Достоне пур аз ормон. Бардоште аз румони “Замини модарон”, навиштаи Шаҳзода Назарова (ВИДЕО)
Чанд соли охир аз ҷониби пажӯҳишгарони ватаниву хориҷӣ насри нависанда Шаҳзода Назарова матраҳ мешавад ва ҳарфи тозае, дар баробари таълифоти устодон гуфтан корест душвор. Пас аз мутолиаи румони “Замини модарон”-и Шаҳзода Назарова, ки зеҳнамро ба худ андармон кард, зарур донистам чанд ҳарфе аз бардошти худ нисбат ба ин румон бигӯям.
Насри занонро, ки баёни отифонае дорад, бо эҳтироси зиёд мехонам. Мавзуоти муҳимеро, ки зеҳни башарро ҳамеша банд сохтаанд, дар осори нависандагони зан, монанди Ҳерто Мюллер, Светлана Алексиевич ва Людмила Петрушевская бештар мушоҳида кардаам. Дар насри нависанда Шаҳзода Назарова низ ғояҳои инсонӣ бо ҷавҳари ҳунари достонгӯйии ӯ, ки аз фардият ва зеҳният таркиб ёфтаанд, намои иҷтимоӣ ва фалсафиеро ифода мекунанд.
Нахустин нуқтае аз румони “Замини модарон”-и нависанда Шаҳзода Назарова, ки бидуни тардид ҳар мухотабро ба шигифт меандозад, маҳз саҳнаи оғози достон аст: “Модар дар нимрӯзи тобистон канори мазраа рӯ ба осмон хобида аст. Дар ҳоли ба дунё овардани ман аст”. Ин саҳнаи таваллуд шудани Офтоб – гӯяндаи воқеоти румони мазкур аст. Офтобе, ки дар мазраа таваллуд мешавад, дар мазраа заҳмат мекашад, аз зовияи мазраа ба атроф менигарад ва ҳамаро бо мазраа баркашида, маърифат мекунад. Офтобе, ки зиндагияш шабеҳи зиндагии модараш буда, маҳз замин пайванддиҳандаи ин ду тимсол аст. Гӯяндаи достон дар заминаи ин тимсол, ки бо рӯҳия ва воқеияти замон омезиш ёфтааст, ба дарки оламу одам мепардозад.
Асари ҳунарӣ бояд посухгӯй ба ниёзе бошад. Дар ин румон нависанда кӯшидааст, то аз ҳақиқати иҷтимоии замони Шӯравӣ пардабардории возеҳе кунад. Ин румон дар насри муосири тоҷик падидаи наҷибест, ки ба ниёзҳои бештари мухотаби ҳақиқатҷӯ посух медиҳад.
Муаллиф дар масири навишти достон ба кашфи тасаввуроти инсонӣ даст задааст. Дар осори Шаҳзода Назарова муроҷиат ва расидагии равонӣ нисбат ба воқеоти достон бештар ба назар мерасад, ки барои тақвияти сухан мисоле аз румони “Замини модарон” меорем: “Роҳ мерафтем ва суолҳои берабт мекардем ва шояд ў низ нисфунимаи ҳақиқатро мегуфт. Гоҳе ҳолате ба ман даст медод, ки гузашта ва ояндаи афрод бароям муҳим набуд, муҳим ҳузурашон аст. Ҳузури дилнишине, ки маъмулан ё нигоҳи гирое доштанд ва ё нишоне аз хубӣ, ки аз ҳолати самимияшон пайдо буд. Ва ё ба қавли модар, ситораҳои афрод ба ҳамдигар мутаносиб меоянд ва агар бо ҳам бегона ҳам бошанд, эҳсоси наздикӣ ва роҳатӣ мекунанд”.
Аввалин таърифи банда дар мавриди румони “Замини модарон”-и нависанда Шаҳзода Назарова танҳоӣ ва саргаштагиҳои инсони мудерн аст. Саргаштагиҳое, ки маншаъашон иҷтимои замон аст ва барои ворастан аз он иҷтимоъ ҷуз паноҳ бурдан дар он имкони дигаре нест. Барои исботи ин фикр зарур аст чанд ҷумлае аз румон биёрем: “Худро дар пӯсти худ бегона эҳсос мекунам. Чанд сол аст, ки ин ҳисро дорам. Вақте ба ойина ва ё чашми касе менигарам, мефаҳмам, ки ман оне нестам, ки мехостам бошам. Медонистам, ки танҳо ҷое, роҳатам, саҳрост”.
