Евгений Бертелс: “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ”. Робиаи Балхӣ
РОБИА. Дар миёни чакомасароёни он рўзгор аз шоирае ҳам огоҳӣ дорем, ки ҳамоно Робиа духтари Каъби Қаздорӣ (аз Қаздор) аст. Авфӣ (дар Лубоб-ул-албоб, саҳ. 61, ҷ, 2) ўро чакомасароёни ғазнавиён баршумурда овардааст, ки ин зан ҳам ба порсӣ ва ҳам ба арабӣ шеър мегуфтааст. Бисёр ошиқпеша буда ва барои шеъри зер лақаби «магаси рўин» доштааст.
Хабар диҳанд, ки борид бар сари Айюб,
З-осмон малахону сар ҳама заррин.
Агар борад заррин малах бар ў аз сабр,
Сазад, гар борад бар ман яке магаси рўин.
Ризоқулихон дар «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» пас аз бозгўии додаҳои Авфӣ, беёдоварии сарчашма огоҳии зерро дар бораи ин шоир медиҳад, ки падараш Каъб ва табораш тозӣ буд, дар Балх дар мартаба ва дар Қаздор фармон меронд. Духтари Каъб, Робиа аз номи ифтихории (Зайнулараб), озини тозиён бархўрдор буд. Сипас, Ризоқулихон сухан аз ишқи ин духтар ба ғуломе ба номи Бектош ва марги фоҷиаомези Робиа меоварад ва менависад, ки ин достонро ба шеър дароварда ва номи манзумаро «Гулистони Ирам» ниҳодааст.
Ризоқулихон мегўяд, ки Робиа ҳамдавраи Рўдакӣ будааст. Акнун бар мо равшан аст, ки огоҳиҳои Ризоқулихон аз куҷост. Дар бахши бисту якуми манзумати Фаридуддини Аттор достоне аст ба номи «Достони Амири Балх ва ин, ки чӣ гуна духтараш ошиқ шуд». Ин достон дар асос чунин аст: Дар Балх Амири тавонманд фармон меронд, ки номаш Каъб буд. Писари зебое дошт ба номи Ҳорис ва духте моҳрўй ба номи Зайнулараб, ки бисёр хуштабъ буд ва шеърҳои нағз месуруд. Чун Каъб дарёфт, ки маргаш фаро расидааст писарро фаро хонд ва ғамхориву тимории хоҳар ба ў супурд. Ҳорисро ғуломе буд моҳ ва ном онро Бектош, ки бисёр гиромиаш медошт ва нигаҳдори хизонааш буд. Рўзе ҳангоме, ки баҳор фаро расид дар боғи дарбор дар болои айвони бузург базме оростанд. Робиа болои боми кох шуд, то базмиёнро бингарад нигоҳаш ба Бектош афтод ва дил ба ў бохт. Кўшид ғами худ пўшида дорад, аммо ишқи духтарак чунон сахт буд, ки ба бистари беморӣ афтод. Пизишконро фаро хонданд, аммо натавонистанд коре кунанд. Робиа, ки дигар наметавонист ишқи худро пинҳон кунад рози хешро бо доя дар миён ниҳод ва ба дасти ў номае барои Бектош фиристод, ки сурати хешро ҳам нигошта дар он гузошта буд. Ҳамин ки чашми Бектош ба нигораи он моҳрўй афтод ба як дам дил аз дасташ бурун шуд ва бо ҳамон доя паёме барои Робиа фиристод. Робиа, ки сармасти ишқ буд бо сурудани шеърҳое оташин ва фиристоданашон барои Бектош аз дарди хеш мекост.
