Дасти зан
Ин мақоларо устоди насри тоҷик, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ бо хоҳиши маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” навиштааст ва он 37 сол пеш дар ҳамин маҷалла чоп шудааст. Мақола аз қадру қимати зан-модар аст ва адиби хушзавқ бо овардани як ривоят дар бораи зан ва муҳаббати ӯ ба зиндагӣ изҳори назар кардааст. Маҷалла навиштааст, ки мақоларо ба ифтихори 75-солагии адиби хушбаён чоп мекунад.
Инак, он мақола:
Магар дасти зан аз дасти мард фарқ мекунад? Бале, фарқ мекунад. Дасти зан нозук, дасти зан латиф, дасти зан меҳрнавоз, шифобахш ва шафқатпош. Магар дасти зан меҳнатӣ нест? Магар дасти зан обила надорад?
Ҳоло сӯҳбати мо дар ҳамин хусус аст.
Агар дасти меҳрпарвари зан намешуд, инсоният бепарастор мемонд,чӣ будани навозиш ва лутфу эҳсони модариро намедонист, дилсахт, аз тараҳҳум бехабар, дағал шуда ба воя мерасид. Агар дасти зан намешуд, ба қавли Мирзо Турсунзода, хом мемондем мо.
Бинобар он, зан – модар ба ҳар гуна ҳурмат ва эҳтиром сазовор аст.
Зан – модарро парастидан воҷиб аст! Зан – модар сарчашмаи беинтиҳои ҳаёт аст. Шоҳу гадо зиндагиро аз дасти модар, аз дасти зан гирифтаанд. Ҳамин зан аст, ки пайғамбаромон, доҳиён, бузургон ва пешвоёни мардумро ба арсаи ҳаёт оварда, роҳ гаштан, гуфтан ва андеша карданро омӯхтааст.
Мегӯянд, ки Хизр оби ҳаёт хӯрдааст ва ҳеҷ гоҳ намемирад. Солҳо, асрҳо, ҳазорҳо сол зиндаю барҳаёт мемонад. Магар зан ҳамон “Хизр” – и афсонавӣ нест? Бале, зан на ин ки “оби ҳаёт” хӯрдааст, балки худаш асли ҳаёт аст, ба дунё ҳаёт мебахшад.
Боре пири бузургворе аз як деҳкада гузашта мебинад, ки тамоми аҳли деҳа занҳоянд, дар байнашон ягон мард нест. Лекин деҳа обод, хуррам ва дилкаш аст.
Дар ҳар сӯ ҷӯйҳо пур аз оби зулолу равон, боғҳо пур аз меваю райҳон; дар киштзорҳо гандум, ҷав ва ҷувории ғарқ пухтаро занҳо даравида, кӯфта ва ба ҷуволҳо андохта истодаанд. Дар чарогоҳҳо баррагон, бузу бузғолагон ва говони сершир мечаранд. Мардуми деҳа – занҳо хурраму шод, серу пур, хандону масрур. Гӯё дар ин деҳа ғаму андӯҳ гузар надорад, гӯё ин деҳа “ҷаннати” рӯи замин аст. “Агар фирдавс дар рӯи замин аст, ҳамин асту ҳамин асту ҳамин аст!”
Пири бузургвор ҳайрон мешавад, чӣ асрор доштани ин ҳолро донистан мехоҳад. Аммо занҳои шӯх ва хушҳол ба ҷону ҳолаш намонда ба меҳмонхона мебаранд, баъд сурудхонӣ ва рақсу бозӣ мекунанд ва ниҳоят дар фароғи сӯҳбат як зани солхӯрдаи банур мегӯянд:
–Акнун ҳар чӣ аз мо мепурсед, марҳамат, бо ҷону дил ҷавоб медиҳем.
Пири бузургвор мепурсад ки:
-Ман дар куҷоям? Шумо инсед ё парӣ? Ё ки ман саргашта ба “боғи ирам”- и афсонавӣ афтода мондаам? Ин ҳама ободониро дасти кӣ бунёд карда аст?
Зани солхӯрда табассуми гуворое мекунаду мегӯянд:
-Шумо дар деҳкадаи “Арӯсон” ҳастед. Мо инсем, на парӣ ва на дар боғи афсонавии “Ирам” зиндагӣ мекунем. Ин ҳама ободониро дасти зан бунёд кардааст.
-Магар дасти нозук ва латифи зан, – мепурсад пири бузургвор, – аз ӯҳдаи ин ҳама кори вазнин мебарояд?
-Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест! – мегӯяд зани банур.
Шояд корҳои вазнинро онҳо ба ӯҳда гирифта бошанд?
-Агар дар ҳақиқати ҳол хабардор шудан хоҳед, ба деҳаи “Домодон” равед, мефаҳмед!
Пас аз ин ҷавобро шунидан, пири бузургвор дараки деҳаи “Домодон”-ро гирифта меравад.
Пас аз ду шабу ду рӯз пиёда роҳ тай кардан, ба деҳаи “Домодон” мерасад. Мебинад, ки ҳамаи бошандагони он мардҳоянд. Деҳа нообод, хонаҳо фатарат, кӯчаҳо серчанг, ҷӯйҳо беоб, мардум аз чашмаи болои кӯҳ рафта, ба харҳо кӯзаҳоро бор карда оби нӯшокӣ меоранд. Зиндагиашон хуб не. Меваи дарахтон дар шохаҳояшон хушк шудагӣ, дар киштзорҳо гандуму ҷаву арзан корида бошанд ҳам, дурустнадаравидаанд, бисёрии ғалла йеми гунҷишкон ва мушони саҳроӣ шудаанд. Гул нест, булбул нест, суруд нест…
Пири бузургвор аз ин воқеият ҳайрон шуда, пурсам гӯяд, дар кӯчаҳо кас нест. Ниҳоят дар мобайни қишлоқ, дар назди масҷид, ба рӯи кундаи дарахте мӯйсафедеро мебинад, ки пинак рафта нишастааст.
