Дипломатияи Тоҷикистон. Солнома-2022
Ҳамчуноне аз номаш пайдост, ин солнома, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба нашр расондааст, як соли фаъолияти дипломатии кишварро дар бар мегирад. Дар сарсухани китоб вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин навиштааст, ки дар соли 2022 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси усули “дарҳои кушода”, ки меҳвари сиёсати хориҷии кишварро ташкил медиҳад, идома дода, муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек ва ҳамкории мутақобилан судмандро бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикон тақвияту густариш дод.
Сарвари идораи дипломатии кишвар чун шахси огоҳтарин аз равандҳои сиёсати ҷаҳонӣ вазъро басо мӯшиковона ба риштаи таҳлил кашидааст ва бурду бохти сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамаҷониба таҳлил кардааст. Ӯ навиштааст, ки вазъи геосиёсӣ бинобар афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ҳамоно мураккаб боқӣ монда, дар пайи онҳо буҳрони ҷаҳонӣ амиқ мегардад. Илова бар ин, мушкилоти марбут ба обу иқлим ва афзоиши офатҳои табиӣ ба сифати яке аз масъалаҳои муҳимми глобалии мавзӯъҳои меҳварии рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ дониста мешавад….
Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон гардидани соли 2025, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, на танҳо руйдоди муҳимми аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, балки яке аз дастовардҳои бузурги сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Тавассути ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид ҳам Рӯзи ҷаҳонӣ ва ҳам Соли байналмиллалии пиряхҳоро эълон карда, хазинаи ҳифзи онҳоро таъсис дод ва қарор қабул кард, ки дар шаҳри Душанбе дар соли 2025 тариқи баргузории Конфронси байналмилалӣ бо иштироки кишварҳои аъзои СММ ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ тамоми масоили вобаста ба ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шавад.
Сироҷиддин Муҳриддин дар идомаи сармақола ба китоб ба диду боздидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Миср, Эрон, Ӯзбекистон, Покистон, Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон рӯ оварда, иброз доштааст, ки дар ин сафарҳо дар баробари баррасии масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ва натиҷаҳои самараноки онҳо, инчунин, Пешвои муаззами миллат дар ҳамоишҳои сарони давлатҳои Осиёи марказӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим иштирок карда, бо ҳамтоёни худ табодули афкори судманд анҷом доданд.
Маврид ба тазаккур аст, ки бо ибтикори Тоҷикистон ва ҳамёрон, бори нахуст дар доираи Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, яъне “СОР 27” , мавзӯи об ҳамчун як масъалаи алоҳида, минбаъд дар рӯзномаи тағйирёбии глобалии иқлим мавриди баррасӣ қарор мегирад ва бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон акнун, мавзӯи пиряхҳо дар плптформаҳои байналмилалӣ муҳокима хоҳад шуд.
Зимни ҳамоишҳои байналмилалӣ мулоқотҳои сатҳи олӣ бо ҷонибҳои Қатар, Туркманистон, Қазоқистон, Покистон, Русия, Ӯзбекистон, Чин, Нидерланд, Кения, Олмон, инчунин, Дабири кулли СММ ва Президенти Иттиҳоди Аврупо баргузор гардиданд. Ҳамчунин мавзӯъҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва масоили рӯзмарраи минтақавӣ ва глобалӣ дар рафти суҳбатҳои телефонӣ ва дидорҳои маҷозии Президенти Тоҷикистон бо роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Чин, Ҳиндустон, Фаронса, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ҳамтоёни хориҷӣ баррасӣ гардиданд.
Сарвари идораи дипломатии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар соли 2022 заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 71 санад таҳким ёфт, ки 56-тои он дар рафти сафарҳои расмӣ дар сатҳи олӣ ба имзо расонида шуданд. Ҳамин тариқ зимни сафрҳои расмии Президенти Тоҷикистон ба Миср 5, Эрон 17, Ӯзбекистон 15, Покистон 9 санад ва сафари Президенти Беларус ба Тоҷикистон 10 санади дуҷониба ба имзо расид.
Сироҷиддин Муҳриддин дар идома навиштааст, ки яке аз абзорҳои муҳими татбиқи сиёсати хориҷӣ ин машварат ва муколамаҳои сиёсии дуҷониба мебошад, ки дар соли 2022, аз ҷумла бо Русия, Беларус, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қирғизистон, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Австрия, Чехия, Сербия, Юнон, Чин, Корея, Ҷопон, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Исроил, Туркия, Баҳрайн, Қувайт ва Умон баргузор шуданд.
Механизми дигари таҳкими ҳамкориҳои фарогири дуҷониба ин комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмию техники ва фарҳангӣ мебошад, ки Вазорат дар баргузор намудани ҷаласаҳои онҳо бо 12 кишвар мусоидат намуд.
Бо мусоидати Вазорат ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа дар маҷмуъ 81 анҷумани иқтисодӣ, соҳибкорӣ, сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар тариқи ҳузурию маҷозӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо беш аз 6 ҳазор соҳибкору сармоягузор ва намояндагони мақомоти давлатӣ иштирок намуданд. Дар натиҷаи он чорабиниҳо беш аз 300 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 1,5 млрд. Доллари ИМА байни мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба имзо расонида шуд.
Ҳамин тартиб беш аз 1100 нафар соҳибкорони хориҷӣ ҷиҳати иштирок дар ҳамоишҳои иқтисодию сармоягузорӣ, шиносоӣ аз имкониятҳои сармоягузорию сайёҳии кишвар ба Тоҷикистон ташриф оварданд…
Китоби “Дипломатияи Тоҷикистон. Солнома-2022”-ро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд. Ин китоб ба ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд ба сиёсатҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти дипломатҳои кишвар дар соли 2022 ошно шаванд, маводди хуби хонданӣ медиҳад.
Таҳияи Зебонисо Давлатова,
мутахассиси пешбари Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон