Достони Мену хирад

Достони Мену хирадДостони “Мену хирад”-яке аз ҷолибтарин намунаҳои насри паҳлавӣ аст, ки матолиби зиёди ахлоқиву фалсафӣ ва диниву асотириро дар бар мегирад. Соли 2014 Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аз силсилаи “Тоҷнома”.Тоҷикон дар масири тамаддун”  ин достони ҷолибу қадимаро мунташир кард.

Чанд иқтибос аз ин китоб:

Пурсид доно аз Мену хирад, ки чӣ гуна метавон  хост  нигаҳдорӣ ва осоиши танро ҷудо аз зиёни равон ва раҳоиши равонро ҷудо аз зиёни тан?

Мену хирад посух кард, ки он ки аз ту кеҳтар (аст), ӯро  ҳамто дор, он ки ҳамтои туст, ӯро меҳтар  ва он ки  меҳтар (аст),  ӯро солор ва солорро ба сарварӣ дор. Сарваронро  ягона  ва нарму некчашм бош. Бадгӯи макун , то ба ту бадномиву бадкорӣ нарасад…

Ба беш кардани кори нек кӯшо бош, то дар ҷаҳони  мену ба фарёдат расад. Ба ҳеҷ некии гетӣ бовар макун, чи некии гетӣ ҳамчун абрест, ки дар баҳорон ояд, ки ба ҳеҷ кӯҳ бознапояд. Гетиорой мабош, чи марди гетиоро табоҳкунандаи мену бувад…

Пурсид  доно аз Мену хирад, ки кадом кори нек меҳтару  беҳтар (аст)?

Мену хирад посух кард, ки меҳтарин кори нек родӣ ва ду дигар ростӣ ва издивоҷ бо наздикон, се дигар ҷашни Гоҳонбор, чаҳорум ҳама (дастуроти) динро (ба ҷой овардан), панҷум парастиши Яздон ва меҳмонии мусофирон кардан, шашум барои ҳар кас некӣ хостан, некчашмӣ ба некон (кардан)…

Пурсид доно аз Мену хирад, ки кадом замон шодтар (аст)?

Мену хирад посух кард, ки замине шодтар аст, ки марди порсои ростгуфтор дар он хонумон кунад. Дуи дигар (замине, ки) хонаи оташҳоро дар он кунанд. Ва сеи дигар он ҷой, ки говону гӯсфандон дар он хобанд. Чаҳорум замини киштнашуда ва нообод, (ки онро) боз ба кишту ободонӣ оваранд. Панҷум (замине), ки лонаи ҳайвоноти зиёноварро аз он бикананд.  Шашум (замине), ки парастиш ва омаду рафти эзидон ва нишасти некон дар он бувад. Ҳафтум чун (замини) вайронро обод кунанд. Ҳаштум чун аз мулкияти бадон ба мулкияти некон расад. Нуҳум чун бару самаре, ки бувад ба яздону некон ва арзониён баҳра (диҳад). Даҳум (замине), ки оби зуҳр ва язиш дар он кунанд.

“Достони Мену хирад” соли 2014 дар ҷилди аввали “Мероси хатии Бостон” нашр шудааст. Ин китобро Китобхонаи миллӣ аз силсилаи “Тоҷнома”, Тоҷикон дар масири тамаддун” чоп карда буд.

Шакли электронии китоб инҷост:  “МЕРОСИ ХАТИИ БОСТОН

 

Таҳияи мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”

 Шаҳноза Орипова