Эълони қабули довталабон ба зинаҳои таҳсили аспирантура ва доктор phd дар китобхонаи миллӣ
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабонро барои дохил шудан ба зинаҳои таҳсили баъдидипломии аспирантура ва доктор PhD (доктор аз рӯйи ихтисос) аз рӯйи ихтисосҳои “китобшиносӣ”, “китобхонашиносӣ” ва “библиографияшиносӣ” мутобиқ ба шохисҳои 05.25.03 ва 6D011001 даъват менамояд.
Довталабон аз рӯйи ихтисосҳои болозикр дар зинаи аспирантура 4 нафар ва барои зинаи доктор PhD (доктор аз рӯйи ихтисос) 4 нафар дар як сол қабул карда мешаванд.
Машғулиятҳои таълимӣ пурра дар Китобхонаи миллӣ мегузаранд ва ба довталабон донишмандон, олимони соҳа ва кормандони илмии Китобхона дарс мегӯянд.
Хоҳишмандон метавонанд барои маълумоти бештар ба Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Китобхонаи миллӣ воқеъ дар ошёнаи 5-уми бинои Китобхона ё ба телефонҳои 2210618, 987620064 ва ё почтаи электронии muhsin2704@mail.ru муроҷиат намоянд.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 22.08.2025 муқаррар гардидааст.
Суроға: ш. Душанбе, н. Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Теҳрон-5.
Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ.