Фаъолияти шуъбаи библиографияи миллӣ ва роҳҳои такмили он

Фаъолияти шуъбаи библиографияШуъбаи библиографияи миллӣ соли 1971 бо мақсади роҳандозии фаъолияти библиографӣ дар самтҳои созмондиҳии дастгоҳи маълумотӣ-библиографӣ, библиографинамоии маҳсулоти чопӣ оид ба ҳамаи соҳаҳои дониш, таҳқиқ ва қонеъ намудани эҳтиёҷоти библиографии хонандагон, омўзиш ва тарғиби донишҳои библиографӣ таъсис ёфтааст. Илова бар ин, шуъбаи мазкур вазифадор аст, ки тамоми адабиётҳои ба Тоҷикистон алоқамандро новобаста ба забон ва ҷойи нашр ба низоми библиографӣ дароварда, ба хонандагон маълумот пешниҳод намояд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи мазкур бунёди Фонди нашрҳои маълумотдиҳӣ-библиографӣ мебошад. Имрўз дар Фонди нашрҳои маълумотдиҳӣ-библиографии шуъбаи библиографияи миллӣ  1808 нусха нашрҳои маълумотдиҳанда мавҷуд аст. Аз ин шумора 1407 нусха ба забони тоҷикӣ ва 407 нусха ба забони русӣ мебошанд. Ёдовар мешавем, ки фонди шуъба аз рўи ҷадвали Таснифоти даҳгонаи универсалӣ (ТДУ) ҷобаҷо гузошта шудааст. Фонди нашрҳои маълумотдиҳӣ-библиографии шуъбаи библиографияи миллиро асосан нашрҳои маълумотдиҳанда, аз қабили донишномаҳо, луғатҳо, луғатҳои энсиклопедӣ, маълумотномаҳо, роҳнамоҳо, тақвимҳо ва дастурҳои гуногуни библиографӣ ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, дар фонди мазкур:

– донишнома ва маълумотномаҳо – 112 (62 нусха ба забони тоҷикӣ ва 50   нусха ба забони русӣ);

– луғатҳои тафсирию забонӣ – 55 нусха, (22 нусха ба забони тоҷикӣ ва 33 нусха ба забони русӣ) ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд. Ҳамзамон, дар фонди нашрҳои маълумотдиҳӣ-библиографии шуъба чунин навъи донишномаҳо, аз қабили «Энсиклопедияи миллии тоҷик» – иборат аз 9 ҷилд, «Энсиклопедияи советии тоҷик» – иборат аз 8 ҷилд, «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» – иборат аз 7 ҷилд, «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (иборат аз 3 ҷилд), «Донишномаи мухтасари кўдакон ва наврасон», донишномаҳои кишваршиносӣ: «Душанбе», «Хуҷанд», «Фархор», «Дашти Ҷум» ва ғайраҳо ҳифзу нигоҳдорӣ ва мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Илова бар ин, дар фонди нашрҳои маълумотдиҳӣ-библиографии шуъбаи библиографияи миллӣ 547 нусха дастурҳои библиографӣ мавҷуданд. Аз ин ҳисоб:

  • дастурҳои умумибиблиографии “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” – 26 адад; “Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон” – 48 адад;
  • дастурҳои соҳавӣ – 80 адад;
  • дастурҳои мавзўӣ, кишваршиносӣ ва фардӣ – 393 адад.

Яке аз қисмҳои муҳимми дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографии (ДМБ) шуъбаи библиографияи миллиро – системаи феҳристу картотекаҳои библиографӣ ташкил медиҳанд.

Дар ДМБ-и шуъбаи библиографияи миллӣ чунин намуди феҳристҳо ҳанўз дар солҳои 70-уми асри ХХ таҳия гардида, то имрўз мавриди истифода қарор мегиранд. Аз ҷумла, феҳристи алифбоии кишваршиносии хизматрасон, феҳристи мураттабии кишваршиносии нашрҳои Тоҷикистон ва адабиёт доир ба Тоҷикистон ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, феҳристи мураттабии минтақавӣ (региональный) барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти библиографии хонандагон кўмак мерасонанд.

