Донишномаи Фарҳанги  мардуми  тоҷик. Ҷилди 8

Донишномаи Фарҳанги  мардуми  тоҷикҶилди ҳаштуми “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” то талошу кӯшиши Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик” аз чоп баромад. Ин ҷилд вижаи ҳунарҳо буда, асосан дар бораи ҳунарҳои мардумӣ маълумот додаву хонандаро бо сайри таърихии ин ҳунарҳо ошно сохтааст. Ҳоло ин китобро хонандагон метаовнанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои мутамаддини ҷаҳон буда, дорои фарҳанг ва суннатии қадимтарини моддию ғайримоддӣ мебошад. Дар замони муосир бо шарофати истиқлоли кишвар таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳё ва рушд додани фарҳанги миллӣ, аз ҷумла, ҳунармандӣ, беш аз пеш меафзояд. Ба аҳли пешаву ҳунар дастгирӣ ва ғамхорӣ дар шаклҳои гуногун зоҳир мешаванд.

Аз ҷумла, таъсиси Донишкадаи давлатии санъати рассоммӣ ва дизайн, Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Истаравшан ва омӯзишгоҳҳову ҳунаристон ва мактабҳои санъат аз дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳунармандӣ ба шумор меравад. Аз ҷумла, бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи 47 муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе «Марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир» таъсис шуданд, ки ба ВМКБ 1, вилоятҳои Суғд 15, Хатлон 16, шаҳри Душанбе 6 адад ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 9 адад рост омада, аз рӯйи 50 касбу ҳунари миллӣ ва муосир шунавандагонро ба курсҳои кӯтоҳмуддати 1, 2 ва 3-моҳа ба омӯзиш ҷалб менамоянд.

Соли 2003 Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба Ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ қабул шуд ва то имрӯз кишварҳои зиёде, аз ҷумла Тоҷикистон (с. 2010) шомили он гашта, намунаҳои беҳтарини фарҳанги ғайримоддии худро дар феҳристҳои ЮНЕСКО сабт кардаанд. Ҳар як кишвар вазифадор аст, ки намунаҳои фарҳанги моддию ғайримоддӣ ва табии сарзамини худро ҳифз кунад ва ЮНЕСКО дар ин самт барои муаррифӣ ва ҳифз мусоидат мекунад. Вобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримодии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020»-ро татбиқ намуда, тибқи он барои ҳифзу эҳё ва густариши фарҳанги ғайримоддии миллӣ чораву тадбирҳои зарурӣ ва сарвақтӣ андешида шуданд. Идомаи ин барнома барои солҳои 2021-2025 таҳия ва тасдиқ шуда, мавриди иҷро қарор дорад. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз 5 унсури фарҳанги ғайримоддӣ дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт шудааст, ки яке аз онҳо марбут ба ҳунари мардумии «Чакан – ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, соли 2018 вориди феҳристи мазкур гаштааст.

Таҳияи Фарҳоди Салим, шуъбаи мукаммалгардонии фонд.