Евгений Бертелс: “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ”. Абушукури Балхӣ

Евгений БертелсАБУШУКУРИ БАЛХӢ. Менамояд, ки асарҳои Абушукури Балхӣ, ки бадбахтона огоҳии мо дар бораи ў бисёр андак аст, дархўри нигариши шоён будааст. Саид Нафисӣ дар вижаномааш дар бораи Рўдакӣ огоҳӣ медиҳад, ки навиштааст ин нуктаро дарёбад:

АбУшукур дар соли 303 (915/16)-и милодӣ зода шуда, дар дастгоҳи Нуҳ ибни Насри Сомонӣ (943-945-и милодӣ) буда ва дар партави чакомаи баланд, «Офариннома», (Номаи офарин, ё Номаи ситоиш), ки дар соли 336 (947/48)-и милодӣ ба поён расонида ва то рўзгори мо намондааст, овозаи бузург ёфта будааст. Сайид Нафисӣ тавонист аз тазкираҳо ва фарҳангҳои гуногун беш аз панҷсад байт аз Абўшукур, ки бештараш байтҳои пароканда аст пайдо карда, равшан созад, ки ў гузашта аз «Офариннома», ки дар баҳри мутақориб суруда шуда, ду манзумаи дигар ҳам дошта, ки яке дар баҳри ҳазаҷ (баҳри Хусрав ва Ширин, сурудаҳои Низомии Ганҷавӣ) ва дигаре дар баҳри хафиф будааст. Бар асоси пораҳои каме, ки дар даст дорем, наметавон бозгушуд, ки дарунмояи ин се манзума чӣ будааст. Танҳо метавон андешид, ки «Офариннома», ки дар баҳри мутақориб суруда шуда, дорои достонҳое аз зиндагӣ ва анбошта аз омўзиши ахлоқӣ будааст. Яке аз пораҳое, ки аз вай бар ҷой монда, ҳатто ангезаи «посух» аз сўи Фирдавсии бузург гардидааст. Ин байтҳои «Офариннома» чунин аст:

Ба душман барат меҳрубонӣ мабод,

Ки душман дарахтест талх аз ниҳод.

Дарахте, ки талхаш бувад гавҳаро,

Агар чарбу ширин диҳӣ мар варо.

Ҳамон меваи талх орад падид,

Аз ў чарбу ширин нахоҳӣ мазид.

Менамояд байти зер, ки дар он арзиши воло ба дониш дода шудааст, аз ҳамон манзума бошад.

Биёмўз то бад мабошад-т рўз,

Чу парвона мар хештанро масўз.

Абушукур аз сарнавишт наменолад ў бо болидагӣ мегўяд, ки метавонад аз қаламаш нон дарорад.

Чу динор бояд маро ё дирам,

Фароз оварам ман зи нўки қалам.

Бо ин ҳама мепазирад, ки донистаниҳо наметавонад ба ҳамаи пурсишҳо посух диҳад.

То бад-он ҷо расид дониши ман,

Ки бидонам ҳаме, ки нодонам.

Байтҳои зер аз яке насибҳои ошиқонаи ўст, ки комёбие бузург доштааст:

Аз дур ба дидори ту андар нигаристам

Маҷрўҳ шуд он чеҳраи пурҳусну малоҳат.

В–аз ғамзаи ту хаста шуд озурда дили ман,

В-ин ҳукми қазоист ҷароҳат ба ҷароҳат.

Наметавон пазируфт, ки ин байтҳо аз нигоҳи сохтагӣ ва тасаннуӣ буданашон бо содагии классикии чакомаҳои Рўдакӣ тафовут доранд ва ба суди дувум гувоҳӣ медиҳанд. Аммо менамояд, ки ҳамин зарофат, ки сипас барои адабиёти классикии форсӣ ҳалокатовар гардид, дар он даврон барои худ ба боз кардани ҷо оғоз карда, ба мардум писанд афтода будааст. Аз вижагиҳои он даврон,  ки яке ҳам ин аст, ки ҳар байте ки писанд афтода будаст, ҳамон дам онро ба тозӣ мегардониданд, то барои маҳофили боло мафҳум бошад. Абулфатҳи Бустӣ, шоири машҳури эронитабори араб масъалаи душвори тарҷумаи байти ёдшудаи Абўшукурро бад-ин гуна бозгушудааст:

Рамайука ан ҳукм ил-қазои би назартин,

Ва мо лӣ ан ҳукми ил-қисоси маносун.

