Дар “Рӯзи дарҳои боз”-и Китобхонаи миллӣ таваҷҷуҳи меҳмонон бештар кадом бахшҳо буд…
Тибқи омори дастрасгардида, давоми 2 рӯз зиёда аз 2500 нафар меҳмон ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварда, наздик ба 300 нафар аъзои китобхона шуданд. Донишҷӯёни донишгоҳу донишкада, коллеҷҳои шаҳри Душанбе ва навоҳии гирду атроф, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, кормандони вазорату кумитаҳо, шаҳрвандони хориҷӣ ва намояндагони Васоити ахбори омма аз гӯрӯҳҳои асосии меҳмонони қабулгардида дар Рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ мебошанд. Таасуроти меҳмонони мо ҳам вобаста ба гурӯҳҳои алоҳида гуногун буд.
***** * **** ******
Китобхонаи миллӣ давоми ду рӯз 4-5 уми сентябр бахшида ба Рӯзи китоб ва 34 –умин солгарди Истиқлоли давлатӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангии “Рӯзи дарҳои боз”-ро баргузор кард.
Ҳазорҳо нафар меҳмонон бо истифода аз имкон ба Китобхона омада, дар дунёи китоб сайр намуданд. Меҳмонон вобаста ба синну сол ва ҷойи кору таҳсил дар саёҳат ба гӯшаҳои гуногун таваҷҷуҳ пайдо мекарданд ва вобаста ба ин ё он навъи хидматрасонӣ ба хонандагон дар Китобхона суолҳои худро пешниҳод менамуданд. Мо вобаста ба имкон бо чанд гурӯҳе аз меҳмонон баъд аз саёҳаташон суҳбат доштем ва таасуроту андешаҳои гугоуни онҳоро инҷо гирдоварӣ намудем.
Гулова Самира – донишҷуи коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар идомаи саёҳаташ пайваста ба суолҳо вобаста ба китобҳои адибони ҷаҳонро пешниҳод менамуд ва танҳо вақте ба шуъбаи адабиёти хориҷӣ рафт ва маълумоти заруриро аз мутасадиён дарёфт кард, ором гирифт ва гуфт,ки ҳатман ба ин шуъбаи меояд. Дар суҳбати инфиродӣ бо ӯ огоҳ гардидем, ки адибони русро хеле меписандад ва азм дорад дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок кунад.
Ҳамсабақи ӯ Аниса Тошонова мегӯяд ба риштаи интихобкардааш ,яъне тиб завқу ҳаваси хеле зиёд дорад ва толори тиб ва табиатшиносии шуъбаи хидматрасонӣ ба истифодабарандагонро бисёр писандид.
Нилуфари Амрулло намоянда аз Коллеҷи мазкур, ки донишҷуёнро ҳамроҳӣ мекард, баъди ошноӣ бо фаъолияти шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, бо хурсандӣ иброз намуд, ки шахсони дорои имконоти маҳдуд, пайваста дар мадди назари давлату ҳукумат ва махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ӯ гуфт пештар дар бораи чунин шуъбаи маълумоте надоштаанд ва ҳатман барои пайвастани аъзоёни нав мусоидат хоҳанд кард.
Дилноза Каримова, омӯзгори Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, як гурӯҳ донишҷуёни курсҳои аввалро дар Рӯзи дарҳои боз ҳамроҳӣ мекард. Ӯ ва шогирдонаш дар шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар бештар таваҷҷуҳ пайдо карда, бо гӯшаи китобҳои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳошим Гадо шинос гардиданд.
Меҳан Сайдалиев донишҷӯи Коллеҷи мазкур, баъди шинос гардидан ва огоҳӣ аз Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ба кормандон суолҳои зарурии худро пешниҳод намуда, бо хурсандӣ гуфт, ки мехоҳад дар озмуни мазкур ширкат кунад.
Оқои Саид аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Рӯзи дарҳои боз ба Китобхона бо шуру шавқи бисёр зиёд ташриф оварда, тамоми қисматҳои дар саёҳати меҳмонон воридгардидаро як – як тамошо кард. Ӯ баъд аз дидан ва гирифтани маълумоти зарурӣ дар бораи мусавварраи тасвирнамудаи Сабзалӣ Шарифзода, ки дар ошёнаи сеюи бинои Китобхона қарор дорад, ангушти ҳайрат газид. Осорхонаи китобҳои нодир, ки нусхаҳои қадимтарини китобҳои гуногунро гирд овардааст, тавваҷҷуҳи ин меҳмони моро хеле ҷалб кард. Ӯ гуфт, хеле хурсандам, ки меҳмони ин боргоҳ шудам. Толорҳои озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” ва “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”-ро хеле писандид ва гуфт, хеле шодиовар аст, ки барои китобхонон озмунҳои сатҳи баланд ташкил мешавад…
Тибқи омори дастрасгардида, давоми 2 рӯз зиёда аз 2500 нафар меҳмон ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварда, наздик ба 300 нафар аъзои китобхона шуданд. Донишҷӯёни донишгоҳу донишкада, коллеҷҳои шаҳри Душанбе ва навоҳии гирду атроф, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, кормандони вазорату кумитаҳо, шаҳрвандони хориҷӣ ва намояндагони Васоити ахбори омма аз гӯрӯҳҳои асосии меҳмонони қабулгардида дар Рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ мебошанд. Таасуроти меҳмонони мо ҳам вобаста ба гурӯҳҳои алоҳида гуногун буд. Ҳадаф танҳо ҷалби мардум ба китоб ва ошноии онҳо бо шароити мавҷудбуда дар Китобхонаи миллӣ аст. Умед дорем, хонандагони мо рӯз ба рӯз бештар ва имконотҳо истифода мегарданд…
Наргис НАЗАРЗОДА