Рўзе ба тасодуф ин ду дилдода бо якдигар дар даҳлези кох рў ба рў шуданд, Бектош домани духтарак бигрифт ва Робиа ба ин андеша, ки ғуломе бесарупо набояд ба духти Амир, инчунин густох шавад пархошкунон ўро аз худ ронд. Пас аз ин оташи ишқи Бектош фурўзонтар шуд ва Робиа ба сурудани шеърҳои хубтар оғоз кард. Духтарак ҳамаи рўз дар чаманҳо мечамид ва чакомаҳои хешро замзама мекард. Алқисса, душман ба хиттаи фармонравоии Ҳорис тохтан мегирад ва Амири ҷавон, баночор ба ҷанг меравад. Ў Бектошро ҳам бо худ мебарад. Аммо барои Робиа аз ин андеша, ки дилдор дар хатар аст, дарде ҷонкоҳ буд. Ў низ дар ҷомаи сиёҳе дар паи сипоҳи бародар ба роҳ меафтад. Дар набарди хунин, Бектош захмӣ мешавад ва чизе намемонад, ки ба дасти лашкари душман афтад, Робиа сар мерасад ва ўро наҷот медиҳад.
Сипоҳи Амири Бухоро ба ёрии Ҳорис мешитобад ва ў бо ёрии инон душманро дарҳам шикаста яксара пирўз мешавад. Бектош мекўшад дарёбад, ки кадом гурди диловарe ўро аз ваҳлука вораҳонидааст, аммо равшан мешавад, ки ҳарчанд ҷангҷўeро дидаанд, лекин касе ўро нашинохтааст, Робиа дар номае кори худро бар Бектош бозмегўяд.
Рўдакӣ ба Балх меояд касе чакомае аз Робиа ба шоири бузург менамояд. Рўдакӣ бо дидани ин шеъри гарми дилнишин дармеёбад, ки сарояндааш сахт бар касе дил бохтааст. Пас аз чанде Ҳорис ба Бухоро меравад то аз ёрии Амир ба ҳангоми ҷанг сипос гўяд. Амир барои ў базме бузург меорояд. Рўдакӣ дар базм чакомаи хешро бозмехонад ва ҳамин ки шунавандагон бар ӯ офарин мегўянд, сар меҷунбонад ва мегўяд шеърҳои ў дар ҳамсанҷӣ бо чакомаҳои дўшизае аз Балх, ҳеҷ ва беарзиш аст. Аз вай мехоҳанд, ки шеъре аз вай бихонад ва ў мехонад.
Амир аз шунидани он дар шигифт мешавад ва мепурсад, ин духтар кист? Рўдакӣ намедонист, ки Ҳорис бародари Робиа аст ва барои ҳамин ҳам, бепарда ҳар он чиро, ки дар Балх аз ишқи ў ба Бектош шунида буд бозмегўяд. Ҳорис хам ба абрў намеоварад, ки сухан аз хоҳари ўст, аммо ҳамон дам бар он мешавад, ки агар рост бошад вайро ба сахтӣ кайфар диҳад. Бектош ба расми он рўзгорон дар чодаре бо ғуломи дигар мезист. Fулом дарёфта буд, ки ў сандуқе дорад, ки чун мардумаки чашм онро посдорӣ мекунад.
Ў гумон мекунад, ки дар он сандуқ бояд чизе гаронбаҳо бошад, бо бархўрдорӣ аз набудани Бектош сандуқро мерабояд. Онро мегушояд аммо мебинад, ки дар он чизе нест ҷуз навиштаҳое бар рўи коғаз, инҳо ҳамон номаҳо ва шеърҳои Робиа буданд. Дузд бо ин андеша, ки коғазҳо бояд чизе гумонбарангез бошанд, сандуқу коғазҳоро назди Амир меоварад. Пас бар Ҳорис исбот мешавад, ки Рўдакӣ дар базм рост мегуфта аст.
Фармон медиҳад, ки Бектошро ба сиёҳчол бияндозанд. Дилдорашро ҳам ба гармобаи доғ мебаранд ва шоҳрагашро боз мекунанд ва сипас дари гармобаро ба гил мегиранд. Робиа дар дами марг ҳам бо хуни худ бар девор шеър менависад. Бектош аз зиндон мегурезад худро ба кох мерасонад, Ҳорисро мекушад ва дар канори даромадгоҳи гармоба ханҷаре ҳам бар ҷигаргоҳи хеш мезанад ва гармоба оромгоҳи ду дилдода мешавад.
Бегумон ҳамин достони Аттор сарчашмаи асосии Ризоқулихон будааст. Наметавон ба ин достон аҳамияте таърихӣ дод, аммо бояд ёдоварӣ кард, ки падид омадани романи густарда дар бораи Робиа дар садаи дувоздаҳуми масеҳӣ нигариши бузург ба шеърҳои ўро мерасонад. Гузашта аз ин пайдост, ки барои нависандаи таърихи адабиёт бисёр аҳамият дорад равшан созад, ки дар ин даврони оғозин ҳамаи нахустинаҳои роман дар адабиёти порсӣ ёфт шудааст. Аз шеърҳои Робиа ҷуз андаке намонда, аммо он чи ки то ба рўзгори мо расидааст саршор аз гармиву садоқате аст, ки бо ғазалҳои ошиқонаи суннатӣ тафовут дорад. Дарёфта мешавад, ки ин шеърҳоро ба ростӣ, ки зане сурудааст. Чунончи ба ин пора аз чакомаҳое, ки пур аз нолаи ошиқона аст менигарем:
Ишқро боз андар овардам ба банд,
Кўшиши бисёр н-омад судманд.
Ишқ дарёи карона нопадид,
Кай тавон кардан шино, эй мустаманд.
Ишқро хоҳӣ то поён барӣ
Баски бипсандид бояд нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хўрду ангорид қанд.
Тавсанӣ кардам надонистам ҳаме,
К-аз кашидан тангтар гардад каманд.
Дилдори Робиа ҳам сангдил аст ва ҳам сард ва Робиа чунин шеъре барояш мефиристад:
Даъвати ман бар ту он шуд, ки эзидат ошиқ кунад,
Бар яке сангиндиле номеҳрубон чун хештан.
То бидонӣ дарди ишқу доғи меҳру ғам хурӣ,
То ба ҳаҷр андар бипечву бидонӣ қадри ман.
Робиа дар чакомаи дигар, вафодории хешро ба ишқи худ исбот мекунад:
Маро ба ишқ ҳаме муҳтамил кунӣ ба ҳиял,
Чӣ ҳуҷҷат орӣ пеши Худойи азза ва ҷал.
Ба ишқат андар осӣ ҳаме на ёрам шуд,
Ба динам андар тоқӣ ҳамешавам ба масал.
Наим бе ту нахоҳам, ҷаҳим бо ту равост,
Ки бе ту шакар заҳрасту бо ту заҳр асал.
Ба рўи неку такя макун, ки то якчанд,
Ба сунбул андар пинҳон кунанд наҷми Зуҳал.
Ҳар оина дурўғ аст он чӣ гуфт ҳаким,
«Фаман такабур явман фи баъд изза, зал»
(Касе, ки барои як рўз ҳам биболад, пас аз иззат ба хорӣ хоҳад афтод С. Э.) Саранҷом наметавон ин пораи зебо ва нағзи занонаро, ки дар он байтҳои порсӣ ва арабӣ яке аз паси дигар меоянд, наёвард:
Шақно насҳи минул атёр,
Хоҷи суқами ва хоҷ лӣ тазкорӣ.
Дўш бар шохаки дарахт он мурғ,
Навҳа мекарду мегирист ба зорӣ.
Қулату ли-т-тайри ламмо тануҳу ватабкӣ,
Фӣ даҷо ал-лайлӣ ван нуҷуми дурарӣ
Ман ҷудоям зӣ ёр аз он менолам
Ту чи нолӣ, ки бо мусоид ёрӣ
Ман бигўям чун хуни дида биборам
Ту чӣ гўӣ чу хуни дида наборӣ
Ин пораҳои на чандон бузург менамоёнад, ки Робиа ба чӣ устодии бузурге даст ёфта будааст. Шеърҳои ў бахубӣ равшан месозанд, ки чаро ёди ў тавонистааст ба достоне бадал шавад, ки ҳамаи манзумаҳои романтикро дар худ дошта бошад.
Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.
Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025 зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.
Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин
Маркази “Тоҷикшиносӣ”.