Дар озмуни байналмилалии Москав китоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” ҷойи аввалро соҳиб шуд

Михаил ШВИДКОЙДар шаҳри Москва Маросими ҷоизасупории Озмуни байналмилалииСАНЪАТИ КИТОБ” –и ИДМ бо суханронии Михаил ШВИДКОЙ, Намояндаи махсуси Президенти ФР оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ оғоз гардид.

Дар ин бора Раҳмоналӣ Шералиев дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар дод.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озмуни мазкур, дар номинаҳои мухталиф бо 9 ҷоизаи байналмилалӣ қадрдонӣ шуд.

Боиси ифтихор аст, ки китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢдар номинаиГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО” сазовори ҷои аввал гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Озмуни байналмилалӣ, ки бо ширкати ҳафт кишвари аъзои ИДМ ва беш аз 60 нашриёт ҷараён гирифт, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар намояндагӣ кард.