Дмитрий Коржинский – геологе, ки сарватҳои зеризаминии Осиёи Марказиро таҳқиқ кардааст

Корҳои илмии Коржинский асосан ба соҳаҳои петрография, геокимиё ва геологияи конҳои маъдан бахшида шудаанд. Яке аз асосгузорони петрологияи физикиву кимиёӣ, маъданшиносӣ, инчунин геокимиёи физикӣ.

Дар соҳаи геология ва омӯзиши сарватҳои зеризаминии Қазоқистон, Сибири Шарқӣ, Урал ва Осиёи Миёна таҳқиқот анҷом додааст. Назарияи термодинамикии системаи кушоди табииро бо ҷузвҳои лағжанда таҳия кардааст.

*****    *****    *****

Коржинский Дмитрий Сергеевич 13 сентябри соли 1899 дар шаҳри Санкт-Петербург ба дунё омадааст.          Коржинский Дмитрий Сергеевич геолог, академики АИ ИҶШС (1953), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969). Хатмкардаи Донишкадаи кӯҳкории Ленинград (1926). Корманди Кумитаи геология, сипас Институти умумиитифоқии таҳқиқоти илмиии геология.

Солҳои 1929-1940 омӯзгори Донишкадаи кӯҳкории Ленинград (профессор аз 1940). Аз 1937 дар Маскав корманди Институти илмии геологияи АИ ИҶШС, Институти геологияи конҳои маъдан, петрография, маъданшиносӣ ва геокимиёи АИ ИҶШС (1956), Институти маъданшиносии таҷрибӣ (1960-1964), ноиби-президенти Ҷаъмияти умумиитифоқии маъданшиносӣ (аз 1964), раиси Кумитаи миллии геологҳои ИҶШС (аз 1969) буд. Корҳои илмии Коржинский асосан ба соҳаҳои петрография, геокимиё ва геологияи конҳои маъдан бахшида шудаанд. Яке аз асосгузорони петрологияи физикиву кимиёӣ, маъданшиносӣ, инчунин геокимиёи физикӣ.

Дар соҳаи геология ва омӯзиши сарватҳои зеризаминии Қазоқистон, Сибири Шарқӣ, Урал ва Осиёи Миёна таҳқиқот анҷом додааст. Назарияи термодинамикии системаи кушоди табииро бо ҷузвҳои лағжанда таҳия кардааст.

Коржинский бо ҷоизаи Ленин (1958), Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1946), 1975), Ҷоизаи АИ ИҶШС ба номи А. П. Корпинский (1949), орденҳои Ленин (1954, 1969, 1979), Медали тилоӣ ба номи В. И. Вернадский АИ Руссия (1972) сарфароз гардидааст.

Ба ифтихори Коржинский Минерали коржинскит номгузорӣ шудааст. АИ Руссия барои беҳтарин асар дар соҳаи петрологияи физикию кимиёӣ ҷоизаи ба номи Коржинскийро таъсис додааст (1995).

Коржинский Дмитрий Сергеевич 16 декабри соли 1985 дар Маскав вафот кардасст.

Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. 2022. – Ҷ.10. С. 611.

Таҳияи Гулсара Толибова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.