Давлатшоҳи Самарқандӣ: Тазкиранависи форс-тоҷик
Давлатшоҳи Самарқандӣ Амир Давлатшоҳ валади Амир Алоуддавла Бахтишоҳи Ғозии Самарқандӣ соли 1438 дар Самарқанд ба дунё омадааст. Тазкиранигор ва шоири форс-тоҷик. Падараш аз муқаррабон ва ҷанговарони Шоҳрух (ҳукмронӣ 1397-1447) будааст. Аз хурдсолӣ ба касби илму дониш пардохта, дар зодгоҳаш аз Фазлуллоҳи Самарқандӣ ном марди донишманд таълим гирифтааст. Дар мадрасаҳо ва ба тарзи худомўзӣ забону адабиёти араб, адабиёти форс-тоҷик, махсусан, илми шеър, таъриху ҷуғрофия ва ғайраро амиқ омўхтааст.
Даврони ҷавонии ў, баъди фароғат аз таҳсил, монанди падару хешовандонаш дар муҳити дарбор сипарӣ гаштааст. Аз ҷумла, соли 1471 ба Ҳирот рафта, муддате дар боргоҳи Султон Ҳусайни Бойқаро (ҳукмронӣ 1470-1506) хидмат кардааст. Аммо ба зудӣ аз мулозимат хаставу дилгир шуда, аз ин шуғли нописанд даст кашидааст ва ба корҳои деҳқониву таълифу таҳрир машғул гардидааст.
Марди хуштабъи дарвешсурат ва босалоҳияте буда, ба муҳиту маҳфили Ҷомиву Навоӣ раҳ ёфтааст ва аз суҳбату анҷуманҳояшон баҳравар гардидааст. Инчунин, бо аҳли илму адаби Ҳирот унс гирифта, дар мусобиқаю мубоҳиса ва мушоираву мубодилаҳои адабии қаламкашони шаҳр фаъолона ширкат варзидааст.
Дар миёни солҳои 80 асри 15 ба зодгоҳаш баргашта, дар фақру нодорӣ умр ба сар бурдааст. Аз ҷумла, дар рубоие аз ноҳамвориву нобаробариҳои зиндагӣ нолида, бо дарду алам фармудааст:
Дар даҳр маро на ҷоҳу моле ҳосил,
На илму камолу ваҷҳу ҳоле ҳосил!
Мардон дари мардон задаанд, аз чӣ марост
Чун номардон хобу хаёле ҳосил?!
Давлатшоҳи Самарқандӣ дар шеър тахаллуси Алоӣ доштааст. Ашъори парокандаи ў, ки дар қолиби қасидаву ғазал, рубоиву маснавӣ ва қитъа рехта шудаанд, асосан дар тазкираи худаш фароҳам омадаанд.
Қасидаҳои ў дар мадҳи хулафои рошидин, подшоҳи замон Султон Ҳусайни Бойқаро, тавсифи Ҷомию Навоӣ, марсияву таърихи фавти баъзе ҳамзамононаш офарида шуда, ғазалу рубоӣ ва қитъаву маснавиҳояш дар мавзўъҳои суннатии адабиёти классики форс-тоҷик таълиф ёфтаанд. Нисбат ба шахсияту эҷодиёти Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳурмату эътиқоди зиёд дошта, дар муқаддимаи тазкираи худ рубоиеро аз офаридаҳои ў иқтибос овардааст ва қасидаи муламмаъашро, ки дар васфи Навоист, дар вазну қофияи яке аз ғазалҳои Ҷомӣ нигоштааст. Рубоии зер далели табъи нозуку ҳунари волои сухангустарии ў буда метавонад, ки моломоли санъатҳои бадеии адабиёти форс-тоҷик, монанди хитоб, таҷнис, маҷоз, талмеҳ мебошад:
Ай ҳамнафасон, аҷаб сароест ҷаҳон,
Бошед аз ин саройи бадмеҳр ниҳон!
Ин аст дар ин ҷаҳони дун кори миҳон,
Чун кори миҳон чунин бувад, войи киҳон!
Ёдгори мондагори эҷодии Давлатшоҳи Самарқандӣ. «Тазкирату-ш-шуаро»- и маъруфи ўст. Ў соли 1494 дар Самарқанд аз дунё даргузашт.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Давлатшоҳи Самарқандӣ ва дар бораи ӯ ин матолибро ҳам мутолиа карда метавонед:
Тазкирату-ш-шуаро. – Хуҷанд: Ношир, 2015. – 544 с.
Давлатшоҳи Самарқандӣ. Шоири асри XV // Суханварони сайқали рўи замин. – Душанбе, 1973. – С. 82-86.
Мирзозода, Х. Давлатшоҳи Самарқандӣ ва “Тазкирот-уш-шуаро”-и ў // Таърихи адабиёти тоҷик. китоби 2. – Душанбе, 1977. – С. 321-325.
Сатторов, А. Ақидаҳои адабӣ ва бадеии Давлатшоҳи Самарқандӣ // Образ ва маҳорати бадеӣ. – Душанбе, 1980. – С. 49-61.
Сатторов, А. Давлатшоҳи Самарқандӣ: Тазкиранависи форс-тоҷик // Энсиклопедияи советии тоҷик. – 1980. – Ҷ.2. – 211 с.
Афсаҳзод, А. Давлатшоҳи Самарқандӣ ва тазкираи ў // Мактаби советӣ. – 1974. – №12. – С. 32-36.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 189.
Муаллиф: А. Раҳмонфар
Таҳияи Фируза Восиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.