“Фалак. Сайри таърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ”

ФалакИн китоби бостоншиноси маъруфи тоҷик Ҷонибек Асрориён соли 2021 чоп шудааст ва як дастури басо муҳим дар таҳлилу дарки санъати фалак маҳсуб мешавад.

Чуноне дар муаррифии кутоҳ омадааст, дастур ба куҳантарин жанри созию овозии “Фалак” , ки бунёдашро ба даврони тоисломӣ донистаанд, бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз осори бостоншиносӣ дар мавриди таърихи созҳо, матҳои  то ин замон  расида  ва адабиёти мавҷуда ба омўзиши жанр пардохта , андешаҳои ҷолиб пешниҳод менамояд. Дар ин раванд ба мазмуну муҳтаво, махсусияти  шеваи хунёгарони кўҳманзар ва сабку усули  ҳунармандон таваҷҷуҳ шудааст. Ва муаллиф дар ин замина “Фалак” – ро ҳамчун жанри  классикию ҳирфаӣ мешиносад.

Дастур барои доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст.

Китоб бо ин суханони ҳакимонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шудааст: “Санъати мусиқии халқи тоҷик  таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад. Имрўз дар муҳити нави рушди  санъат анъанаҳои беҳтарини он бо тобишҳои тоза ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро сайқал мебахшад.

Дар ин радиф “Шашмақом” ва “ Фалак” аз зумраи ганҷинаи бебаҳое мебошанд, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии  классикии халқи фарҳангпарвару санътдўсти тоҷик ёдгор мондаанд.

Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ, аз ҷумлаи беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳақ мусиқии шаклан озод ва таҷассумгари руҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик мемонем”

Муаллиф дар пешгуфтори китоб аз ҷумла навиштааст, ки дар бораи жанри  ҳунарӣ ва созию овозӣ менависам, ки бо унвони “Фалак” маъруфу маъмул аст. Ҳарчанд таърихи  куҳан  дорад ва аз ниёгони шарафмандамон ба мерос расидааст, дар замони  Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо василаи  ташабуссҳои фарҳангпарварони  Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон умри  дубора ёфт. Бо қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон “ Фалак” мақоми  давлатӣ гирифт. Аз таъкиди  Сарвари давлат  аст, ки “Бо шарофати  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми  мо  намунаву суннатҳои  беҳтарини адабиёт ва фарҳангу ҳунари  хешро арҷгузорӣ ва эҳтиром мекунанд. Ин далели он аст, ки қофилаи шеъру мусиқӣ  ҳамвора  баёнгари  тақдир ва таҷассумгари зиндагии халқи тоҷик  дар шебу фарозҳои  зиндагӣ мебошад…

Китоби Ҷонибек Асрориён “Фалак. Сайри таърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ”-ро шумо метавонед дар толори хониши адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, воқеъ дар ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.

Саодат НАБИЕВА, сармутахассиси шуъбаи адабиёт доир  ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ.