Евгений Бертелс: “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ”. Абуззироа ва Хусравонӣ
АБУЗЗИРОА. Пораҳое монда аз чакомаҳои як намояндаи дигари шеъри он даврон, Абуззироа Маъмари Гургонӣ, ки гўёи рўзгори душвори шоири дарборӣ аст. Донистаниҳои мо аз зингдагии ў ҳам ҳамон ҳеҷ аст, зодрўз ва таърихи маргаш ҳам равшан нест. Танҳо равшан аст, ки кору куниши ў дар дарбори Сомониён дар Бухоро ва ба гумон, пас аз даргузашти Рўдакӣ будааст.
Дар фарҳангҳо бархе байтҳои парокандаи қасидаҳо ва шеърҳояш дар ҳаҷви рақибонаш барҷой мондааст.
Менамояд, ки ў ҳам ба сахтӣ роҳи хешро ҳамвор мекардааст.
Он ҷо, ки дирам бояд динор барандозам,
В-он ҷо, ки сухан бояд чун мум кунам оҳан.
Чун бод ҳамегардад, бо бод ҳамегардам,
Гаҳ бо қадаҳу барбат, гаҳ бо зираҳу ҷавшан.
Аммо менамояд, ки ин чобукиву тардастӣ ва забардастӣ дар ранггирифтан, ба доди шоир намерасидааст. Ў, ки сабабҳои нокомёбии хешро дарнамеёбад, ба гунаҳкор кардани «сарнавишт» меоғозад:
Ҳар он кас, ки набошад зи ахтараш иқбол,
Бувад ҳама ҳунари ў ба халқ номақбул.
Шуҷоаташ ҳама девонагӣ, фасоҳат ҳашв,
Сахо газофу каримӣ фасоду фазл фузул.
Аз пораи мондаи дигаре дармеёбем, ки навмедӣ шоирро бар он доштааст ба илҳаёт, ки дарбориёни он рўзгор парвое ба он надоштанд, рўй биёварад:
Ҷаҳон шинохта гаштам ба рўзгори дароз,
Ниёзу ноз бидидам дар ин нишебу фароз.
Бидидам аз паси дин нест беҳтар аз ҳастӣ
Чунонки нест пас аз кофарӣ батар зи ниёз.
АБУТОҲИР ТАЙИБ ИБНИ МУҲАММАДИ ХУСРАВОНӢ
ХУСРАВОНӢ. Чакомаҳои ғаноии Абутоҳир Тайиб ибни Муҳаммади Хусравонӣ ҳам овозаи густарда дошт. Аз асарҳои ин шоир ҷуз андаке беш намондааст. Аммо ҳамин андак ҳам менамояд, ки ў устоди бузурги ғазалҳои ошиқона будааст. Ин порае аз насиби ошиқонаи ўст:
Рухат дид натвонам аз оби чашм,
Сухан гуфт натвонам аз бас гаранг.
Рухи Туст хуршеду хуршед хок,
Лаби Туст ёқуту ёқут санг.
На чун Хусравонӣ на чун ту бито,
Буту барҳаман дид Мушкую Ганг.
Фирдавсии бузург муяссар донист пораҳи зерро аз насиби Хусравонӣ дар «Шоҳнома» бозбиёварад.
Фиғон з-он дирангат ба ҳангоми сулҳ
Фиғон з-он шитобат ба ҳангми ҷанг.
Дирангам ба роҳат ҳама з – он шитоб,
Шитобам ба мардон ҳама з – он диранг.
Набудаст ишқи ту беҳаҷр ҳеҷ,
Ба якдигар андар задастанд чанг.
Наҳангаст ҳиҷрону дарёст ишқ,
Ба дарё бувад ҷовидона наҳанг.
Менамояд, ки Хусравонӣ низ ба сони Рўдакӣ дар девони хеш чеҳраи шоиреро падид овардааст хушгузарон, беғаму шодмон ва хушрафтор, ки бо нолаҳои сохтагии худ дилрабоёнро ба сўи хеш мекашонад. Байти зерро ҳам, ки густарише бузург ёфта буд, гўиё дар вопасин дами зиндагӣ суруда бошад:
Чаҳор гуна кас аз ман ба аҷз биншинанд,
К-аз ин чаҳор ба ман заррае шафо нарасид.
Табибу зоҳиду ахтаршиносу афсунгар,
Ба доруеву ба дуоеву ба толиъу таъвиз.
Аммо «зодандешии» Хусравонӣ бештар алайҳи хуруфоти он рўзгор буд, на алайҳи суннати фарбуд (рост, дуруст). Дидмони ў бо дидгоҳи ҷории он даврон дар бораи накукорӣ ҳамхон будааст:
То пок кардам аз дил зангори ҳирсу тамаъ,
Зи ҳар даре, ки рўй ниҳам дар фароз нест.
Ҷоҳасту қадру манфаъа онро, ки тамаъ не,
Иззасту садру мартаба онро, ки оз нест.
Метавон андешид, ки дар ин байтҳо накуҳиш аз шоирони дарбор пинҳон аст ва онҳо ба ҳирсу оз, ки раҳнамоии кунишишон аст муттаҳам мешаванд. Овое, ки дар ин ҷо дар паси сатро пинҳон аст дар чакомаҳои садаҳои ёздаҳум-дувоздаҳуми масеҳӣ густарише бузург ёфта буд. Байтҳои зер аз Хусравонӣ, ки бахубӣ дида мешавад ба тақлид аз Рўдакӣ суруда шудааст, овозае ёфта буданд:
Аҷаб ояд маро зи мардуми пир,
Ки ҳаме ришро хизоб кунанд.
Ба хизоб аз аҷал ҳаменараҳанд,
Хештанро ҳаме азоб кунанд.
Шеъри Рўдакӣ чунин аст:
Ман мўи хешро на аз он мекунам сиёҳ,
То боз ҷавон шаваму нав кунам гуноҳ.
Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.
Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025 зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.
Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин
Маркази “Тоҷикшиносӣ”.