Дар Москав Лоиҳа-барномаи “Новое поколение”-и Федератсияи Русия оғоз шуд
Дар шаҳри Москав Лоиҳа–барномаи “Новое поколение“-и Федератсияи Русия оғоз шуд, ки дар кори он се нафар кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доранд.
Гурӯҳ аз сайёҳати хубу хотирмон ва ошноӣ тибқи барномаи тарҳрезишуда бо Китобхонаи давлатии Русия бо таассуроти бой берун шуданд. Роҳбалади муаззафгардида аз афзалият ва имкониятҳои мавҷуда ҳарф зада, ширкаткунандагони барномаи мазкурро бо толорҳо ва фондҳои бузургтарину куҳантарин Китобхонаи пойтахти давлати Русия шинос намуд.
Ӯ гуфт, ки ин яке аз калонтарин китобхонаҳои оммавӣ дар Русия, қитъаи Аврупо ва яке аз калонтарин китобхонаҳои дунёст, ки дорои муассисаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти китобхонашиносӣ, китобдорӣ, китобшиносӣ мебошад.
Роҳбалад гуфт, ки ин китобхона 19 июни (1 июли) соли 1862, дар Осорхонаи оммавии Маскав ва осорхонаи Румянтсева ташкил ёфтааст. Рӯзи 24 январи соли 1924 Китобхонаи Русия ба номи В.И.Ленин номида шуд. Аз 6 – уми феврали соли 1925 Китобхонаи давлатии ИҶШС ба номи В.И.Ленин ва аз 22 – уми январи соли 1992 Китобхонаи давлатии Русия номгузорӣ шудааст.
Баъдан маросими ифтитоҳии Лоиҳа-барномаи “Новое поколение”-и Федератсияи Русия бо суханонии директори Китобхонаи давлатии Русия оғоз гардида, як-як намояндагони пешсафу таҷрибадор суханронӣ намуданд.
Миёни онҳо намояндаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, сардори шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ Яқубҷон Бобохонов сухан гуфт ва дар бораи лоиҳаи мазкур, ҳамчунин имрӯзу дирӯзи Китобхонаи миллӣ изҳори назар кард.
Дар фарҷоми суханрониҳо барои омӯзишу такмили дониши ҳар як ширкаткунандаи ҷавони ЛОИҲА-БАРНОМАИ “Новое поколение” барор ва таманнои нек намуданд.
Абдуғаюр Саломов