Доктор Ҳарӣ: Бемории сил сад дар сад табобатшаванда аст!
Доктор Ҳарӣ, роҳбари фаъолиятҳои тиббии духтурони созмони «Табибони бидуни марз» дар Тоҷикистон зимни тамрин дар Китобхонаи миллӣ ин суханонро иброз дошт. Ў, ки дар маҳфили Шўрои бонувони Китобхонаи миллӣ суханронӣ мекард, афзуд, ки ташкилоти мо созмони башардӯстонаву тиббӣ аст, ки дар ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои гуногун кор мекунад.
Ин нишаст бо суханронии муқаддамотии муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода оғоз шуд.
Созмони «Табибони бидуни марз» дар Тоҷикистон дар самти бемории сил кор мебарад. Ду лоиҳа дорем, яке дар шаҳри Душанбе дигаре дар шаҳри Кўлоб татбиқ мешавад. Мо бемориҳои сили ба доруҳо тобоварро табобат мекунем. Бемории сил сад дар сад табобатшаванда аст. Осиёи Маркази бештар одамоне гирифтори бемории сил мешаванд, ки ҳолашон ва вазъи зиндагониашон аз ҷиҳати иқтисодӣ хуб нест. Аз оилаҳои камбизоатанд. Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ният дорад, ки бемории силро на танҳо дар кишвари Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон аз байн бибарад. Ин ташкилот барои муборизаҳояш ҷиҳати коҳиши сил дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дарёфти Ҷоизаи Нобел сарфароз шудааст.
Давлатмурод Каримов, корманди пешбурди саломатии Созмони духтурони бидуни марзи Ҳоланд дар Тоҷикистон гуфт:
– Бемории сил бемории умумиҷаҳонӣ аст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, ки барои паст намудани сатҳи гирифторшавӣ ба ин беморӣ дар миёни аҳолии замин мубориза барад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ стратегияе қабул намудааст, ки зери он санад аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон имзо гузоштааст.
Роҳҳои коҳиши гирифторшавӣ ба бемории сил дар Тоҷикистон боло бурдани огоҳонидани мардум аст. Боло бурдани сатҳи маърифтанокии тиббӣ. Маърифатнокии ҳуқуқӣ ва огоҳ будан аз ҳуқуқҳои шаҳрвандиву фитрӣ.
Таҳмина Назирова, корманди пешбурди саломатии Созмони духтурони бидуни марзи Ҳоланд дар Тоҷикистон иброз дошт:
– Сил бемории сироятие мебошад, ки сирояткунандаи он бемори мубтало ба микробактерияи сил аст. Чубчамикроби кох аст, ки онро бо чашм дида намешавад, онро танҳо бо заррабин метавон дид. Шахси бемор сулфа мекунад, атса мезанад ё баланд гап мезанад ва бо ин амалҳояш метавонад одамони атрофро ба ин беморӣ сироят кунад. Ин беморӣ бо роҳи нафас мегузарад.
Он шушӣ ва ғайришушӣ мешавад. Микробактерия аввалан дар шуш ҷо мегирад. Шуши инсонро сироят мекунад. Бемории сил на танҳо дар шуш мешавад. Дар дигар узвҳои бадан низ мешавад. Ғайр аз нохун, дандон, мўи сар дар ҳама узви инсон шуданаш имкон дорад.
Тамоми бадани инсон метавонад ба бемории сил гирифтор шавад. Дар зиёда аз 80 дарсади одамон ба бемории сили шушӣ гирифтор мешаванд. Зеро ин намуди бемори сироятёбанда аст, инсон ҳам худ бемор аст ҳам дигаронро сироят мекунад.
20 дарсад ба бемории сили ғайришушӣ гирифтор мешаванд. Одами бемор дигаронро сироят намекунад.
Шамсиддин Ҷумъаев, духтури силшиноси ҳамин лоиҳа гуфт, ки дар 5-6 соли охир ҳамасола дар Тоҷикистон то 5-6 ҳазор беморони сил ба қайд гирифта шудаанд. Дар кишварҳои пешрафтаи дунё бемории сил бештар дар пиронсолон мушоҳида мегардад. Дар Тоҷикистон аз синни 20 – 25 сола то 45 соларо фаро мегирад. Ин қувваи кориест, ки ҷомеаро пеш мебарад. Ин нигаронкунанда аст.
Бисёриҳо намедонанд, ки ба бемории сил гирифторанд. Фикр мекунад ки шамол хурданнд. Ё зукоманд. Инро ташхис нишон медиҳад. Надонистан ва саривақт ба мутахасис муроҷиат накардан боиси рушди беморӣ мешавад.
Ин тамрин бо назарияву амалиё ҳамроҳ буд ва касоне, ки бо ширкаткунандагон суҳбат карданд, дар охир ба суолоташон посух доданд.
Раҳима Азам,
бахши матбуот ва ҷомеа.