«Дил мехоҳад, ки гўяму гирям…»
Хуршеда Отахонова, ин бону саропо меҳр ва донишманди замон гузаштаи хонаводагии худро дар ҳамин асари тарҷумаҳолӣ басо пуртаъсир тасвир кардааст. Гузаштаи ғамноку аламовар. Ва агар тири малъуни “тройка” хонаводаи онҳоро ба нишон намегирифт ва доғи манҳуси “душмани халқ” муддатҳо дар парвандаи хонаводагӣ нақш намебаст, ин бонуи ҳунар ва дониш даҳҳо китоб ба рӯйхати китобҳои то кунун навиштааш зам мекард. Ӯро ба хотири он ки падараш “душмани халқ” буд, нагузоштанд ба пайроҳаи илм тавре боястӣ ва сари вақт ворид шавад. Ин доғ хеле баъдтар, баъди фавти падари бузургвораш шуста шуд ва роҳро ба сӯи пажӯҳишҳои илмӣ барои бонуи донишманд боз кард. Иродаи оҳанӣ ӯро нашикаст ва баъдан ҳам то вопасиб лаҳзаҳои умр ба халқаш аз рӯи садоқат хидмат намуд.
Аз соли 2016 дар толори хониши рисолаҳои илмӣ гӯшаи китобҳои академик Хуршеда Отахонова амал мекунад, ки шомили бештар аз 400 нусха китоб аз бойгонии олими варзида мебошад.
Роҳи зиндагӣ ва фаъолияти гуногунҷанбаи илмии адабиётшинос ва мунаққиди маъруф, Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), узви Иттифоқи нависандагони СССР (1968), узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2008), доктори илми филология (1984) Хуршеда Отахонова аз бисёр ҷиҳат ҷолиб ва ибратбахш аст.
Хуршеда Отахонова 02.09.1932 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба дунё омадааст.
Соли 1948 мактаби миёнаи №10-и шаҳри Душанберо бо медали тилло хатм намуда, ҳамон сол дар синни 16-солагӣ ба факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шудааст. Соли 1953 донишгоҳи номбурдаро бо дипломи аъло хатм карда, ба сифати мудири шуъбаи адабиёт ва санъати рўзномаи «Пионери Тоҷикистон» фаъолияти кориашро шурўъ намудааст.
Бинобар завқу рағбати зиёд доштан ба мутолиаи асарҳои бадеӣ ва шеъргўӣ бештар ба соҳаи адабиёт таваҷчуҳ зоҳир менамояд. Хусусан сабақҳои устодони бузург Абдулғанӣ Мирзоев ва Шарифҷон Ҳусейнзода шавқи ўро нисбат ба адабиёт ва корҳои илмӣ боз ҳам бештар намуданд. Ва дар поёни таҳсил таҳти роҳбарии профессор Шарифҷон Ҳусейнзода дар мавзўи «Ғояҳои халқпарварӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» рисолаи дипломӣ навишта, бо баҳои аъло дифоъ кардааст ва ин асар баъдтар бо номи «Абулқосим Фирдавсӣ» ҳамчун рисолаи алоҳида ба табъ расид.
Аслан дар рўзгори воқеии илмӣ кам муяссар шудааст, ки рисолаи дипломӣ дар шакли китоб дастраси хонанда гардида бошад. Худи ҳамин далел гувоҳи то чӣ андоза аҳамияти илмӣ ва амалӣ доштани аввалин тадқиқоти шогирдонаи ўст.
Аз соли 1953 барои идомаи таҳсил мехоҳад ба аспирантура дохил шавад, вале ўро қабул намекунанд. Зеро соли 1937 падараш Мўсохоҷаев Отахон ва амакаш Соимхонро, ки ҳарду коркунони масъули идораи давлатӣ буданд, чун «душмани халқ» ба ҳабс гирифта буданд. Амакашро ҳамон сол парондаанд. Падараш баъди 8 сол маъюбу маслуқ аз ҳабс баргашт, вале тамғаи «душмани халқ» аз дўши ў фақат соли 1958 баъди вафоташ, баъди азобу уқубати зиёди аҳли оила бардошта шуд.
Х. Отахонова ҳамаи инро дар қиссаи ҳуҷҷатии худ «Дил мехоҳад, ки гўяму гирям» ёдовар шудааст.
Ў баъди даву този зиёд ба аспирантураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дохил шуда, таҳти роҳбарии академик Абдулғанӣ Мирзоев доир ба эҷодиёти Раҳим Ҷалил рисолаи номзадӣ навишта, бо муваффақият дифоъ менамояд. Вай баъди хатми аспирантура фаъолияти худро дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои 1957-1964 ба ҳайси ходими хурди илмӣ, 1964-1971 ходими калони илмӣ, 1971-2003 мудири шуъбаи матншиносӣ ва нашри осори он кор кардааст, беш аз ним аср ба нафъи илми тоҷик сабурона заҳмат кашидааст ва то охири умри худ (23.06.2016, ш. Душанбе) танҳо дар ин даргоҳи илмӣ адои вазифа кардааст.
Дар Институт ба корҳои илмии минбаъдаи ў профессор Шарифҷон Ҳусейнзода ва баъдтар донишманди маъруфи тоҷик, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ раҳнамоӣ мекарданд.
Фаъолияти эҷодии Х. Отахонова ҳанўз аз давраи таҳсили мактаби миёна аз шеъру ҳикоя шурўъ шудааст. Чанде аз намунаҳои нахустин офаридаҳояш дар рўзномаҳои «Тоҷикистони сурх», «Пионери Тоҷикистон», сипас дар маҷмўаҳои дастаҷамъии «Чашмаҳои нав», «Туҳфаи ҷавонон», «Қадамҳои пурумед», «Шоираҳои боистеъдод», «Овози ҷавонон» ва «Барои сулҳ ба муқобили ҷанг» нашр гардидаанд.
Аз нимаи солҳои панҷоҳум сар карда, мақолаҳои танқидӣ ва адабиётшиносии ў дар саҳифаҳои рўзномаю маҷаллаҳо ва нашрияҳои гуногун чоп мешуданд.
Х. Отахонова роҷеъ ба рўзгор ва осори як идда намояндагони адабиёти гузашта ва муосири тоҷик, аз ҷумла, Саъдӣ, Зебуннисо, Садриддин Айнӣ, Абдулвоҳиди Мунзим, Сарвар, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Боқӣ Раҳимзода, Абдусалом Деҳотӣ, Лутфӣ Обидхўҷаев, Ҷалол Икромӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Пӯлод Толис, Ғаффор Мирзо, инчунин доир ба ҷанбаҳои муҳимми фаъолияти эҷодии адабиётшиносони шинохта Л. Бузургзода, Ш. Ҳусейнзода, Н. Маъсумӣ, Раҳим Ҳошим, Р. Амонов, М. Шукуров ва ғайра низ мақолаҳои хеле ҷолиб навиштааст.
Дар ҷараёни фаъолияти илмӣ ба мавзўъҳои мухталифи адабиётшиносии тоҷик даст зада, ҳамвора онҳоро бо саракорӣ ва ҷиддияти хос анҷом бахшидааст, аз аввал ба баҳсу талош ва ба ҳақиқат баровардани асли ҳаводиси адабӣ майл намуда, навиштаҳояш рўҳи мубоҳисавӣ доштанд, ҷиҳати равшан кардани масъалаҳо ва таҳрики ҷараёни адабӣ мадад мерасонданд. Масъалаҳои мураккаб, ба фаромушӣ супурдашуда ва кору равишҳои нави адабиётшиносиро бо камоли шавқ ба таҳқиқ гирифтааст. Хидматаш дар таҳқиқи раванди адабиёти муосири тоҷик, таҳлилу баррасии аҳволу осори адибони муосири тоҷик, офаридани чеҳраҳои эҷодии онҳо, таҳқиқи достон дар адабиёти тоҷик, матншиносӣ, омода кардани матнҳои илмию интиқодии осори адибони ҳозира, танзиму ташкили бойгониҳои адибони тоҷик ва ғайра калон аст, дар тарҷумаи бадеӣ низ бо муваффақият қувва озмудааст. Дар таълифи асарҳои бунёдии бисёрҷилдаи дастаҷамъӣ чун «Таърихи адабиёти сермиллати советӣ» ва «Таърихи адабиёти советии тоҷик» фаъолона ширкат варзидааст. Аз таҳиягарони нашри «Куллиёт»-и А. Лоҳутӣ (дар 7 ҷилд), «Куллиёт»-и П. Сулаймонӣ, «Куллиёт»-и А. Деҳотӣ, «Куллиёт»-и М. Турсунзода (дар 4 ҷилд) ва ғайра мебошад.
