Дар Рӯзи “Дарҳои боз” кӣ чӣ дид?

Дарҳои бозДуюмин рӯз аст, ки аксияи  “Биёед, ба китобхона меравем!  бахшида ба Рӯзи китоб ва 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатииКитобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  чорабинии рӯзиДарҳои боз” идома дорад.

Дар саҳни бинои Китобхона аз субҳи барвақт алакай меҳмонон ҷамъ омаданд.  Намояндагони вазорати фарҳанг, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлия,  Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Иттифоқи нависандагон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе инчунин шаҳрвандони хориҷӣ аз кишварҳои Италия, Фаронса ба рӯзи “Дарҳои боз” – и Китобхонаи миллӣ омада, аз намоиши фурӯши ҳунарҳои мардумӣ,  намоиши китобҳо ва барномаи фарҳангӣ  дидан намуданд.

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе”, Муассисаи давлатии “Литсейи касбии махсуси маъюбон”, Муассисаи давлатии  таълимии “Литсейи касбии хизмат  ва туризми шаҳри Душанбе”, Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе”,  Муассисаи давлатии “Литсейи касбии махсуси маъюбон”,  Муассисаи давлатии  таълимии “Литсейи касбии техникии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе” , КВД “Шири Душанбе”, ҳамчунин намоиши китобҳои адабию илмӣ ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ пешниҳоди иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд. Ҳамчунин Китобхонаи миллӣ бо баргузории рӯзҳои дарҳои боз корҷӯёнро низ даъват намуд, ки ба ин даргоҳ биёянд, то дар намоиши ҷойҳои кори холӣ барои худ шуғле пайдо кунанд. Фурӯши симкортҳои ширкатҳои мобилии “Вавилон-М”, “Тиссел”, “Мегафон-Т” ва “О-мобайл” низ  дар гӯшае аз намоишгоҳ ташкил гардида буд.

Толорҳои хониш барои иштирокчиёни озмунҳои  ҷумҳуриявии ”Фурӯғи субҳи доноӣ…” ва  “Тоҷикон дар оинаи таърих”  бисёр саривақт ва манфиатбахш аст, ки мо метавонанд озодона истифода намоем – гуфт Моҳпочо Сафарзода корманди Иттифоқи нависандагон , ки дар рӯзи “Дарҳои боз”  ба китобхона омадааст.

Баръакси солҳои қабли иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе имрӯз дар рӯзи  “Дарҳои боз” кам, вале ширкати босифат буд. Онҳое омаданд, ки дар ҳақиқат мехсотанд Китобхонаи миллиро аз наздик бубинанд.  Аз толорҳои китобхона дидан намуда, ба тамоми суолҳои худ аз коршиносон посух гирифтанд.

Сабрина Гулова хонандаи синфи 9 уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ноҳияи Исмоили Сомонӣ баъди саёҳат дар Китобхона таасуроти худро ба мо чунин баён дошт:

– Китобҳои хурдтарин ва нодирро ба мо нишон доданд, аз тамоми толорҳои хониши дидан кардем. Барои дар оянда донишу малакаи худро такмил доданд ҳатман ба китобхона меоем.

Марям Абдураҳмонзода – хонандаи дигари ҳамин мактаб мегӯяд, толори хониш барои иштирокдорони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” барояш бисёр писанд омадаст ва ҳатман барои  тайёрӣ ба озмун ба ин  толор меояд.

Зебуниссо Дӯстова – омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ки роҳбаладии хонандагонро ба уҳда дошт, мегӯяд, аксари хонандагон баъди тамошои китобхона завқи хондан ва дигарбора омадан ба ин маконро пайдо намудаанд. Онҳо мегӯянд, аз мавҷудияти  аксари толорҳо тамоман огоҳӣ надоштанд ва баъди сайҳати имрӯза ҳатман ба ин толорҳо омада китоб мехонанд.

Асари тасвирии “Аз давра ба давра, аз дида ба дида”- и рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарифзода  диққати донишҷӯёни Коллеҷи рассомии шаҳри Душанберо  ба худ ҷалб намуд.  Онҳо асосан ба даврабандӣ  ва маҳорати тасвирии рассом баҳои баланд дода, ҳар қисмати онро бо диққат тамошо мекарданд.

Наргис НАЗАРЗОДА