Ҳенри Корбэн-маъруфтарин муҳаққиқи ғарбии осори фалсафии донишмандони тоҷику – форс

Сайид Ҳусайн Наср КорбэнроСайид Ҳусайн Наср Корбэнро «бадарғашудаи Шарқ» номидааст, ба он хотир, ки Корбэн худро комилан ба шарқшиносӣ бахшида буд. Ба қавли Корбэн илми калом ҳамчун илоҳиёти схоластии ислом ба ҷое расид, ки ин мафҳум муродифи андешаи заррот (атомизм)-и Демокрит ва Эпикур гардид, аммо аз фалсафаи онҳо фарқ мекард. Калом, дар таъбири Корбэн, ҳамчун андешаи схоластӣ ба сифати як диалектикаи ақлгаро мушаххас аст ва аз мавқеи илоҳиёт истифода мешавад. Ба андешаи Корбэн, Ғаззолӣ дар олами ислом барҷастатарин мутафаккир буда, бесабаб нест, ки лақаби ифтихории «Ҳуҷҷатулислом»-ро касб намудааст.

*****     *****     *****

Корбэн – (Corbiyn) Ҳенри 14 апрели соли 1903 дар Порис – ба дунё омадааст. Корбэн – (Corbiyn)Ҳенри файласуф, мутарҷим, ховаршиноси маъруфи фаронсавӣ. Хатмкардаи факултаи ҳуманитарии Донишгоҳи Сорбон (1923).

Фаъолияти кории худро ҳамчун китобдор дар Китобхонаи миллии Фаронса оғоз кард. Солҳои 1937 – 38 Корбэнасари М. Ҳайдеггер «Илоҳиёт чист?»-ро ба фаронсавӣ тарҷума намуд ва ба омӯзиши эҷодиёти файласуфи олмонӣ дар Фаронса саҳм гузошт.

Солҳои 1939-45 атташеи Донишкадаи фаронсавӣ дар Истанбул буд. Соли 1946 дар Донишкадаи фаронсавии Теҳрон шуъбаи эроншиносиро таъсис дод.

Соли 1954 роҳбари маркази таҳқиқотии Ислом ва динҳои ҷаҳони араб дар Мактаби таҳқиқоти олии Порис. Соли 1974 Маркази байналмилалии диншиносии тафриқавиро дар Донишгоҳи Иоҳанни Муқаддас (Байтулмуқаддас) таъсис дод.

Корбэн худро шогирди файласуфони фаронсавӣ  Луи Массинон ва Этиен Жилсон медонист. Корбэн яке аз ташаббускорони Ҷашни ҳазораи Фирдавсӣ дар Порис буд (1934) ва намоиши дастхатҳои «Шоҳнома», ҳуҷҷатҳои таърихӣ роҷеъ ба робитаҳои фарҳангию адабии тоҷику фаронсавиро ташкил намуд ва онҳоро дар шакли китоб ба табъ расонд.                                                                                                                        Соли 1928 Л. Массинон рисолаи Суҳравардӣ «Ҳикмати ишроқ»-ро ба Корбэн тақдим кард ва аз ҳамон вақт, Корбэн ба омӯзиши мероси фалсафӣ ва тасаввуфии форс-тоҷик оғоз намуд. Соли 1935 Корбэн тафсир ва тарҷумаи асари Суҳравардӣ «Садои пари Ҷабраил»-ро ба охир расонда, ба забони арабӣ дар бораи се рисолаи Суҳравардӣ (марбут ба илоҳиёт) мақолае дар Истанбул нашр кард. Баъдан асари «Масоили зардуштӣ дар фалсафаи Суҳравардӣ – Шайхи ишроқ»- ро бо сарсухани Пури Довуд ба чоп расонд.

Ӯ дар Теҳрон «Асари мунтахаби тасаввуфӣ ва фалсафаии Суҳравардӣ»– ро нашр кард, ки барои файласуфони баъдӣ манбаи таҳқиқ гардид.

Корбэн соли 1949 «Кашфу-л-маҳҷуб»-и Абуяъқуби Сиҷистонӣ ва соли 1953 «Ҷомеъу-л-ҳикматайн»-и Носири Хусравро (бо муқаддима ба забони фаронсавӣ) ба нашр расонд. Ҳамон сол ба муносибати 1000-солагии Ибни Сино рисолаи «Ҳай ибни Якзон»-ро ба фаронсавӣ тарҷума кард.

Соли 1959 дар Порис чанд асари мунтахаби Ҷамолзода Муҳаммадалиро ҳамроҳи Х. Лутфӣ тарҷума ва нашр кард. Китобҳои «Замини осмонӣ ва рӯҳу ҷони эҳёгардида аз Эрони маздакии шиамазҳаб» (1960), «Мулло Садрои Шерозӣ ва китоби ӯ дар бораи мовароуттабиа» ва ғайраро нашр намуд.

Корбэн роҷеъ ба мутафаккирони форс-тоҷик Шаҳобуддини Суҳравардӣ, мулло Садрои Шерозӣ, Рӯзбеҳони Бақлии Шерозӣ, Ибни Сино, Ибни Арабӣ ва дигарон таълифоти арзишманди илмӣ ба табъ расондааст. Ӯ ҳамроҳи С. Н. Наср ва О. Яҳё «Таърихи фалсафаи исломӣ аз қадим то Ибни Рушд»-ро навишт ва он дар боби якуми «Таърихи фалсафа» чоп шуд. Дигар осори Корбэн дар боби севвуми ҳамин китоб, аз ҷумла «Аз марги Ибни Рушд то замони мо» дар ду ҷилд таҳти унвони «Таърихи фалсафаи исломӣ» (1974) нашр гардид. Ин асар таълифоти муҳимми ӯ дар таърихи афкори фалсафӣ буда, ба чандин забони дунё тарҷума шудааст. Дар ин аср Корбэн роҷеъ ба мактабҳои тасаввуф, исмоилия, машшоия ва калом ақидаҳои худро баён карда назару андешаи фалсафӣ-илмии мутафаккирони тоҷикро аз назари таърихӣ ва воқеӣ баррасӣ намудааст.                                               Асари «Ибни Сино ва тамсили ирфонӣ»-и Корбэн (1954) аз ҷумлаи асарҳои бузурги илмӣ-амалӣ ба шумор меравад. Дар ин асар ӯ рисолаҳои ирфонии Ибни Синоро мавриди омӯзиш қарор дода, мутафаккирро ҳамчун сӯфӣ қаламдод мекунад, ки муҷиби ихтилоф миёни муҳаққиқони хориҷӣ ва тоҷик гаштааст. Асари Корбэн. – «Дар исломи эронӣ: ҷанбаҳои маънавӣ ва фалсафӣ» аз 4 ҷилд иборат аст (1971). Ҷилди аввали он ба фалсафаи  шиаи исноашарӣ, ҷилди дувум ба Суҳравардӣ (тарҷумаи форсӣ), ҷилди севвум ба Рӯзбеҳони Бақлӣ ва муносибати аҳли шиаву тасаввуф ва ҷилди чорум ба мактаби Исфаҳон, мактаби шайхия, имоми 12-ум бахшида шудаанд. Ин асари Корбэн муаррихони фалсафаи аврупоро бо ҷанбаҳои гуногуни тасаввуф, фалсафа ва адабиёти асрҳои миёнаи форс-тоҷик шинос намуд.

Корбэн асари «Ақли сурх»-и Шиҳобуддини Суҳравардӣ ва 15 рисолаву тамсилоти ирфониро аз форсӣ ва арабӣ ба фаронсавӣ тарҷумаву нашр кардааст (1976). Таҳқиқоти Корбэн дар мавзӯи таърихи фалсафа, тасаввуф, афкори форсию арабӣ мақому манзалати воло дорад. Барои ҳамин Сайид Ҳусайн Наср Корбэнро «бадарғашудаи Шарқ» номидааст, ба он хотир, ки Корбэн худро комилан ба шарқшиносӣ бахшида буд. Ба қавли Корбэн илми калом ҳамчун илоҳиёти схоластии ислом ба ҷое расид, ки ин мафҳум муродифи андешаи заррот (атомизм)-и Демокрит ва Эпикур гардид, аммо аз фалсафаи онҳо фарқ мекард. Калом, дар таъбири Корбэн, ҳамчун андешаи схоластӣ ба сифати як диалектикаи ақлгаро мушаххас аст ва аз мавқеи илоҳиёт истифода мешавад. Ба андешаи Корбэн, Ғаззолӣ дар олами ислом барҷастатарин мутафаккир буда, бесабаб нест, ки лақаби ифтихории «Ҳуҷҷатулислом»-ро касб намудааст.

Асарҳои Корбэн ба чандин забони олам тарҷума ва нашр шудаанд. Нахустин китоби ӯ «Мақосиду-л-фалосифа» дар Аврупо тарҷума ва бо номи «Мантиқ ва фалсафаи Ғаззолии араб» нашр шуд. Ин китоб, ба гуфтаи Корбэн, Ғаззолиро дар Ғарб дар радифи Форобӣ ва Ибни Сино гузошт. Ӯ дар муқобили баъзе муҳаққиқон, ки гӯё танқиди файласуфон аз тарафи Ғаззолӣ фалсафаро аз байн бурд, иброз медорад, ки дар Машриқзамин фалсафа пойдор аст ва то имрӯз пайравони Ибни Сино фаъолият доранд. Осори бузурги мактаби Исфаҳон ва дигар ҷараёнҳои фалсафӣ тасдиқи ин фикр мебошад.     Корбэн – (Corbiyn)Ҳенри 7 ноябри соли 1978 дар Порис вафот кардааст.

Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 566.

Муаллиф Ф. Иброҳимов.
Таҳияи Замира Давлатова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.