Дастхатҳо дар Китобхонаи миллӣ. «Маҷмуат-уш-шуаро»-и Абдукарим Фазлии Намангонӣ
Нусхаи дигаре, ки дар шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад, дастнависи «Маҷмуат-уш-шуаро»-и (Маҷмуаи шоирон) Абдукарим Фазлии Намангонӣ мебошад.
АБДУКАРИМ ФАЗЛИИ НАМАНГОНӢ шоир ва тазкиранависи мумтози Мовароуннаҳр аст, ки бо таълифи тазкираи «Маҷмуат-уш-шуаро» нақши боризе дар таърихи шеъри тоҷикӣ ва ўзбекӣ дорад. Баррасии тазкира ва асноди мактуби ин давра ба асоси таҳлили муҳтаво ва бо истифода аз дастовардҳои жанрӣ нишон медиҳад, ки Фазлӣ маликушшуарои дарбори амири шоир ва ҳунардўсти Хуқанд – Амир Умархон буд, ки бо фармони вай нахустин тазкираи манзуми дузабонаро гирдоварӣ намудааст.
Ў дар муддати хеле кўтоҳ шарҳи ҳол ва намунае аз ашъори 93 шоири муҳити адабии Хўқандро тадвин намуд.
Тазкираи «Маҷмуат-уш-шуаро» 10 ҳазор байтро дар бар гирифта, аз қасида, маснавӣ, ғазал ва мухаммас иборат мебошад. Нусхаи хаттие, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти рақами 526 ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад, дар ду сутун ва ҳар сутун дар 17 сатрӣ бо хати настаълиқи равшан ва хоно бо ду забон – тоҷикӣ ва ўзбекӣ дар таърихи моҳи Рамазони соли 1245 ҳиҷрӣ қамарӣ баробар соли 1829 мелодӣ, навишта шудааст.
Котиби ин нусха Махдум Мирзо Абдураҳмон мебошад.
Рамзӣ Ҷӯрақулов, сардори шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва киобҳои нодири Китобхонаи миллӣ.