Дар мусиқӣ чиро АВҶ номанд?

мусиқӣАвҷ дар анъанаи мусиқии тоҷик нуқтаи олии инкишофи иҷроии асари мусиқист. Авҷ маҳсули мутассили маҳорати иҷроии асари мусиқист. Он дар маданияти мусиқии тоҷик мавқеи хоса касб намуда, мавриди пазириши устодони мусиқӣ дар анъанаи иҷроист. Авҷ дар мусиқии классикии тоҷик чун меъёри хосу тазйинии иҷроӣ қабул шудааст.

Агар аз нигоҳи ҳофиз авҷ як навъ санҷиши маҳорату малака ва истеъдоди сарояндагӣ бошад, аз нигоҳи шунаванда он «мағзи» асари мусиқӣ, лаҳзаҳои гуворотаринест, ки шунавандаро ба олами зебоиманишии гуворо, эҳсоси тоза расонида, ӯро ба кашфиёти нави маънавӣ водор месозад. Маҳз аз ин рӯ, шунавандаи мусиқифаҳм аз оғози асар мунтазири расидан ба нуқтаи олии он – авҷ мешавад.

Оҳангсозони анъанавӣ ин навъи шаклгирии асарҳои мусиқӣ, вижагиҳои интизории нуқтаи олии инкишофи асарҳоро аз тарафи шунавандагон ба инобат гирифта, бошуурона ҳамин намуд асарҳоро офаридаанд Зина ба зина, пай дар пай иртифои оҳанг аз як тараф тафаккуру ҳиссиёти шунавандаро ба дарку маърифати асар тайёр намояд, аз тарафи дигар ин нуқтаи олии асар ба «нуктаи таносуби тиллоӣ» рост меояд, ки аз заминаи илмӣ доштани ин тарзи шаклбандии иҷрои асарҳои суннатӣ далолат медиҳад.

Авҷ дар санъати овозхонии анъанавии тоҷик чун навъи хоси тазйин мавқеи муҳим касб кардааст. Авҷ зимни ин чун порчаи нисбатан мустақили шаклан муайян, нуқтаи олӣ ва ё баландтарини суруд ва ё оҳанг буда, таърихи қадим дорад. Дар Бухоро-маркази фарҳанг ва анъанаҳои мусиқии классикии тоҷик сарояндагони касбӣ таҷриба ва маҳорати авҷсароиро аз насл ба насл идома ва ривоҷу равнақ дода, як мактаби хоси «авҷсароӣ»-ро рӯи саҳна овардаанд.

Таваҷҷуҳи хоси аҳли санъати овозхонӣ ба авҷсароӣ на танҳо дар таълими намудҳои куҳан, балки дар рушду равнақи эҷодии намудҳои нави он асос меёбад. Чунин муҳит ба сарояндагон шароит фароҳам меовард, ки онҳо баҳри нишон додани имконияту хусусиятҳои овоз ва маҳорати баланди худ ҳар гуна мусобиқоти ҳунарӣ ташкил намоянд.

МАНБАЪ: “Донишномаи Шашмақом”. Душанбе, соли 2009.

Китоби мазкур аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардумони Ховар (Борбад) зери назари донишманди маъруфти тоҷик Кароматулло Олимов нашр шудааст.

Хоҳишмандон метавонад бо ин китоб дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, воқеъ дар ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.

Таҳияи  Руҳафзои Ҳасанзод,
корманди шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.