“Донишномаи мухтасари кўдакон ва наврасон”
Имрўз илм собит намудааст, ки ташаккули биологии майнаи кўдак дар шаш соли аввал аст ва баъд аз он қатъ мегардад. Ва ҳар донише, ки кўдак ба ҳангоми ташаккули майна (яъне то ҳафтсолагӣ) бармедорад, дар майнаи ў барои ҳамешагӣ нақш мебандад, чунонки бузургони мо гуфтаанд «ба манзалаи нақш дар санг» аст. Донишманди маъруфи замони муосир Гленн Доман (1919–2013), ки китобҳои ў аз серхаридортарин китобҳои олами имрўз дар бахши таълиму тарбияти кўдаканд, мефармояд, ки ҳар қадар бо кўдак дар солҳои аввали ҳаёти ў машғул шавем, нерўи ақлониаш ба ҳамон андоза зудтар инкишоф меёбад ва ҳар чӣ зиёдтар ҳаракат кунад, инкишофи майнаи ў бештар сурат мегирад. Кўдакони ду–сесола метавонад ба осонӣ хондан, ҳисоб кардан, расм кашидан, давидан, оббозӣ кардан, конкитозӣ кардан, мусиқӣ навохтан ва бо чандин забони хориҷӣ ҳарф заданро биомўзанд. Ва барои ин заҳмати бештаре лозим нест, зеро майнаи кўдак маҳз барои омўхтан барномарезӣ шудааст. Доман меафзояд, ки пас аз сесолагӣ инкишофи босуръати майна суст ва дар ҳафтсолагӣ амалан қатъ мегардад. Ва танҳо пас аз ин таълими расмӣ дар мактаб шурў мешавад.
Иқтибосе буд аз сарсухани донишманди тоҷик Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ ба китоби “Донишномаи мухтасари кўдакон ва наврасон”. Ин китоб соли 2013 дар интишороти “ЭР-граф” дар ҳаҷми 564 саҳифа чоп шуда буд ва чуноне аз номаш пайдост, барои кӯдакону наврасон аст.
Донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, падид омадани тамаддун, муъҷизаҳои таърихии олам, дар шинохти ниёгони тоҷикон, давлатҳо ва сулолаҳои ҳукмрони эронитаборон аз қадим то давраи нави таърихӣ, маълумот дар бораи ҷирмҳои осмонӣ, техника, олами ҳайвоноту наботот ва одам, маълумоти мухталифи ҷуғрофиёӣ, санъат ва ғайраҳоро дар бар мегирад. Бештаре аз маводи ин китоб вобаста ба таърихи миллати тоҷик ва ғановати табиии Тоҷикистон аст.
Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ дар сарсухани муфассали худ аз ҷумла менависад, ки “Дар донишномаҳои бачагона тамоми маълумот бо забони содаи адабӣ, ки бар ҳама фаҳмо ва ҳам шавқовар буда бошад, фароҳам меоянд. Чунин маълумот на танҳо барои кўдакону наврасон балки барои калонсолон низ лозиманд. Ин донишномаҳо ҳамчунон барои тамоми хонандагону донишҷўён заруранд, инчунин барои нигаҳдорӣ ва тақвияти савияи маърифатии хатмкардагони кулли макотибу донишгоҳҳои мамлакат, ки минбаъд аз таълиму тадрис канда мешаванд, то даврони пирию барҷомондагӣ судманданд. Мавҷуд будани чунин китоб дар ҳар хонадон хоҳ-нохоҳ аҳли онро маҷбур месозад, ки ҳама аз он истифода кунанд: махсусан кўдакон, ки табиати кунҷковии онон бештар аст, дар дарёфти маонии он бузургсолонро ҳамчун мураббиву муаллим маҷбуран ба мутолааву таълим мекашанд, яъне, донишномаҳои бачагона ҳамеша муаллиму мураббӣ доранд. Чунин китобҳо танзими волоияти донишу маърифатро дар миёни аҳли хонавода, ба истилоҳ «аз 7 то 70-сола» мунтазам нигоҳ медоранд, ки бад-ин восита таъмини оммавии илму дониш дар миёни аҳли кишвар устувор боқӣ мемонад ва бесаводию бедонишӣ аз миён меравад. Ҳар мамлакате ки дар ин авохир аз чунин сирр огоҳ шуд ва онро амалӣ кард, дар миёни дигар мамолик пешраву мутараққӣ гардид”.
Донишнома барои кўдакони аз 8-сола боло ва доираи васеи хонандагон таҳия шудааст ва ҳар кас агар онро боре варақ мезанад, ҳатман барои худ чизе аз дониш пайдо мекунад.
Китоби пурарзиши “Донишномаи мухтасари кўдакон ва наврасон” ҳоло дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ вуҷуд дорад ва хонандагон метавонанд аз он бемалол истифода намоянд.