-Ассалому аллайкум, падари азиз! – мегӯяд пири бузургвор. – ҳолу аҳвол чӣ тавр аст?
-Ҳа, шукур, ҳолам бад не! – мегӯяд мӯйсафед.
-Чаро дар деҳаи шумо одам кам менамояд? Чаро занҳо нестанд?
-Э, напурсед, тақсир! – мегӯяд муйсафед. – Дар ин деҳа ҳама мардҳо монданд, занҳо моро тарк карданд, ба худ деҳаи алоҳида баргузиданд. Мардуми мо бошанд, аз паи ризқу рӯзии лоямут гаштаанд…
-Сабаб чист, ки занҳо шуморо тарк карданд?
Сабаб ҳамин ки чанд сол пеш аз ин дар байни мардону занони деҳаи мо як баҳсе ба миён афтод. Занҳо гуфтанд, ки шумо бе мо зиндагӣ карда наметавонед, рӯзатон дар азоб мешавад, ба ҳоли фано меафтед. Мардҳои мағрури мо гуфтанд, ки мо бе шумо шоҳона зиндагӣ мекунем. Баҳс чунон кашол ёфт, чунон тезу тунд шуд, ки дар охир занҳо кӯчу каманашонро гирифта рафтанд, деҳаи дигар сохтанд ва ба он “Арӯсон” ном доданд.
Мардҳо аввал орият карда, аз паси онҳо нарафтанд, худамон бе шумо нағз зиндагӣ мекунем гуфтанд. Аммо баъд диданд, ки дар ҳақиқат бе зан, бе дасти зан зиндагӣ карда наметавонанд, бо сари хам, бо зорию тазаррӯъ ба деҳаи “Арӯсон” рафтанд. Занҳо онҳоро қабул накарданд, ҳоло вақташ нарасидааст, камтар азоб кашед, гуфтанд. Лекин боз дили зан раҳмнок аст, ҳар моҳе як – ду рӯз омада сару сомони мардҳоро камтар дуруст карда мераванд…
Ин ҳикоятро шунида пири бузургвор чанд нафар аз мардҳоро бо худ гирифта, боз ба деҳаи “Арӯсон” меравад ва ба миёни занону мардон сулҳу салоҳ андохта, онҳоро оштӣ медиҳад ва мардонро аз азоб халос мекунад.
Худи ҳамин қисса (шояд афсонаи ибратомӯз бошад) нишон медиҳад, ки дасти зан ҳаёти мардро оро медиҳад. Зан бе мард рӯз дида метавонад, худашро гирду ғун карда метавонад. Аммо мард бе зан ҳаёти нағз гузаронида наметавонад, азоб мекашад. Ин ҳақиқатест аз офтоб равшан!
Пештар, дар замони амирӣ занон ҳуқуқ надоштанд, дар дасти модарон асир ва каниз буданд. (Аммо дар ҳамон замони тираю тор ҳам занони мардсифат ёфт мешуданд, ки ман образи баъзе аз онҳоро дар сегонаи “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро” нишон додам. Дилором – каниз, Оймуллои Танбӯр, Фирӯза, Марҳами Ғарч, Ойими Шоҳ аз ҳамон қабил занҳои олиҷанобанд).
Бале, пештар занҳо беҳуқуқ буданд ва бинобар он кори мардон дуруст пеш намерафт – ҳаёт ноқис буд. Инқилоби Октябр ба беху решаи нобарорӣ оташ зад. Зан баробаҳуқуқи мардон гашт ва дасти ӯ боло шуд. Ҳамаи он дуруғҳое, ки дар ҳаққи зан бофта буданд – зан ноқисулақл, зан ӯҳданобаро, зан фақат барои хонадорӣ ба дунё омадааст ва ғайра… – несту нобуд шуданд. Занҳо исбот карданд, ки аз уҳдаи кор мебароянд, исбот карданд, ки ноқисулақл нестанд. Ҳатто дар баъзе маврид аз мардҳо донотар ва тавонотаранд.
Дасти зан дар сари рули киштиҳои сабзи саҳроҳои колхозӣ, дасти зан пахта мекорад, пахта мепарварад, пахта меғундорад. Дасти зан ба дардҳо даво ба ҷароҳатҳо марҳам аст.
Баъзе касон ақида доранд, ки пас аз соҳиби маълумот гаштан, пас аз итмоми мактаби олӣ шавҳари хубе кунаду хонаи ӯро оро диҳад, хонадорӣ кунад, шарт нест, ки зан фаъоли ҷамъият ва роҳбар бошад… Аммо ман ба ин ақида зид ҳастам. Зани хонанишин ҳар қадар маълумоти олӣ дошта бошад ҳам, маҳдуди чаҳор девори хона шуда мемонад.
Дар байни ҷамъият будан, дар ягон муассиса (илмӣ, саноатӣ, ҳунарӣ) кор кардан на фақат барои моҳёна гирифтан аст, зан дар кор мешукуфад, пеш меравад, пир намешавад ва ҳамеша зиндадил мемонад ба шарти он ки мард дар хона баробари зан рӯзғордорӣ кунад, бача тарбия кунад ва ба ҳамаи корҳои хонагии зан ёрӣ расонад. Дар он ҳол зиндагӣ баравнақ мешавад, дасти зан гул мекунад.
Мутахассиси шуъбаи маркетинг ва
менеҷменти фаъолияти китобдорӣ Самиева Б