Фаъолият ва равандҳои инноватсионӣ дар китобхонаҳо
Дар замони зудтағирёбандаи муоссир бе истифодаи технологияҳои инноватсионии замонавӣ мо наметавонем, дар фаъолияти кории худ ба муваффақият ноил шавем. Аз ин лиҳоз ҳар як кормандро зарур аст, ки ин усулҳоро дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ истифода баранд. Мафҳуми «инноватсия» дар муҳити касбии китобхона устувор гаштааст. «Инноватсия» (англисӣ «innovation» – навоварӣ,) ҳамчун истифодаи навовариҳо дар кор фаҳмида мешавад. Навоварӣ дар марказҳои иттилоотию китобхонавӣ қариб дар тамоми соҳаҳои фаъолияти он, аз ҷумла дар кори оммавӣ, ки маҷмуи усулҳо ва шаклҳои ташкили хидматрасониро барои шумораи зиёди хонандагон ё гурӯҳи мушаххаси истифодабарандагон дар як вақт аломатҳои ҳар як навоварӣ, тағйирот ва натиҷаҳо мебошанд.
Марказҳои иттилоотию китобхонавӣ айни замон ҳудуди таъсиррасонии худро ба хонанда васеъ намуда, ба марказҳои фарҳангию маърифатӣ ва интеллектуалӣ ва фароғатӣ мубаддал мегарданд, ки дар девори онҳо барои табақаҳои гуногуни хонандагон чорабиниҳои гуногун ташкил карда мешаванд. Дар шароити нави ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маданӣ китобдоронро зарур аст, ки шаклҳои нави фаъолиятро ҷустуҷӯ ва азхуд намуда, хидматрасонии анъанавиро беҳтар намуда, вазифаҳоеро, ки ба дигар муассисаҳои маданӣ-равшаннамоӣ ва иттилоотӣ хос аст, ба уҳда гиранд ва фаромӯш накунанд, ки дар китобҳо аз рӯи самти асосии фаъолияти ҳар як маркази иттилоотию китобхонавӣ тарғиби китобу китобхонӣ мебошад. Тағйироте, ки дар соҳаи китобхона ба амал меояд, на танҳо ба тағйироти технологӣ, балки ба тарзи тафаккури китобдороне, ки барои фаҳмидан ва пазириш омода шудаанд, низ таъсир мерасонад. Рушди марказҳои китобхонаҳои иттилоотӣ имрӯз хеле босуръат аст. Танҳо онҳое, ки дар таҷрибаи худ лоиҳаҳои инноватсионӣ татбиқ мекунанд, муваффақ мешаванд. Самаранок истифода бурдани навигариҳо кори душвортарини касбии китобдор мебошад. Маркази китобхонаи иттилоотӣ ҳангоми интихоби шаклҳои нави кор, ки замон тақозо мекунад, бояд интизориҳои ҷомеаро роҳнамоӣ кунад. Танҳо дар ин сурат метавон ба натиҷа умед баст. Фаъолияти инноватсионӣ самти пешбарии кори марказҳои китобхонаҳои иттилоотӣ мебошад, ки ба ҷустуҷӯ, арзёбӣ, таҳия ва татбиқи навовариҳои китобхона нигаронида шудааст. Мафҳуми «навоварӣ» шаклу усулҳои нав ё маълум, вале замонавӣ шудаи кори китобхонаро дар бар мегирад, ки ба такмили он мусоидат мекунад. Сарчашмаҳои шаклҳои нави кор дар марказҳои китобхонаҳои иттилоотӣ таҷрибаи пешқадами китобхона, пешниҳодҳои дақиқи китобдорон, технологияҳои нави иттилоотӣ ба шумр меравад. Раванди инноватсия бо эътирофи зарурати тағйирот оғоз меёбад. Дар ин марҳала фаҳмида мешавад, ки дар марказҳои китобхонаҳои иттилоотӣ чиро бояд тағйир дод, то фаъолияти он дар баробари таъсироти беруна то ҳадди имкон муассир ва устувор бошад. Хидматрасонии китобдорон ба хонандагон ва шаклҳои шеваи китоб тағир дода мешавад;. Навовариҳои технологӣ ҳатман истифода мешаванд, агар равандҳои технологияи китобхонаро тағйир диҳанд. Навоварӣ истифодаи усулҳои нав, бо шаклҳои нав иваз кардани шаклҳои куҳнаи кор, такмил додани усулҳои мавҷудаи хидматрасонӣ дар китобхонаҳоро дар назар дорад. Идеяи инноватсионӣ худ аз худ ба вуҷуд наомада, балки натиҷаи омӯзиши ҷанбаҳои қуввату заъфи марказҳои иттилоотию китобхонаӣ ва таҳлили таъсири омилҳои беруна мебошад.
Тарғиби китоб ва мутолаа кори асосии ҳар як китобхона мебошад. Имрузҳо китобдорон шаклҳои ғайристандартии тарғиби китоб ва хонишро фаъолона ҷустуҷу карда, ба кори анъанавӣ идеяҳои навро ҷорӣ мекунанд, аз ҷумла, таҳияи барномаҳои ҷолиби маҳфилҳо, ки ба таблиғи китоб нигаронида шудаанд ва ҷалби хонандагон ва эҷоди симои мусбати китобхона. Китобдорон дар фаъолияти касбии худ кӯшиш мекунанд, ки дар кори худ аз шаклҳои навоварона истифода баранд, аз замона навбароянд. Имрӯз мо баъзе шаклҳои маълуми кори оммавиро, ки басо муҳиманд, доираи шаклҳои кор бо хонандагонро васеъ мегардонем. Мо дар бораи ҳам шаклҳои анъанавӣ гап мезанем ва ҳам шаклҳои маҳофилу нишсту ҳамоишҳо, инчунин навовариҳое, ки дар робита ба рушди талаботи иттилоотии ҷомеъа нав ба вуҷуд меоянд, бояд диққати аввалиндараҷа, зоҳир намоем ва ба ин восита мо метавонем сатҳу сифати хидматрасониро дар марказҳои иноватсионӣ ба дараҷае боло бардорем.
Шайдулло Байдуллоев, мутахассиси Маркази таҳсилот ва иноватсияи китобдорӣ.