорон  ва фарзандони баруманди  миллати тоҷик таҷлил мешаванд ва дар ин росто садҳо очерку мақола, шеъру достон ва китобҳо ба нашр мерасанд.

Профессор Файзализода ёдовар шуд, ки Китобхонаи миллӣ ҳамчун муассисаи илмӣ-методӣ дар самти китобшиносӣ ва китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва дигар фаъолиятҳои марбути  соҳаи  китобдорӣ  дар  ростои амалишавии ҳадафҳои наҷибонаи ҳукумати мамлакат дар самти эҳтиром ба арзишҳои фарҳанги миллӣ гомҳои устувор ниҳода, ҷиҳати арҷгузори ба таъриху фарҳанг ва чеҳраҳои барҷастаи халқамон нақши созгор мегузорад.

Китобхонаи миллӣ дар баробари хидматрасонӣ ба доираи васеи хонандагон, баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дар тарҷума ва таҳияи китобҳо ва дастурҳои методию библиографӣ фаъолияти назаррас дорад. Таҳияи дастурҳои библиографӣ оид ба рӯзгору осори шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ва санаҳои муҳимми таърихӣ яке аз вазифаҳои асосии Китобхонаи миллӣ ба шумор меравад.

профессор Аҳмад АбдуллоевДар рӯнамоии китоби “Профессор Аҳмад Абдуллоев: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” олимони маъруф, адибон, пажӯҳишгарон, аз ҷумла доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, академикҳо Муҳаммадюсуф Имомзода, Кароматулло Олимов, Носирҷон Салимӣ, профессор Равшани Раҳмонӣ, доктори илмҳои филологӣ Масрур Абдуллозода, забоншиноси варзида Бобоназар Бобохонов, адибони шинохта Равшани Махсумзод, Умари Шерхон ва дигарон ширкат ва суханронӣ намуданд.

профессор Аҳмад Абдуллоев

Гуфтанист, ки дастури мазкур аз пешгуфтор дар бораи таҳияи дастур, ки дар ин қисм ҳамчунин андешаҳои адабиётшиносон роҷеъ ба Аҳмад Аббдуллоев ва санаҳои муҳимми ҳаёт ва фаъолияти ӯ дарҷ гардидааст, қисми I асарҳои Аҳмад Абдуллоев, ки осори илмӣ-методӣ, таълимӣ ва нашрияҳои алоҳида, мақолаҳо дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ, тақризҳо ва маърузаю гузоришҳоро дар бар мегирад ва қисми II адабиёт дар бораи Аҳмад Абдуллоев ва осораш, ҳамчунин аз кумакфеҳрист бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ иборат мебошад.

   Мураттибони китобнома Ҷӯрабой Раҷабов ва Гадобек Маҳмудов буда, зери назари доктори илмҳои педагогика, профессор Ҷумахон Файзализода нашр шудааст.

Муҳаррир доктори илмҳои филология, профессор Масрур Абдуллозода мебошад.