Нависанда дар радифи достонгӯйӣ пайгири баёнгари авзоъ ва ҷузъиёти рӯҳияи қаҳрамонҳояш аст ба ин маънӣ метавон гуфт, ки фасеҳияти равони қаҳрамонҳо достонро барҷаста сохтаанд. Равони қаҳрамони асар нисбат ба равони замонӣ тағйир меёбад ва мазомини аслии румон дар он шакл мегирад. Дар ин зимн метавон гуфт, ки муҳимтарин вижагии достонгӯйии муаллиф зеҳнияти ӯст. Зеҳнияте, ки аз воқеияти достон барҷаста аст. Ҳар нависанда дар асари хеш ҷаҳони фардияшро халқ мекунад ва ҳадди комили офаридани воқеият аз равшанфикрии нависанда вобастагӣ дорад. Бешак, танҳо нависандаи рашванфикр метавонад, ки ғанои фикрияшро тавъам бо вуқуфи зарурӣ дар шакли зебое рӯйи қоғаз бирезад. Мутаваҷҷеҳи ин сатрҳои румон бошед: “Ҳазорон нафар зану мард ҷамъ шуда буданд ва бо шавқ замин меканданд, роҳ боз мекарданд барои об, барои роҳи баргашти об ба дарё. Дақиқан бо ҳамон шевае, ки чандин даҳсола пеш ҳама обҳое, ки ба дарёчаи Арал мерехт ба заминҳои кишт, заминҳои панба фиристоданд. Аммо дигар дер аст. Арал дилшикаста ва аз надидани таваҷҷуҳ даст ба худкушӣ задааст. Зарра-зарра обҳои ширинашро ба заҳр табдил карда ва ба атрофиёнаш додааст. Бе ишқ, ҳатто дарё ҳам нотавон аст”.
Ва ё:
“…Модар дар дафтари ёддошти худ навишта буд: Агар аз дастам бармеомад, роҳи оби уқёнусро боз мекардам ба сӯи Осиё, ба сӯйи Арал, ба сӯйи Зарафшон, ба сӯйи биёбонҳои сӯхтаи Самарқанд, Бухоро”.
Шаҳзода Назарова тавониста, ки фардияти комил ва фарогире бунёд кунад. Яке аз муҳимтарин хусусиёти румони мазкур дар он аст, нависанда дар он натанҳо “ман”-и фардӣ, балки “ман”-и ҷамъиро инъикос намудааст. Ин ҷиҳат равшанфикрии нависандаро бештар аён месозад.
Ҳунари баланди нависандагӣ дар матраҳи воқеияти башарӣ ва таърихӣ зоҳир мегардад. Шаҳзода Назарова низ дар баёни воқеият аз худ маҳорати баландеро нишон додааст. Тасвирҳои дақиқ, танаввуъ ва зарфияти фирк, истифодаи истилоҳоти зебо аз ҳунари нависандагии муаллиф дарак медиҳанд. Нависанда барои мувофиқати румонаш ба қолаби румони воқеӣ ва муосир кӯшиши пурборе кардааст. Аз ин рӯ он дар қолаби синамо мувофиқ аст ва синамоӣ кардани чунин асаре самараи хубе медиҳад.
Ба андешаи ман румони “Замини модарон” дар баробари баёни отифонааш, фиғони ҷонкоҳи муаллиф аз иҷтимои замонаш аст, ки ҳар мухотаби равшанзеҳн онро ба хубӣ дарк мекунад. Аммо дар ин ҳолат танҳо ишқ наҷотбахши башар аст, ки ба он қаҳрамони марказии румон низ муътақид аст: “Зиндагониро аз замин омӯхтам ва сабки зиндагӣ карданро аз трактори сурхранги колхоз, ки таку танҳо дар авҷи шайдоӣ бо замин ишқ меварзид. Дар ҳама фасли сол бо шеваҳои мухталиф бо он ишқбозӣ мекард. Вале ҳеч гоҳ таркаш накард”.
Ҳусайн МАҲМУДОВ,
рӯзноманигор