Дарди ҷудоии Ватан аз дил бадар кунам…Аз даргузашти фоҷеавии Амонбек Шоҳзода 31 сол гузашт

Амонбек-ШоҳзодаШоири ин мисраи ҷовидонӣ дигар дар қайди ҳаёт нест. Он рӯзи шум, 28-уми агусти соли 1993, ки беш аз 80 нафар аз Хоруғ ба самти пойтахти кишвар парвоз карда буданд, Амонбек Шоҳзода низ бо духтари 17-солааш қатори онҳо буд.

Духтари Амонбек ҳамон сол мактаби миёнаро хатм кард, имтиҳонҳои давлатиро барои дохил шудан ба мактаби олӣ супурд, донишҷӯ шуд. Акнун мебоист ба шаҳри Душанбе мерафт ва ба таҳсилаш идома медод. Ва танҳо нарафт, падараш Амонбек бо ӯ сафар кард, то дар он солҳои пурталотуме, ки танҳоӣ барои як духтари кӯҳистон хатар дошт, ҷигарбандашро ҳамроҳу пушту паноҳ бошад. Вале…

Амонбек Шоҳзода 16 – уми декабри соли 1944 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст. Соли 1973 шуъбаи рўзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Корманди рўзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Пионери Тоҷикистон»,  «Тоҷикистони советӣ» будааст.
Аз соли 1970 шеърҳояш пайваста ба табъ мерасиданд. Аввалин китобаш «Марзи Ватан» ном дошт ва соли 1979 ба табъ расид. «Равзани дил» китоби дуюми шоир буд, ки 8 сол баъд, соли 1987 чоп шуд. Маҷмуаи сеюми ашъорашро  «Савганди ҳарбӣ» номид ва он соли 1990 рӯи чопро дид. Ду сол пеш аз маргаш китоби охири худро бо номи “Шеърҳо” мураттаб ва чоп кард. Ва он охирин китобе буд, ки адиб чопашро дид.
Замоне, ки ба таври фоҷеавӣ тарки олам кард, ҳамагӣ 49 сол дошт. Дар лаб шеъри ногуфта ҷоми шаҳодатро ба сар кашид.
Он чи аз вай боқӣ монд, осори гаронмояву пурарзиши ӯ буд. Шеърҳояш давоми умри шоири озодаанд ва то миллат боқист, номи ӯ низ ҷовидон аст.

Ин шеър аз ӯст:

Хоҳам, ки ман ба пойи пиёда сафар кунам,

Шабро канори рӯди Бадахшон саҳар кунам.

Хобам ба рӯи санги Бадахшон субҳгоҳ,

Ман дида во баробари мурғи шаҷар кунам.

Шӯям ба бӯи сабзаи кӯҳ дасту рӯи хеш,

Гултоқиро зи қоқуи кӯҳӣ ба сар кунам.

Лабро гузошта ба лаби чашмасори пок

Дарёи умри рафтаро бори дигар кунам.

Ин хобу ин хаёлу тавонам фақат ба ин

Дарди ҷудоии Ватан аз дил бадар кунам.

 

Ёдаш ба хайр!
Фарзона Шарифова, шуъбаи мукаммалгардонии фонд.