Эътои унвон ва ифтихорномаҳо ба кормандони Китобхонаи миллӣ

Дар доираи чорабиниҳо бахшида 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитсон имрӯз дар як ҷамъомад дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар зумрае аз кормандонро ба унвонҳои “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Ифтихорнома”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонид.

Аз ҷумла журналист Бобоҷон Шафеъ бо унвони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оламова Лутфия Хуҷаназаровна сармутахассиси шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмӣ, Ғафуров Мамадназар Музофирбекович сардори шуъбаи адабиёти хориҷӣ, Толибова Фароғат муовини сардори шуъбаи феҳристнигорӣ, Якубова Раъногул Авғоновна сармутахассиси шуъбаи нигоҳдории китоб, Аҳмадова Нуқра Турақуловна сардори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” мушарраф гардиданд. Абдуғаюр Саломов сармутахассиси шуъбаи адабиёти хориҷӣ ба “Ифтихорнома”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шуд.

Ҳамчунин ҷамъе аз аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобдор» бо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-и Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи И. Сомонӣ, сарфароз гардонида шуданд. Фурқат Муродов мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки дар ҷаласа ҳузур дошт, “Сипоснома” ва “Ифтихорнома”-ҳоро тақдим намуд.

Аз ҷумла, Раҷабзода Салима муовини аввали  директори Китобхона, Асоева Гулҷаҳон сардори шуъбаи такмили адабиёт, Ёров Мизроб сардори шуъбаи истифодабарӣ ва хизматрасонии электроэнергетикӣ, Пиров Раҷабалӣ Маҷитович сардори шуъбаи муҳосибот, Ҳадиятуллоҳи Амриддин сардори шуъбаи котибот, Умарҷонов Толибҷон Азизҷонович сармутахассиси шуъбаи такмили адабиёт, Аминов Фирдавс сардори шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ, Валиев Ҷамил Аминович сармутахассиси шуъбаи нигоҳдории китоб, Бекджонов Абдулназар Мамадназарович муовини сардори шуъбаи такмили адабиёт, Саидзода Исмоил Адҳамқулович мутахассиси пешбари Маркази такмили ихтисос, Назаров Шаҳобиддин Ятимович сардори шуъбаи таҳрир ва интишорот, Назар Баҳрулло мутахассиси шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ, Манонзода Абубакр сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, Забирова Зуҳро Зафаровна сардори шуъбаи хизматрасонии библиографӣ, Салимова Қурбонбӣ Шарифовна сардори шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, Ҳалимова Гулчира Ҳамитовна муовини сардори Маркази такмили ихтисос, Мирзоева Шарофат Қаландаровна сармутахассиси шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ, Баротов Тавфиқҷон Хайруллоевич муовини сардори Маркази «Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои  хориҷӣ», Абдуқаҳҳоров Дилшод Абдулҷамилович муовини сардори шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, Каримзода Шукрона мутахассиси пешбари Маркази «Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ», Гадоев Хусрав Баротович мутахассиси  пешбари Маркази “Тоҷикшиносӣ”, Муҷебуллоев Ҳаётулло Атоуллоевич сармутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ», Шоимардонов Маҳмадӣ сармутахассис оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, Ҳаётова Дилбар сармутахассиси шуъбаи нигоҳдории китоб, Ғафуров Мамадназар сардори шуъбаи адабиёти хориҷӣ сазовори “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-ҳои ҳизбӣ шуданд.

Ҳамчунин директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Ҷумахон Файзализода ба Расулзода Насимҷон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҷурахонзода Ҷумахон муовини раиси Кумита ва Муродов Фурқат мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ “Сипоснома”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистонро тақдим намуданд.

Ҳамкорони худро ба муносибати дарёфти унвонҳои фахрӣ ва “Ифтихорнома”-ву “Сипоснома”-ҳо муборакбод мегӯем.