Ду шеър аз Эдуардас Межелайтис

Эдуардас МежелайтисЭдуардас Межелайтис яке аз шоирони номвари Иттиҳоди Шуравӣ, барандаи Ҷоизаи Ленинӣ, раиси правленияи Иттифоқи нависандагони Литва ва Шиоири халқии Литва буд. Ӯ  3-уми октябри соли 1919 ба дунё омада, 6-уми июни соли 1997 дар синни 77-солагӣ тарки олам кардааст.

Аввалин шеъраш соли 1935 чоп шудаст. Аз он пас китобҳои зиёди ў ба номҳои «Инсон», «Офтоб дар меҳроб», «Автопортрет»,  «Сангҳои бегона», «Булбули ман, «Чархи фалак», «Кардиограмма», «Меҳмонони баҳор», «Шабпарак», «Нон ва сухан» «Қайдҳои манзум ва мансур» аз чоп баромадаанд.

Шеърҳои Эдуардеса Межелайтис ба бисёр забонҳои дунё тарҷима шудаанд ва эҷодиёти ў дар миқёси ҷаҳон шўҳрат дорад.

Дар зер ду шеъри ӯро дар тарҷумаи Убайд Раҷаб ва Лоиқ Шералӣ меорем.

ЗАНГ

1

Дам фурў каш ту, эй нидо.

Бигузор,

Дили пурдарди ман бинолад зор,

Ки варо симхори занголуд

Дар сари роҳ боз дод озор.

 

Ба куҷо мебарам варо, ба куҷо?

По ниҳодам ба раҳ басе хомўш.

Аз гули зард шохае оё

Мебарам аз барои зинати гўш?

 

На, на! Ҳаргиз наяст шохаи гул.

Бошад иқрор гаштанам душвор –

Будам андар тамоми роҳи сафар

Дар бари симхор роҳсипор.

 

Чанбари дафн рўи каф, дили ман,

Гарчи месўхт байни оташи дард,

Дар шаби тирамоҳи зулмонӣ

Нури хуршед ҷустуҷў мекард.

 2

Дили ман ҳар куҷо, ки рў овард,

Ҳалқаи хори ту асираш кард,

Эй симхор!

Сар кашидӣ зи зандақу сангар

То ниҳӣ нақши худ ба рўю сар,

Эй симхор!

Нарди ту, кўҳна аст ё ки навин,

Ҳама аз захми хунфишони замин,

Эй симхор!

Конслагер туро саробон шуд,

Нўши ҷони ту ҷисм шуд, ҷон шуд,

Эй симхор!

Бешаи сабзро ба бар кардӣ,

Сўи гурдун баланд сар кардӣ,

Эй симхор!

Печ даври замин задӣ, чун мор,

Ки набахшад замини дилозор,

Эй симхор!

Шод будӣ зи чок кардани тан,

В- аз паёпай бурида,

Неш задан,

Эй симхор!

Баъд аз ин ҳар куҷой дидам агар,

Маҳви ҳайрат насохтӣ дигар,

Эй симхор!

Бехун, аз ташнагӣ, шудӣ лоғар,

Занг бастӣ,

Шудь заиф дигар,

Эй симхор!

 3

Дур рафтанд сояҳои шум

Дили ман мебарояд аз шаби тор.

Аз дили сим боз мегузарад,

Шуълаи нарми офтоби баҳор.

 

То шавад гарм дил нишаст ба санг,

Рамақе дар бадан зи ҷон дорад.

Қатраи вопасини занголуд,

Гулаки зард дар даҳон дорад.

4

Занг набвад,

Нишони хуни мост,

Гарди оташ

Ва нақши мўҳри балост.

Нақши ин зангро

Кӣ мегўяд?

Бо дами қатрааш кадом амвоҷ

Аз рухи ин замин ҳамешўяд?

Туфу бар ту,

Ба ҷумла асру замон

Бод, эй симхор!

Мегўям,

Ба нидои баланд, чун инсон.

 5

Аз гули зард шохае дорам,

Шохаи зангбастае аз хор,

Ёди мозӣ намекунам дигар,

Ки нагардад адо ба як гуфтор.

 

Ашк гирад фақат гулўи маро,

Ҳарфи дигар наёядам бар гўш.

Тани танҳо ду тан – Хамўшию Ман,

Дар гузаргаҳ ситодаем хамўш.

 

Дур аз дасти хеш андозем,

Шохаи симхори занголуд.

Тарки шаб гуфта рў ба раҳ орем,

Ки мунаввар зи шамси тобон шуд.

                                                                Тарҷумаи Убайд Раҷаб

 

ШАҲРЗОД

Дар мулки лоҷвардат боре набудаам ман,

Эй шаҳрзодаи ман, фирўза Шаҳрзода.

Дар обгир фитода маҳтоби заъфаронранг,

Аз ёди кишвари ту шўре ба сар фитода.

 

Пўшида чашмҳоро ман мапарам хаёлӣ,

Бар сўи кишвари ту, к- абру ғуборпўш аст,

Он ҷо, ки регҳо ҳам парвоз карда села,

Дар сафҳаҳои Қуръон хоҳанд таҳнишин гашт;

 

Он ҷо, ки дар баҳорон хонад ҳазордастон,

Дилинтизор бошад дар саҳни боғу бўстон

Гул ғунчаи лабонро бар булбулон кушода.

 

Дар баргҳои гулҳо гарду ғубор шинад,

Хоҳад ҷавонии ман он ҷо макон гузинад,

Эй Шаҳрзодаи ман, фирўза Шаҳрзода.

 

Боре надида рўят, дар хоб бинамат ман

Дар даштҳои тафбод, эй духтари сияҳмў.

Донам, ки гаҳ бароӣ бар пеши чойхона

маҳзуну дидагирён дар зери чархи мину.

 

Бо воҳаҳои хуррам дар даштҳои бедод

Бо корвон бирафта ёрат ба сўи Бағдод.

Оё дар он ғарибӣ ёри дигар нагирад?

Аз офтоби рўят оё биовард ёд?

 

Ишқ аст- оташин гул, ҳам кафки мавҷи дарё,

Чун сураҳои Қуръон накшуда ин муаммо.

Ишқ аст чун ҳилоли болои масҷиди дур,

Дар даштҳои бекас бонги дирост гўё.

Пушти тавораи боғ онро наметавон ёфт,

Эй шаҳрзодаи ман, фирўза Шаҳрзода.

 

Оё шунидаӣ ту, дар даҳр кишваре ҳаст

Он сўи рўду дарё, дар пушти куҳсорон?

Дар пои тўс он ҷо дўшизаи тилломўй

Пазмони ман нашинад ҳар шоми навбаҳорон.

 

Ба мушти хоки он ҷо яксар ҷаҳон наарзад,

Тўсу булут дорад дар пуштаю адирҳо.

Дар баҳри шом чун қу созад шинову зебост

Аз моҳи кишвари ту маҳтоби кишвари мо.

 

Бўсу канор кардам бо он нигор то шом,

Ёре бадеътар буд аз гулшани баҳорӣ.

Чун нопадид гарданд истораҳо зи гардун

Дигар варо набинӣ, мирӣ дар интизорӣ…

 

Бас соли ман гузашта чун сал зи рўи Неман,

Бар дўши хотири ман сарбори ғам ниҳода,

Эй Шаҳрзодаи ман, фирўза Шаҳрзода.

 

Эй кош дидамат ман имрўз ногаҳонӣ,

Дастони нозукатро бар сина мениҳодам.

Аз партави ҷамолат ман ёфта тасаллӣ,

Аз ишқи бебарорам асрор мекушодам.

 

Мегуфтамат ҳикоят аз ҳусни кишвари худ,

Аз баргҳои шумтол, аз навдаҳои печон,

Мегуфтамат ҳикоят аз дарди хотири худ,

Аз мўйҳои заррин, аз кокули парешон.

 

Эй кош бинамат ман бо чашми хеш боре,

Нили ду чашми худро бахшам ба ёдгорӣ,

Эё духтари биёбон, эй мешчашми саҳро

 

Аз хӯшаҳои ҷавдор хирвори зар бубахшам,

Қоқуи вотҳоро чун тоҷи сар бубахшам,

Бахшам ба ёдгорӣ ишқи ниҳони дилро.

Ишқ аст оташи гул, чун мавҷ носабур аст,

Ҳамчун ҳилоли бурҷи масҷидҳои дур аст.

Бонги дирост гўё аз корвони рафта.

 

Моро кунад мусофир дар даштҳои бедод,

Моро ғариб созад дар даштҳои Бағдод,

Эй Шаҳрзодаи ман, фирўза Шаҳрзода.

   Тарҷумаи Лоиқ     

МАНБАЪ: “Садои Шарқ”, соли 1969, №8

Таҳияи Фараҳнози Тоҳирхон,
мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