«Фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ. Мафҳуми иттилоот ва нақши он дар фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ»

Рамазон РаҳимзодаДар китоби Рамазон Раҳимзода «Фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ. Мафҳуми иттилоот ва нақши он дар фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ» аҳаммияти иттилоъ ҳамчун унсури асосии фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ мавриди таҳлили илмӣ ва амалӣ қарор дода шудааст. Иттилоъ дар фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ ҳамчун воситаи асосии пешгирӣ, ошкор ва ифшои ҷиноятҳо баромад намуда, самаранокии қабули қарорҳои оперативӣ ва ҳуқуқиро муайян месозад. Дар китобча мафҳуми иттилоъ, сарчашмаҳо, шаклҳои бадастоварӣ, коркард ва истифодаи он дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ мегардад.

Муаллиф таваҷҷуҳи махсусро ба нақши иттилооти оперативӣ – аҳаммиятнок, боэътимоднокӣ ва саривақтии он равона намуда, зарурати санҷиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи маълумотро таъкид менамояд. Ҳамчунин масъалаҳои риояи қонуният, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ҳангоми ҷамъоварӣ ва истифодаи иттилоъ нишон дода мешаванд. Дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусиятҳои истифодаи иттилоъ дар чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ равшан мегарданд.

Брошюра барои донишҷӯёни ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, шунавандагони муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин кормандони амалӣ ҳамчун дастури кӯтоҳи назарияӣ ва амалӣ пешбинӣ шудааст.

Хонандагон китоби Раҳимзода Р.Ҳ. «Фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ. Мафҳуми иттилоот ва нақши он дар фаъолияти оепартивӣ – ҷустуҷӯӣ»-ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.