Довталабе, ки бори панҷум ба даври ниҳоӣ расид….

Анушервон РаҳимовИмрӯз (24.11.2025) сабқат миёни гурӯҳи сеюми довталабон (донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ), баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо) ба итмом мерасад

Анушервон Раҳимов донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи давлатии Данғара аз рӯи ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ иштирокчии даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияи адабиёти классики тоҷик мебошад. Ин соли 5-уми ширкаташ дар Озмун буда, 120 ғазал, 180 рубои ва дубайти, 300 байт достон, 100 байт қасида, 170 байт дигар навъҳои шеъриро аз худ кардааст. Ӯ дар 3 давр сазовори ҷойи аввал гардида ва бо тайёрии ҷиддь ба даври ниҳоии Озмун омадааст.

Анушервон мегӯяд, ман ба тамоми саволҳои аъзои ҳакамон посухи дуруст додам. Доварон сахтгир набуданд, шахсе, ки китобҳоро бо диққат ва дуруст мутолеа кара бошад, бояд ба саволҳо ҷавоб гуфта тавонад. Ман аз хурдь мутолеаи китобҳои гуногунро дӯст медоштам ва барои омодагь дар Озмун падару модарам ва устодонам маро дастгирь карданд. Ҳадафи иштирок карданам дар Озмун, дониш ва малакаи хешро тақвият додан ва ғолиб шудан дар ин Озмуни бонуфӯз аст.

Ба ҳамсолонам тавсия медиҳам, ки вақти қиммати хешро беҳуда сарф накунанд ва аз шароитҳои фароҳам шуда истифода бурда дар чунин Озмун ширкат варзанд. Зеро ширкат дар Озмун инсонро қавиирода карда, шахсро пайваста ба мутолеаи китоб машғул мекунад.

Ганҷина ҶОЛАЕВА,
мутахасиси бахши
матбуот ва робита бо ҷомеа.