Дар ситоиши Айнӣ

Матлабе, ки мехонед, соли 1978 дар шумораи якуми маҷаллаи бонувони кишвар «Занони Тоҷикистон» чоп шудааст. Ин ҳамон соле буд, ки садсолагии поягузори адабиёни навини тоҷик ва яке аз фарзандони донишманду қаҳрамони миллат устод Садриддин Айнӣ ҷашн гирифта мешуд. Он сол кулли нашрияҳо дар бораи Айнӣ менавиштанд ва то баҳор, то рӯзи ҷашн аллакай садҳо мақолаву хотираҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп шуданд.

Дар ин матлаб, ки эҳтимолан моли редаксияи “Занони Тоҷикистон” буд, исми гирдоваранда зикр нашудааст. Вале заҳматест арзишманд, чун барои хонандаи ҳар давру замон донистани он ки дигарон Айнии моро чӣ гуна шинохтаанд, хеле муҳим аст.

Аз ин  матлаби хуби хонданӣ танҳо бахши охири он, ки гуфтори адибони халқҳои Шӯравӣ дар бораи устод Айнист, меорем.

****     ****     *****

Адибони халқҳои бародарӣ истеъдоди бузурги Айнӣ, таъсири ӯро дар тараққиёти адабиёти худ, роли ӯро дар ривоҷу равнақи дӯстии халқҳои советӣ кайҳо нағз дарк ва эътироф кардаанд. Дар баробари адибони тоҷик онҳо низ Садриддин Айниро «устод», «муаллим»-и худ медонанд.

Шоири барҷастаи ӯзбек ва дӯстдори деринаи адабиёти тоҷик Ғафур Ғулом дар номае, ки бевосита ба забони тоҷикӣ навишта, ба маҷлиси тантанавии бахшида ба 80-солагии устод Айнӣ равона карда буд, Айниро «классики адабиёти тоҷик ва ӯзбек» номидааст.

Нависандаи маъруфи туркман, муаллифи романи машҳури «Қадами қатъӣ» Бердӣ Карбобоев мегуфт, ки «Айнӣ на танҳо падар ва устоди адабиёти тоҷик, балки падар ва устоди адабиёти советии тамоми Осиёи Миёна мебошад».

Носири намоёни Озарбойҷон Маҳдӣ Ҳусейн чунин фармудааст, ки Айнӣ «на танҳо дар байни хонандагони халқи худ, балки дар байни тамоми халқҳои Иттифоқи Советӣ шӯҳрати ҳақиқӣ пайдо кардааст».

***

Рафиқони муҳтарам, хешовандони мо – аҳли қалами Тоҷикистон!

Ба таваллуди устоди бузурги адабиётчиёни тоҷик ва ӯзбек, классики адабиёти ин ду халқи бародар Садриддин Айнӣ 80 сол пур шуд. На фақат дӯстони қаламкаши мо, балки ҳамаи хешовандон, дӯстон ва бародарони мо дар ин маҷлиси бузург ҷамъ омада, хотираи классики советии зуллисонайнро тантана карда истодаанд. Афсӯс, ки ба иҷрои супориши зарури Академияи илмҳои Ӯзбекистон банд шуда, ба тӯи муаллим, қадрдони деринаам ва бобои азизи фарзандонам шахсан имкони ҳозир шудан надоштам ва аз чеҳраи дӯстони худ боз як бори дигар симои устоди муҳтарамро дида натавонистам.

Дар мамлакати пуршараф Иттифоқи Советҳо, дар тамоми Шарқ, дар республикаҳои демократии Европа қариб ҳамаи китобхонаҳо аз дуру наздик асарҳои ҷовидонаи ин адиби бузургро хонда ва худашро шинохтаанд. Шеърҳо, достонҳо, повест ва романҳои ин олими забардаст, академик, асарҳои илмию тадқиқотии ӯ, хусусан ҳидматҳои намунавори ӯ дар соҳаи равшан гардондани таърихи адабиёти тоҷик ва ӯзбек хазинаи бениҳоят бузург аст, ки ба ҷамъомадагони ин маҷлис маълум аст ва аксари он барои мо ёддошти пурқимат мебошад.

Садриддин Айниро, ки дар замони амир азобҳои зиндонро аз сар гузаронда, дар зери зарби дарра афгор гаштааст, танҳо Ҳукумати Советӣ ва Партияи бузурги Ленин ба озодӣ бароварда, тарбият кард ва маҳорати беандозаи ӯро ба тарафи манфиати халқ равон намуд. Ин аст, ки ин устоди муаззами мо то охири умри худ партияи Ленин ва сохти советиро месуруд.

Ман аз он ҷиҳат фахр менамоям, ки мактубҳои ба номаи навиштаи ӯ ва шеъру достонҳои эҷодкардаи ӯ ва якчанд фотоҳуҷҷатҳои дигар музеи адабиёти Академияи илмҳои Ӯзбекистонро зинат мебахшанд. Азму ирода дорам, ки дар фурсати наздик фотокопияҳои онҳоро ба Тоҷикистон бифиристам. Ман боз аз он ҷиҳат фахр менамоям, ки он кас ҳар вақт ба Тошканд оянд, албатта, ба хонаи ман ташриф меоварданд. Ман ҳам дар навбати худ, кадом вақте ки ба Самарқанд ё Сталинобод рафтам, ба зиёрати хонадони устод шитофта, дарс мегирифтам.

Дар ин ҷамъомад дӯстони ман Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Абдусалом Деҳотӣ, Суҳайлӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Ҷалол Икромӣ, Камол Айнӣ, Фотеҳ Ниёзӣ ва дигарон бояд, ки ҳозир бошанд. Дӯстии наздики адабиётчиёни ӯзбек ва тоҷик ҳамчун дӯстии устодони бузурги мо- Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ самимӣ мебошад, ки торафт ривоҷу равнақ ёфтани ин дӯстӣ орзуи ман аст.

Зинда бод халқи тоҷик, ки Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Носир Хисрав, Камоли Хуҷандӣ ва Садриддин Айнӣ барин пешқадамони адабиётро расондааст!

Зинда бод адабиёти советии мо!

Барои дар ин тантана иштирок карда натавонистанам боз як бори дигар узр мехоҳам.

Ғафур Ғулом.

***

Симои маҳбуби Айнӣ ҳамеша дар пеши назари ман аст. Садриддин Айнӣ бо нафаси гарми асарҳои худ наслҳои ҷавони моро тарбия мекунад. Айнӣ на танҳо падар ва устоди адабиёти тоҷик, балки падар ва устоди адабиёти советии тамоми Осиёи Миёна мебошад. Ташаккури самимӣ ба халқи тоҷик, ки ба дунё чунин истеъдоди тавоно додааст!

Бердӣ Карбобоев.

***

Барои ман Садриддин Айнӣ аз ҷумлаи он симоҳои аҷоиби адабиёт мебошад, ки як мактаби калони реализми Шарқ ба номи онҳо вобастааст. Ҳамин  устод Айнӣ буд, ки ба насри калон, ба насри бадеии иҷтимоии Тоҷикистон асос гузошт. Ӯ бо «Ғуломон», «Ёддоштҳо» барин китобҳои худ на танҳо дар байни хонандагони халқи худ, балки дар байни тамоми халқҳои Иттифоқи Советӣ, аз ҷумла дар байни озариҳо шуҳрати ҳақиқӣ пайдо кардааст.

Маҳдӣ Ҳусейн.

***

Ҳар гоҳ номи Алишери Навоиро ба забон гирам, ба пеши чашмам симои абадзиндаи Ҷомии бузург ҷилвагар мешавад. Садриддин Айниро ба ёд орам, Ҳамза Ҳакимзода ба хотирам мерасад. Имрӯз дили ин бузургон ба ҳам пайваста, ба олами Шарқ рӯҳи инқилобӣ мебахшад.

Шуҳрат.

Аз маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”, соли 1978, №1.

Таҳияи Мадина Ҳамидова,

 мутахассиси пешбари шуъбаи

маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.