Достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Муҳаммад ибни Сулаймон Фузулӣ
Муҳаммад ибни Сулаймон Фузулӣ инчунин ба эҷоди маснавӣ ё достони ишқии “Лайлӣ ва Маҷнун” пардохтааст, ки адабиётшиносон достони фавқуззикрро авҷи ҳунари эҷодии шоир медонанд. Фузулӣ, чун анъана достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-ро дар пайравӣ аз шоирони қабл аз худ, ба монанди Низомии Ганҷавӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ки ба навиштани ин асар пардохтаанд, навиштааст.
Фузулӣ ба фарқ аз Низомӣ ва шоирони дигар ба ин достон 22 ғазал, 2 мураббаъ ва 2 муноҷот илова намудааст.
Аз достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Фузулӣ дар Китобхонаи миллӣ 3 нусхаи дастнавис таҳти рақамҳои инвентарии 305, 554 ва 841 маҳфузанд. Нусхаи хаттии таҳти рақами 841 дар муқоиса ба 2 нусхаи зикршуда қадимтару комил ба назар мерасад ва бо хати зебои настаълиқи хоно нигошта шудааст.
Дастнавис дар ду сатр дар ҷадвали бо рангҳои кабуд, сурх бо оби тилло ё зарҳалӣ оро дода шудааст. Нусхаи хаттӣ аз 118 варақ иборат буда, дар ҳар як варақ 13 сатрӣ ҷой дода шудааст.
Сарлавҳаҳо бо ранги қирмизӣ навишта шудааст. Ному насаби котиб дар нусха вуҷуд надорад.
Оғози нусха:
Алҳамду ли-воҳиб-ил-ъатоё,
Вал-шукр ли-холиқ-ил-бароё
Ҷилди нусха ҷигариранг ва гирдогирди саҳифаҳо бо рангҳои зарду сурх ва занҷираҳо оро дода шудааст. Дар ҷилди пушт ва рўйи нусха 6 адад турунҷ ва сартурунҷҳо мавҷуд мебошанд.
Шукрона Каримзода,
сармутахассиси шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир