Евгений Бертелс дар бораи Албухорӣ

АлбухорӣМуҳаммад ибни Исмоил Ҷӯъфи Албухорӣ 21 июни соли 810 дар Бухоро  чашм ба ҷаҳон гушуд. Инро медонем, ки ӯ аз хонадони эронӣ будааст. Ниёи ӯ ба ислом нагаравида буд. Албухорӣ аз ёздаҳсолагӣ ба гирдоварии ҳадис, ки дар маҳофили фарбуди исломӣ яке аз ифтихоромезтарин корҳо буд, кӯшиш  мекард.

Дар шонздаҳсолагӣ ба ҳаҷ рафт, аз дарси ҳадис ва дидани маъруфтарин  шаҳрҳои муқаддас, Макка ва  Мадина баҳраманд гардид. Албухороӣ пас аз поён таҳсил, бино бар маълуми он рӯзгор, ба сафар дар кишварҳои ҷаҳони ислом пардохт, ки то соли 842 идома дошт. Ӯ дар ин даврон аз Миср  дидан кард ва панҷ сол дар Барса раҳли иқомат афканд. Ӯ ба вилоятҳои  шарқии хилофат ҳам рафт. То он ҷо ки медонем вай пас аз бозгашт ба зодгоҳ, агар сафарҳои кӯтоҳашро ба шумор наёварем то дами маргаш (31 июни соли 870) дар ҳамон ҷо монд.

Гӯри Албухорӣ маълум дар наздикии Самарқанд  аст, ҳосили умри Албухорӣ китоби маъруфи “Ал-ҷомеъ Ас- саҳеҳ” аст. Ин асар маҷмуаи  азиме аз суханони Паёмбар (с) ва дорои яксад ҳазор ҳадис  аст, ки  аз рӯи  мавзуъ дастабандӣ шудааст.  Аз он ҷо ки ҳадисҳо бо асноди  комил оварда мешаванд, дар он ҷо аз наздик ба як миллион номи хос ёд шудааст.

Ин асари муҳайируқул  кори бузургеро дар солҳои паёпай иҷоб мекард. Медонем, ки Албухорӣ  то ҷое кор мекард, ки аз хастагӣ дармонда мешуд, ҳангоме, ки дасти росташ карахт шуда ва аз навиштан бозмемонд, қаламро ба дасти чапаш мегирифт ва ба кор идома медод. Ба ҳар ҳадис  интиқодӣ бархӯрд дошт, аммо ин интиқод танҳо ҳамон  озмоиши дурусти  аснод  буду бас.  Яъне озмун ин ки оё касоне, ки номашон дар ин аснод  омадааст, ба ростӣ метавонистаанд якдигарро дида ва аз ҳам чизе шунида  бошанд ё на. Барои озмудан мебоист даҳҳо роҳнамои зиндагиномаҳо баррасӣ  мешуд. Аммо пайдост, ки бо чунин дарки ташрифотӣ дар нақд матолибе аз садаи ҳаштуми  солшумории масеҳӣ низ ба ин маҷмӯа даромадааст, ки  чандон ҳам андак нест. Табиӣ аст, ки наметавонем бе нақди ростини   таърихии  ин матолиб онҳоро бипазирем. Бо ин ҳама имрӯз ҳам маҷмуаи  Албухорӣ  барои баррасии таърихи ислом аз аҳамияте бузург бархӯрдор аст.

Гунаи электронии китоби мазкур, ки басо хонданиву ҷолиб аст, ин ҷост:
«ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ»

Таҳияи Малика АБДУЛЛОЕВА,
мутахассиси пешбари Маркази таҳсилот
ва инноватсияҳои китобдорӣ.