Х. Отахонова дар пешбурди адабиётшиносӣ ва танқиди адабӣ хидмати назаррас ва шоиста намудааст. Ба тавассути заҳмати мудом ва бедареғ дар ҷодаи илму адаб ба обрўву эътибор ва мартабаҳои баланд соҳиб гардида, дар радифи донишмандони номвар қарор гирифтааст. Ў на фақат дар миёни ҳамдиёрону ҳамкасбон ва умуман зиёиён маҳбубият дорад, балки ўро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон мешиносанд.
Х. Отахонова бо дили соф ва ниятҳои нақутарин ба арсаи илм қадам гузошта, аз оғози фаъолияти эҷодиаш баҳри равнақи фарҳангу адаби ватани азизи худ содиқона хидмат намудааст. Офаридаҳои вай намунаи барҷастаи бо замири пок ва аз рўйи адлу инсоф таҳқиқ нумудани рўзгор ва осори адиб ва арзиш додан ба ҳар як асари эҷодкардаи ў мебошанд. Шояд ҳамин хислати наҷиб ва донишу таҷрибаи фаровоне, ки дар муҳокима, таҳлил ва кушодани уқдаҳои ҳар муаммои адабиёт касб кардааст, боиси обрўву эътибори баланд пайдо кардани вай дар миёни ҳамкорон, ҳамкасбон ва умуман аҳли илму адаб гардида бошад.
Фаъолияти пурсамари эҷодӣ ва саҳми назарраси Х. Отахоноваро дар инкишофи илму адаб ва фарҳанги халқи тоҷик ба эътибор гирифта, Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо қарори худ аз 15 майи соли 2007 ўро Олимаи соли 2006 эълон намуданд.
Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён», «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва «Ветерани меҳнат» қадр шудааст.
Осори ў:
Абулқосим Фирдавсӣ. – Сталинобод, 1960;
Раҳим Ҷалил ва эҷодиёти ў. – Д., 1962;
Рахим Джалил и его творчество. – Д., 1962;
Зебоии ҳаёт ва забони инсон. – Д., 1972;
Падидаҳои навҷўӣ: Масъалаҳои гуногуни адабиёти советии тоҷик. – Д., 1972;
Ҳусни инсон: Оиди сифатҳои хуби инсонӣ. – Д., 1975;
Аз рўи меҳр меҳр: Очерки мухтассари ҳаёт ва эҷодиёти Раҳим Ҷалил. – Д., 1979;
Пайванди ҳис ва андеша: Оиди жанри адабӣ. – Д., 1982;
Таҳаввули жанри достон дар назми муосири тоҷик. – Д., 1983;
Ҳусни инсон. Нашри дуюм. – Д., 1984;
Современная таджикская поэма: Истоки и эволюция жанра: Автореф… доктора филол. наук. – Д., 1984;
Абулқосим Лоҳутӣ. Очеркҳои мухтасар. – Д., 1987 (ҳаммуалиф);
Дил мехоҳад, ки гўяму гирям…: Аз дафтари хотирот. – Д., 1992;
Масъалаҳои матншиносии адабиёти муосири тоҷик. – Д., 1999;
Чеҳраҳои шинохта. – Д., 2004;
Таҳқиқи матншиносии осори адибон. – Д., 2010 ва ғ.
Адабиёт: Осорномаи Хуршеда Отахонова. – Д., 2007;
Бонуе, ки бори илм мекашад. – Д., 2008;
Осорномаи академик Хуршеда Отахонова. – Д., 2012.
Агар умр бақо мекард, имрўз яке аз симоҳои намоёни илму адаб ва фарҳанги тоҷик, доктори илмҳои филология, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шодравон Хуршеда Отахонова ба синни 90 мерасиданд.
Ҳоло ҷойи эшон дар кошонаи илми адабиётшиносӣ ва фарҳанги халқ холист. Аммо ёди эшон дар дили дўстон, ҳамкорон, шогирдон ва фарҳангиён ҷовидон хоҳад монд.
Ёдаш ба хайр ва равонаш шод бод!
Бибираъно Ҷўраева, сардори шуъбаи
нигоҳдории рисолаҳои илмӣ.
МАТОЛИБИ ҲАМСОН: