ДУОИ ПИРИ КОР. Мутеулло Наҷмиддинов дар бораи адиб Собирҷон Иброҳимов

Китоби «Мероси умр”-и Собирҷон Иброҳимов, ки соли ҷорӣ дар шаҳри  Хуҷанд ба теъдоди 100 нусха чоп шудааст, ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ расид. Яке аз бахшҳои китоб “Дар бораи муаллиф” ном дорад, ки қатори дигарон нависандаи маъруф, марҳум Мутеулло Наҷмиддинов назарашро дар бораи адиб ва эҷодиёти ӯ иброз доштааст. Ҳамкорамон Шарофат Мирзоева ин навиштаро айнан рӯнавис кард ва ҳоло чун назари як адиби нуктасанҷ ба осори ҳамқаламаш онро нашр мекунем.

АДИБИ НОЗУКНАЗАР

 

      7-уми апрели соли 1980 ҳамроҳи мудири шўъбаи маорифи ноҳияи Ашт Абдусамад Воҳидов ва инструктори кумитаи ҳизби ноҳия Робиямоҳ Пўлодова (рўҳи дуяшон ҳам шод бод) иттифоқ афтода буд, ки ба мактаби миёнаи №18 қишлоқи Пунук равам.

     Деҳаи Пунук дурдасттарин гўшаи Тоҷикистон буда, дар доманаи қаторкўҳи Курама ва сарҳади Тоҷикистон Ӯзбекистон воқеъ гаштааст. Барои вохўрӣ бо мардуми ин диёр адибон ниҳоят кам меоянд. Мардуми деҳа дўстдорони адабиёти бадеӣ буда, асарҳои зиёди адибонро мутолиа мекунанд, вале шоиру нависандагонро хеле кам дидаанд ва ё надидаанд.

      Он рўз мулоқот бо хонандагон хеле шавқовар гузашт.Ҳини хайрбод муаллими забон ва адабиёти тоҷики ҳамин мактаб-ҷавони хушандому сафедчеҳраю марғуламўй Собирҷон Иброҳимов ба ман дафтари талабагиеро дода хоҳиш намуд, ки имкон ёфта ҳикояи ин дафтарро бихонам ва лозим донам, барои чопаш тавсия диҳам. Ман ҳикояро ба ҷои корам -рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло “Ҷумҳурият”) овардам.

     Ҳикоя дорои мавзўю мазмуни хуб буд ва дар он дарду алами пиразане тасвир мешуд, ки писари яккаву ягонаи дар ҷанг нобудшудаашро то ба хол интизорӣ мекашид. Дар ҳикоя ҳолатҳои рўҳию азобҳои пиразани танҳою бекас ва эҳтироми атрофиён нисбати ў бо сеҳри қалам тасвир гардида буд.

      Ҳикояро хонда, таҳрир намудам. Арафаи 35 -солагии Иди Ғалаба бар фашизми Германия буд. Ҳикоя 9 майи соли 1980 бо номи «Писарро нигарон аст» дар саҳифаи сеюми рўзномаи  «Тоҷикистони Советӣ» чоп шуд.

      Чоп шудани ҳикоя дар рўзномаи марказӣ Собирҷонро илҳому нерўи тоза бахшида, ба навиштани ҳикояҳои дигар ҳидоят менамояд. Навиштаҳои «Давоми Умр», «Нон ва торон», “Ҳамсояи нав», «Саховат», «Дўстии гусаста», «Муҳаббат мемонад» ва ғайраҳо дар матбуоти ҷумҳуриявӣ паи ҳам чоп мешаванд.

       Соли 1985 Собирҷон Иброҳимов дар озмуни умумиҷумҳуриявии адибону рўзноманигорон ширкат варзида, ғолиби озмун ва сазовори ҷоизаи озмун гардид. Соли 1990 бошад, маҷмўаи аввалини ҳикояҳояш бо номи «Давоми умр» тавассути нашриёти «Адиб» аз чоп баромад, ки ин аз соҳибистеъдолию серҳарактии Собирҷон дарак медиҳад

      Собирҷон зодаи ноҳияи Ашт аст. Ӯ якуми ноябри соли 1956 дар деҳаи Пунук дар оилаи яке аз шахсони накўному зиндаёди ин диёр Самиҷон Иброҳимов таваллул ёфтааст. Ӯ баъди хатми мактаби миёнаи деҳааш муддате чанд дар иншооти зарбдори он солҳо-сохтмони Ашти Калон ширкат варзид ва сипас барои таҳсил озими донишгоҳи муалллимии шаҳри Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) гардид. Баъди хатми донишкадаи мазкур дар мактаби зодгоҳаш муаллимӣ кард. Соли 1990-1996 раиси комичроия ва алҳол раиси ҷамоати деҳаи Пунук мебошад. Фаъолияти эҷодию сарварӣ барои Собирҷон тавъаманд. Ӯ шахси ҳассосу нозук аст. Ин хислатии шахсии ў ба асрҳояш низ бетаъсир намондаанд. Ман ҳикояҳои ўро мутолиа карда, дар тасвири аксари қаҳрамонҳои марказии асарҳои ў базе хислатҳои худи Собирҷонро дарёфт мекунам, ки ин асарро табиию ҳаётӣ, таъсирбахшу диққатҷалбкунандатар мегардонад.

       Дар маҷмўа чанде аз ҳикояҳои Собирҷон Иброҳимов, ки дар матбуоти ҷумҳуриявӣ чоп шудаанд, гирд оварда шудааст. Ҳикояҳо мавзўҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро бо тахаюлоти бадеию ҳиссиёти нозукбаёнии муаллиф инъикос менамоянд. Албатта, ин ҳикояҳо чӣ аз ҳайси бадеият ва чӣ аз шаклу мазмун камбудию нуқсонҳоро орӣ нест, вале умед аст, ки дар фаъолияти минбаъдаи муаллиф ин норасоиҳо бартараф хоҳад шуд.

      Ман ба Собирҷон Иброҳимов дар вазифаи касбию фаъолияти эҷодиаш комёбиҳои беназирро хоҳонам.

   

    Мутеулло НАҶМИДИННОВ,

    нависанда, Ходими хизматнишондодаи

    маданияти Тоҷикистон       

 

 

Китоби «Мероси умр”-и Собирҷон Иброҳимовро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.