Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”

асарҳои Пешвои миллат“Болоравии ҳувият ва худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори милливу ватандории мардум, алалхусус, наврасону ҷавонони мо дигар дастоварди муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Рӯзи 23-уми сентябр дар Китобхонаи миллӣ даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз мегардад. Дар Озмун аз 41 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 80 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ зиёда аз 350 донишҷӯён иштирок намуда, савияи дониши худро месанҷанд.

Бояд қайд намуд, ки сарпарасти Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мақсад аз ташкил намудани Озмун, ин арҷ гузоштан ба таърихи миллати тоҷик, қадр намудани корнамоиҳои наҷиб ва фаромӯшнашаванда, фаъолияти пурсамар ва шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи давлатсозӣ, наҷоти давлату миллат аз нобудшавӣ, барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, густариши фарҳангу тамаддуни халқамон, ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд – Тоҷикистони азиз мебошад.

Осори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари таърихи пурғановат ва пурифтихори миллати тоҷик, инъикосгари таърихи забону тамаддун, муаррифгари фарҳанги бою ғании миллати тоҷдору куҳанбунёди мо мебошад. Мутолиаи ин асарҳо моро ба тақдир ва сарнавишти миллату давлат шинос намуда, талошу заҳматҳои халқи фарҳангсолор ва куҳантамаддуни тоҷикро баҳри аз даст надодани забону фарҳанги худ ошно месозад. Бинобар ин, насли наврас ва ҷавонони мо баҳри баланд бардоштани ҳиссии ватандӯстӣ, рӯй овардан ба ҳувийяти миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, зиракии сиёсиву меҳанпарастӣ ин асарҳоро мутолиа намоянд.

Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” соли дуюм аст, ки баргузор мегардад. Озмун аз ду давр иборат буда, даври аввал дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва даври дуюм барои ғолибони даври аввал дар Китобхонаи миллӣ мегузарад. Дар даври дуюм ғолибони даври аввал ба ду гурӯҳ ҷудо гардида, гурӯҳи якум миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва гурӯҳи дуюм миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз Озмун мегузаранд.

Талабот ба иштирокдорон ин донистани маълумоти муфассал доир ба асарҳои Пешвои миллат, доштани маълумот оид ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат, донистани санадҳои муҳими меъёрҳои ҳуқуқӣ оид ба мақоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистани мероси таърихию фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик, қобилияти суханварӣ, озодбаёнӣ ва ровигӣ ва дигар таъинотҳо мебошад.

Китобхонаи миллӣ, ҳамчун сарпарасти Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ба иштирокдорон пеш аз ҳама тавоноӣ ва музаффарият, барору комёбӣ таманно менамояд. Бигзор, онҳо ҳамчун нерӯи бузурги созандаю бунёдкор ва эҷодкор донишу малакаи худро нишон дода, соҳиби ҷойҳои намоён гарданд, номбардори падару модар ва муассисаҳои таълимии худ бигарданд.

Бунафша Раҳмонова
Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон