Эҳтироми як ширкат ба шахсони имконияташон маҳдуд
Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фуд-Мастер” дар қаҳвахонаи “Chiken” барои аъзоёни шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хонаи пиронсолони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе зиёфат иборат аз питзо, бургер, картошкабирён, гушти мурғ ва нӯшокиҳо барпо кард.
Боиси тазаккур аст, ки дар доираи ҳамкориҳо ин ҷамъият бо шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ бори дуввум ин иқдоми шиставу наҷибро баргузор кард.
Ин ҷамъият тасмим дорад рӯзҳои наздик аъзоёни хурдсоли ин шуъбаро ба қаҳвахонаи “Chiken” ба сарфи ғизои ройгон даъват кунад.
Аъзоёни хурдсол ва наврсон пас аз ғизо хӯрдан дар маркази дилхӯшии Аладдин ба бозиву фароғат машғул мегарданд.
Ин ҷамъият ба созмонҳои камтавон, интернатҳо, хонаи бепарасторон пайваста дасти кӯмаку хайр дароз намуда, барои онҳо ғизоҳои гарму бомазза мерасонад, ки ин яке аз оинҳои неки мардуми тоҷик ба ушомр меравад.
Умед аст, ки ҳамкориҳо дар ин росто тақвият меёбанд ва рушду нуму мекунанд.
Ба сарпарастон ва созмону шахсони алоҳида , ки бо шуъбаи мазкур ҳамкорӣ ва кӯмак менамоянд, сипоси фаровон арз медорем.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.