Фаламмо ҷараҳту-л-ҳадда минкум би муқлатӣ

Ҷарҳт-ул-фуоди вал-ҷуруҳу қисосун.

Яъне ба фармони сарнавишт нигоҳе бар ту андохтам ва маро аз ҳукми қасос раҳоӣ нест. Ҳангоме ки бо нигоҳам гунаатро захмӣ кардам, ту захме ба ҷои он бар дилам задӣ. (Менамояд, ки дар он рўзгор, маъмул буда, ки дар адабиёт, ду забон ба кор баранд. Бар мавридҳои бисёре огоҳӣ дорем, ки шеър аз порсии дарӣ ба арабӣ ё аз арабӣ ба порсӣ тарҷума шудааст).

Бисёре аз шоирон кўшида буданд байтҳои Абуабдуллоҳ ибни Солеҳи Валвоҷӣ:

Симдандонаку бу саддонаку хандонаку шўх,

Ки ҷаҳон онак бар мо лаби ў зиндон кард.

Лаби ў биниву гўӣ, ки касе зери ақиқ

Ё миёни ду гул андар шакаре пинҳон кард.

-ро тарҷума кунанд. Аммо равшан аст, ки комёб набуданд, зеро метавон гуфт мисраи нахустро, ки аз се сифати мураккаб бо пасванди тасғир сохта шуда наметавон ба забони дигар баргардонид. Комёбтарини ин тарҷумаҳоро метавон аз Абулқосими Асфароинӣ баршумурд:

Фазо сиғари лабибин зоҳикун аримун

Мин ишқи мабсамиҳи асҳабату масҷуно.

Би сукари қадар райту ал-явма мабсамаҳу,

Таҳт-ал-ақиқи би зок ал-варди макнуно.

Яъне симдандони дурандеш, хандон, сангдил, ки аз ишқи лабхандаш ба банд афтодаам, имрўз дидам, ки ҳамоно лабхандаш шакаре ҳаст пинҳон ба зери ин гулҳои ақиқ. Пайдост, ки мутарҷим натавонистааст ҳама дурахшандагии матни порсиро нигаҳ дорад. Бо ин ҳама ў матне оварда, ки метавон гуфт тарҷумаи вожа ба вожаи порсӣ аст. Дар кулл бояд ёдовар шавем, ки ҳунари тарҷумаи адабӣ дар он рўзгорон дар тирози боло будааст. Шоирони Бухорои куҳан дар партави тасаллути комил ба ҳар ду забон ва устодии бузурги фаннӣ, дар ин кор ба комёбиҳои дурахшон даст ёфта буданд. Дар асраҳои Абушукур намуди таронаҳои мардум, рубоиро ҳам мебинем:

Эй гашта, ман аз ғами фаровони ту паст,

Шуд қомати ман зи дарди xиҷрони ту шаст.

Эй шуста ман аз фиреби дастони ту даст,

Худ ҳеҷ касе ба сирату сони ту ҳаст.

Ин рубоӣ аз нигоҳи намудаш мансух аст ва дар он ба ҷои мисраҳои нахуст ва дувуму чаҳорум, ки аз вижагиҳои рубоии пасин аст, ҳар чаҳор мисраъ радиф шудаанд. Аз нигоҳи оҳанг ба гунаи шигифтовар бо рубоиҳои мардум ҳамсонаст ва ба рубоиҳое, ки акнун ҳам метавон шунид, ҳаммонандӣ дорад.

Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод  Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.

Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025  зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.

Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин
Маркази “Тоҷикшиносӣ”.