Ду дар як. “Афсонаҳои заррин ва симин”

Афсонаҳои заррин ва симинДар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳе ду маротиба барномаи “Китоби нав” сабт мешавад. Ин барнома баҳри ташвиқу тарғиби китобҳои шавқовару пандомез, ки завқу табъи китобхониро дар  кӯдакону наврасон боло мебардорад, равона гардидааст.

Меҳмони навбатии барнома китоби нависандаи чех Божена Немсова бо унвони “Афсонаҳои заррин ва симин” мебошад. Дар асл ин ду китоби алоҳида  “Афсонаҳоги заррин” ва “Афсонаҳои симин” буда, таҳти як маҷмӯа нашр шудаанд. “Афсонаҳои заррин” аз тарафи Абдулло Зокир соли 1981 тарҷума шуда, тарҷумаи “Афсонаҳои симин” маҳсули қалами Ҷумъа Одинаев (1984) мебошад.

Ровии барномаи “Китоби нав” Холид Шарифов бо чанд афсонае аз ин маҷмӯа бачаҳоро шинос намуда, ҳисси кунҷковии онҳоро бедор намуд.

Афсонаи аввале, ки Холид Шарифов манзури тамошобинон намуд, “Гулак” буд. Ин афсона аз бовафоиву босабрии духтараке қисса мекунад, ки барои наҷот додани падари хеш аз мушкилиҳо наметарсад.

Афсонаи дигар “Писараки гумгашта“ ном дошта, аз тақдири ҷавоне , ки мубталои сеҳру ҷоду гаштаасту тамоми мардуми шоҳигарӣ барои наҷоти ӯ мекӯшанд, нақл мекунад. Маҳз ақлу заковат ва хиради духтарак тавонист шоҳзодаро аз банди сеҳру ҷоду раҳо диҳад.

Хирад раҳнамою хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.
Ҳамеша хирадро ту дастур дор,
Бад ӯ ҷонат аз носазо дур дор.

Афсонаи сеюми манзури кӯдакон гардонидаи Холид Шарифов “Заргар” ном дошта, аз сарнавишти Радош ном ҷавони ятиммонда ҳикоят мекунад. Чи гуна ӯ шогирди зргар шуд ва дар натиҷаи кадом воқеаҳо озодиро ба даст овард? Барои посух гирифтан ба чуниин суолҳо шумо метавонед китоби Божена Немсова “Афсонаҳои заррин ва симин”-ро мутолиа кунед, тавсия медиҳад Холид Шарифов.

Лозим ба ёдоварист, ки барномаи “Китоби нав”  китобҳои нав ба чопрасидаро ташфиқу тарғиб намуда, бо ин васила завқи китобхониро дар  кӯдакону наврасон боло мебардорад.

Махфират Муҳидинова, бахши
матбуот ва робита бо ҷомеа