“Девори кӯндаланг”-и Болта Ортиқов андешаҳои нав ба бор овард

Дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили телевизионии «Фурӯғ» баргузор гашт. Чуноне ки маълум аст, маҳфили “Фурӯғ” бо ширкати иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…” таҳия гардида, дар он иштирокдорон ин ё он асарро таҳлил менамоянд ва ба ҳам суолу ҷавоб мекунанд. Ровии барнома адиби маҳбуби кӯдакон – Азизи Азиз ба онҳо суолҳо пешниҳод карда, тарзи баёни фикрро барояшон меомӯзонад.

Ин навбат иштирокчиёни маҳфили “Фурӯғ” “Девори кӯндаланг” ном ҳикояи Болта Ортиқовро мавриди таҳлилу музокира қарор доданд. Ба кӯтоҳии худ нигоҳ накарда, ҳикоя тавонист суҳбати бачагонро доманадор созад. Ҳикоя аз девори таърихие, ки солҳост арзи вуҷуд надорад, қисса мекунад. “Девори кӯндаланг гуфта кадом девор дар назар дошта шудааст?” “Ин девор кай сохта шуда буд?” “Бо кадом мақсад девор бардошта шуда буд?” “Девори кӯндаланг то кадом сол арзи ҳастӣ кардааст?” “Ба мавҷудияти ин девор дар гузашта киҳо гувоҳӣ дода буданд?” Ин ва боз чандин суоли дигаре ба худ ҷавоб ёфт, ки дар натиҷа бачаҳо ба чанд нуктаи дигаре дар ҳикоя рӯшанӣ андохтанд.

Сипас иштирокдорони маҳфил дар атрофи мавзӯи номи маҳалҳо ва кӯчаву истгоҳҳои нақлиёти мусофиркашон суҳбат карданд. Баҳс хеле шавқовар буду хонандагони зирак дар воқеъ ба чунин нозукиҳо аҳамият медоданд. Дар зимн, аз ин фикррониҳояшон аён буд, ки нисбат ба шаҳру маҳалҳои истиқоматии худ бетараф нестанд ва дар баробари зебоӣ хостори бомаънӣ будани номҳои кӯчаҳову маҳал ва истгоҳҳо ҳастанд.

Лозим ба ёдоварист, ки маҳфили “Фурӯғ” дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар якҷоягӣ бо Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон”, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳе ду маротиба доир мегардад.

Хоҳишмандон метавонанд барномаи ҷолибу тамошобоби “Фурӯғ”-ро  рӯзҳои наздик тариқи Телевизиони Баҳористон тамошо кунанд.

Муҳидинова Махфират, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа