Дастхатҳои Шарқ. «Таърихи гузида»-и Ҳамдуллоҳ Муставфии Қазвинӣ

Хоҷа Ҳамдулло ибни Тоҷуддин Абубакр ибни Наср ал-Муставфии Қазвинӣ машҳур ба «Ҳамдуллоҳ Муставфии Қазвинӣ», соҳибмансаб, ҷуғрофидон, муаррих ва шоири форсу тоҷики асри XIII ва нимаи аввлаи асри XIV (тав. 670 ҳиҷрӣ/1281 милодӣ, ваф. 750 ҳиҷрӣ/1350 милодӣ) мебошад. Ў аз хонадони муставфиёни Қазвин аст, ки аз қадимтарин қабилаҳои Қазвин буданд. Падари Ҳамдуллоҳ низ ба унвони «Муставфӣ» дар дастгоҳи ҳукумати Илхониён (Чингизиёне, ки дар ҳудуди Эрони имрўза ҳукумат мекарданд) хидмат менамуд.

Қисми бештари зиндагӣ ва ҳаёти адабии Муставфӣ дар даврони салтанати Султон Абўсаид Баҳодурхон ва шоҳзодагони баъд аз онҳо сипарӣ гаштааст. Гарчанде ки давраи истилои муғул нобудии осори тамаддунӣ ва костагии сатҳи илму фарҳанг дониста мешавад, яке аз давраҳои равшани ҳаёти ақлию ҳунарии форсу тоҷик низ маҳсуб мешавад. Бо вуҷуди ин, таълифоти шоирону нависандагони пеш аз ин давра ҳаргиз бо баъди он қобили муқоиса буда наметавонад.

Ҳамдуллоҳ аз худ се асари муҳим, «Таърихи гузида», ки хулосаи таърихи ҷаҳон ва исломи давраи хеш аст, «Нуҳзат-ул-қулуб», ки муфассир ва шореҳи дониши ҷуғрофиёӣ ва яке аз аввалин донишномаҳои форсӣ, инчунин «Зафарнома»-и манзумӣ, ки аз ҳафтодупанҷ ҳазор байт иборат буда, дар вазни «Шоҳнома» эҷод шудааст, ба ёдгор гузоштааст.

«Таърихи гузида» дар соли 730 ҳиҷрӣ қамарӣ/1329 милодӣ нигошта шуда, аз шаш боб ва ҳар як боб аз фаслҳо дар заминаи паёмбарони қабл аз ислом, зикри подшоҳоне, ки  пеш аз ислом будаанд ва иборат аз чор фасл: подшоҳони Пешдодиён, Каёниён, Портиён ва Сосониён, таърихи Паёмбари ислом (с) ва ҷонишинони Ў то инқирози Хилофати Аббосӣ ва таърихи умаро ва салотини ҳокими пас аз интишори ислом, аз Саффориён, Сомониён то аҳди муғул ва дар охир оид ба шарҳи ҳоли бузургони адабӣ ва таърихи шаҳри Қазвин ва хотима таркиб ёфтааст.

Асари фавқуззикр ба забони сода ва равон нигошта шуда, ба хилофи баъзе аз осори ҳамдавронаш, ба мисли «Таърихи ҷаҳонгушой» ва «Таърихи вассоф» такаллуфи адабии зиёде вуҷуд надорад.

Дар шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир як нусха аз асари таърихии зикршуда таҳти рақами инвентарии 540 ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад. Ғалату иштибоҳоти котиб мувофиқ ба меъёрҳои китобати нусха дар ҳошияҳои китоб дарҷ гардиданд. Саҳифаҳои дастнавис ягон муҳр ва ишораҳои ғайри матн надорад. Нусхаи дастӣ дар ҳолати хуб нигаҳдорӣ шуда, то замони мо омада расидааст. Гарчанде, ки дар ҷилд ва варақҳои нусха обрасидагӣ ё намӣ ба назар мерасад, аммо ба матни нусха осебе ворид нашудааст.

Мутаассифона, якчанде аз варақҳои дастнавишта дар замони номаълум аз китоб афтода, санаи дақиқи китобат ва ному насаби котиб, ки асосан дар колофон ё анҷомаи он дарҷ мегардад, ба мо номаълум боқӣ мемонад. Вале аз рўйи навъи хат ва истифодаи коғаз метавон ҳадс зад, ки нусха таърихи китобати беш аз 350 ё 400-сола дорад.

Коғазаш нисбат ба коғази навъи хўқандӣ ғафси хокиранги шарқӣ буда, ба коғази самақандӣ шабоҳат дорад. Матни китоб ба хати навъи насх, вале хеле хоно китобат шудааст. Сарлавҳаҳо ва дигар ишороту аломатҳои китобатӣ  бо ранги қирмиз нигошта шудаанд.

Дар давоми коркард бо нусха маълум гардид, ки дастнавис дар замонҳои баъдӣ таъмиру тармим шудааст. Чун ҷилду шероза ва астари нусха ба замони китобати нусха мувоффиқат намекунанд. Нусха ба тарзи одӣ китобат шуда ороишот ва нақшу нигоре, ки дар нусханигорӣ маъмул аст, ба назар намерасад. Дар варақи аввал ва охири китоб якчанд порчаҳои шеърӣ ба шакли пароканда китобат шудааст.

Оғози матн бо бисмиллоҳ шуруъ шуда чунин аст:

«Сипосу ситоиш подшоҳеро, ки мулки Ў безавол аст ва мамлакати Ў беинтиқол, аввалӣ пеш аз ибтидо ва охирӣ баъд аз интиҳо…»

Анҷоми матни нусха:

«… шаҳзодагон ҳаряк ҳавое карданд ва фитна ангехтанд, то Ботухон ибни Чингизхон, ки дар он…»

Андозаи нусха 17,5 х 25 см. буда, андозаи матн бидуни ҳошия 11,5 х 17 сантиметрро ташкил медиҳад. Дастнавис аз 168 варақ ё 336 саҳифа иборат буда, матн дар ҳар як саҳифа дар 21 сатрӣ китобат шудааст.

Нусхаи дастнависро маъмурияти собиқ Китобхонаи ба номи  Абулқосим Фирдавсӣ,  дар таърихи  24 июни соли 1958 аз сокини шаҳри Душанбе Шарофат Боқиева харидорӣ намудааст.

Рамзӣ ҶУМЪАҚУЛОВ,
сардори шуъбаи Дастхатҳои Шарқ
ва китобҳои нодири МД
«Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи
иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.