Донанд ҳамагон шаҳди гуҳарбор китоб аст…
Назора намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳини шиносоӣ бо Китобхона ва дидан кардан аз толорҳои хониш ва ҳамчунин осорхонаи шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир бисёр ҷолиб буд. Ин меҳмонони наврас бо як шавқу завқи мафтункунанда ҳар як ҷузъиётро аз худ мекарданд ва теъдоди зиёдашон ба узвияти Китобхонаи миллӣ шомил шуданд. Гуфтан бамаврид аст, ки аз тамошои намоиши китобҳои Китобхона чашмони меҳмонони китобдӯсту китобхон медурахшиду гули рӯяшон мешукуфт.
**** **** ****
Дар Муассисаи Давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз идома дорад. Бояд зикр кард, ки Китобхона рузҳои 4-ум ва 5-уми сентябрро Рӯзи дарҳои боз элон кардаву имрӯз рӯзи дуввуми он аст. Китобхонаи миллӣ имрӯз ҳам садҳо нафар, балки зиёда аз ҳазор нафар меҳмонон: чи хурду чи калон, чи шаҳрванди хориҷиву чи шаҳрванди Тоҷикистон, чи донишҷӯ ва чи хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ва чи олимону зиёиёнро дар оғӯши худ ҷой дод.
Меҳмононро дар сайру шиносоӣ бо Китобхона роҳбаладон раҳнамоӣ мекарданд. Дар баробари намоиши китобҳои нодиру серхонандаи Китобхона ҳамкорони рушд ва корхонаву ташкилотҳо, аз ҷумла ширкатҳои алоқаи мобилии «МегаФон Тоҷикистон» ва Tcell, Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Шоколате” имрӯз ҳам Китобхонаи миллиро дастгирӣ намуда, намоиши маҳсулоти худро ба маърази тамошои меҳмонону ҳаводорони китоб ва кормандони муассиса гузоштанд.
Ҳамчунин васоити ахбори омма – расонаҳои хабарии давлативу ғайридавлатӣ аз рафти Рӯзи дарҳои боз гузоришу мусоҳибаҳо пешкаши ҳаводорон намуданд, ки далели таваҷҷуҳи онон ҳам ба китоб ва ҳам ба Рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аст.
Назора намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳини шиносоӣ бо Китобхона ва дидан кардан аз толорҳои хониш ва ҳамчунин осорхонаи шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир бисёр ҷолиб буд. Ин меҳмонони наврас бо як шавқу завқи мафтункунанда ҳар як ҷузъиётро аз худ мекарданд ва теъдоди зиёдашон ба узвияти Китобхонаи миллӣ шомил шуданд. Гуфтан бамаврид аст, ки аз тамошои намоиши китобҳои Китобхона чашмони меҳмонони китобдӯсту китобхон медурахшиду гули рӯяшон мешукуфт.
Мутаассифона, ягонто аз нашриётҳои ватанӣ намоиш ва фурӯши китобҳои худро баргузор накарданд. Ҳол он ки дар ин рӯз фурсати хубе барои фурӯхтани китобҳои худро доштанд.
Мо аз ҳамаи меҳмонону ҳамкорони рушд ва намояндагони ВАО арзи сипос намуда, барояшон дар фаъолияти илмӣ, меҳнатӣ, эҷодӣ ва рушди ҳамаҷониба муваффақият ва фирӯзиҳо таманно дорем.
Аминем, ки ин иқдоми пешгирифта – баргузории “Рӯзи дарҳои боз” дар роҳи таблиғи китобу китобхонӣ ва ҷалби омма ба китобхонаву китобхонӣ таъсири басо муҳим мегузорад.
Махфират Муҳиддинова
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа