Дар посух ба хонанда. Шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон шуъбаи сермаҳфил аст

Сафарали РаҷабовСафарали Раҷабов, яке аз корбарони шабакаи ҷаҳонии Фейсбук дар шарҳе зери як матлаби сомонаи Китобхонаи миллӣ ин гуна ибрози назар кардааст (айнан): Дар аксар китобхонаҳои дигар атрофи китоби беҳтарини кудакона низ маҳфилҳо ташкил мекунанд, баҳсу мунозираҳои телевизионӣ… Адибон, хонандагон, китобдорон_мутахассисон, экспертҳои китоби кудакона, мудири шӯъбаи рушди эчодии хонандагони қироатхона (агар ҳамин шӯъба дошта бошад Китобхона_(дар китобхонаи милли буданаш ҳатмист) Хуб мешуд инро ҳам ба инобат мегирифтанд масъулон…. Охир мутолиаи кудак масъалаи муҳими давлатӣ, падидаи ичтимоиву фарҳангии дорои аҳамияти махсус аст…

Бо изҳори сипос ба Сафаралӣ Раҷабов барои таваҷҷуҳ ва изҳори назари некашон дар зер матлаберо дар ин бора аз сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон Шаҳноза Дониёрова меорем, ки ҳам посух ба навиштаи дӯстамон аст ва ҳам маълумотномаи мухтасар аз маҳфилу нишастҳои шуъба барои кӯдакону наврасон.

ШУЪБАИ АДАБИЁТИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН ШУЪБАИ СЕРМАҲФИЛ АСТ

Шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шуъбаҳои хизматрасон маҳсуб ёфта, ҳамарўза ба гурўҳи хонандагони хурдсол (мактабӣ) хизмат мерасонад.

Вазифаҳои асосии шуъба ин қонеъ намудани талабу дархости хонандагон тавассути адабиёти кўдакон ва наврасон ва маводи электронӣ ба ҳисоб меравад. Фонди шуъба асосан дар шакли намоиш гузошта шудааст, ки хонанда мустақилона метавонад китоб интихоб намояд. Ин фонд  6386 нусха китобро дар бар мегирад, ки аз ин шумора бо забони тоҷикӣ 4148 нусха, бо забони русӣ 1694 нусха, бо забони хориҷӣ 146 нусха китоб, инчунин 4-нусха бо забони фаронсавӣ, 26-нусха бо забони олмонӣ ва 116-нусха бо забони англисиро ташкил медиҳад, ҳамзамон дар фонди шуъба рӯзномаю маҷҷалаҳои бачагона 1714 – нусхаро дар бар мегирад, ки мавриди истифода қарор доранд.

Шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасонМаврирд ба зикр аст, ки дар баробари хидматрасониҳо ба хонанадагон мувофиқи нақшаи корӣ барномаҳои фарҳангӣ, маҳфилҳо, дарси кушод ва намоишҳои китоб барои ҷалби хонандагон гузаронида мешавад. Аз ҷумла, ба маҳфили «Дар сўҳбати адиб» нависанда ва шоироне, ки барои бачаҳо эҷод мекунанд, даъват карда мешавад ва онҳо бо хонандагони фаъоли шуъба суҳбат мекунанд. Шуъба маҳфили адабии  «Фурӯғ» дорад, ки ҳамроҳ бо телевизиони “Баҳористон” омода мешавад. Дар ин маҳфил асарҳое мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегиранд, ки дар барномаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дохил шудаанд ва аксари ширкаткунандагони ин маҳфил ҳам довталабон ва ҷоизадорони ҳамин Озмун мебошанд. Ин маҳфилро нависандаи маъруфи бачаҳо, Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ Азизи Азиз гардонандагӣ мекунанд.

Маҳфили дигари ҳамешагии шуъба “Ҳамешабаҳор”-и Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш мебошад, ки ҳоҷат ба муаррифӣ надорад, чун маъруфтарин маҳфили адабии кишвар аст, ки пайваста доир мегардад.

Шуъба дар рӯзҳои хос, ба мисли Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон ва ғайра нишастҳои хотирмон доир мекунад.  «Панҷаи ҳунар», ҳафтаи «Забон ва адабиёти рўс» дар ҳошияи Рӯзи “Ҳадяи китоб” ва ғайра.

Барномаи “Китоби нав” ҳам дорем, ки дар он китобҳои тозанашр муаррифӣ мешаванд ва онро низ телевизиони кӯдакону наврасони “Баҳористон” сабт ва манзури бинандаҳои худ мекунад.

Маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ” моҳе як маротиба аз рӯи омаду рафти хонандагони фаъоли ҳамарӯза, ки дар шуъба китоб аз ҳама зиёд мутолиа мекунад, баргузор мешавад. Ин маҳфил низ якҷо бо телевизиони “Баҳористон” мегузарад ва аз тариқи он намоиш дода мешавад.

Дар ин маҳфил оне ки ин моҳ беш аз дигарон китоб хондааст, муаррифӣ мешавад бо туҳфаҳои хотиравӣ ва бо Сипосномаи Китобхона қадрдонӣ мегардад.

Шаҳноза Дониёрова,
сардори шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.