Ҳамзамон, дар ДМБ-и шуъбаи библиографияи миллӣ чунин намуди картотекаҳо, аз қабили картотекаи умумии мураттабии мақолаҳо аз матбуоти даврӣ ба забони тоҷикӣ, картотекаи кишваршиносии мавзуии асарҳои бадеӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, картотекаи иқтибосҳо ба забони тоҷикӣ, картотекаи фардӣ ба забони тоҷикӣ, картотекаи тақризҳо,  амал мекунанд.

Масалан, дар картотекаи умумии мураттабии мақолаҳои нашрияҳои даврӣ маводди марбут ба зиндагинома ва фаъолияти ходимони давлатию сиёсӣ, олимону адибон ва аҳли фарҳангу ҳунарро, ки дар фаъолияти хеш саҳми назаррас доранд, фароҳам оварда, дар равзанаҳои ҷудогона ҷобаҷо гузошта шудааст.

Картотекаи мавзуӣ бошад, номгўи асноди чопӣ ва электрониро дар мавзуҳои муайян инъикос менамояд.

Картотекаи фардӣ оид ба фаъолияти як шахс маълумот дода, асосан барои муаррифии осори адибон, чеҳраҳои маъруфи илму фарҳанг ва адабиёт оид ба зиндагинома ва эҷодиёти онҳо созмон дода мешавад. Дар картотекаи номбурда маълумот оид ба адибони классик ва муосир беш аз 1400 нафар ворид шудааст. Тибқи маълумоти сардори шуъба Н. Валиева дар картотекаҳои шуъба 1.5 млн барга ҷойгиранд.

Саҳми шуъба дар радифи таҳияву истифодаи системи феҳристу картотекаҳои анъанавӣ боз дар бунёди феҳристҳои электронӣ хеле назаррас мебошад. Аз ҷумла, амалӣ намудани барномаи «Библиограф»-и Китобхонаи миллӣ, ки хонанда аз тариқи он метавонад дар муддати кўтоҳ маводди лозимаашро пайдо намояд, аз навгониҳои фаъолияти шуъба маҳсуб меёбад. Барномаи мазкур соли 2013 бо дастгирии роҳбарияти китобхона ва мутахассисони шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ таҳия гардидааст.

Мақсад аз таҳияи ин барнома ташкил ва таҳияи картотекаи электронии шуъбаи библиографияи миллӣ мебошад. Тавассути барнома то имрўз 272.439 номгўи мақола аз рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ба барномаи «Библиограф» ворид шудаанд, ки яке аз талаботҳои раванди автоматикунонии хадамоти библиографӣ ба шумор меравад. Ин самти кор баҳри пешрафти хадамоти библиографии шуъбаи мазкур мусоидат менамояд.

Яке аз қисмҳои асосии ДМБ-и шуъбаи библиографияи миллӣ бо дарназардошти талаботи истифодабарандагон таҳия ва пешниҳоди маълумотномаҳои хаттӣ ва шифоҳӣ мебошад.

Захираи маълумотномаҳои хаттӣ ҳамчун қисми таркибии дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографии шуъбаи библиграфияи миллӣ барои нигоҳ доштани матни маълумотномаҳои иҷрошуда ва ё нусхаи онҳо арзи вуҷуд дорад.

Бойгонии маълумотномаҳои хаттии шуъба аз рўзҳои аввали таъсисёбиаш, дар умум 1184 дорои маълумотнома мебошад. Маълумотномаҳо даруни лифофаҳо нигоҳдорӣ мешаванд, ки дар рўи онҳо унвони супориш, рақами тартибии бойгонӣ, санаи иҷро ва теъдоди номгўи адабиёт зикр гардидааст. Аз соли 2012 то имрўз 180 маълумотномаи хаттӣ ба муштариён пешниҳод шудааст. Таҳлилд нишон дод, ки маълумотномаҳои хаттии иҷрошуда дар рафҳои китобӣ ҷобаҷо гузошта шудаанд, ки ин тибқи муқаррарот нодуруст буда, онҳо бояд дар ҷевонҳои махсус ҳифзу нигоҳдорӣ карда шаванд.

Шуъбаи библиографияи миллӣ барои такмили Фонди нашрҳои маълумотдиҳӣ-библиографии худ ҳамасола теъдоди муайяни дастурҳои библиографиро таҳияву нашр менамояд. Аз ҷумла, соли 2020 – 4 дастур, соли 2021 – 2 дастур, соли 2022 – 5 дастур, соли 2023 – 2 дастур, соли 2024 – 3 дастур ва соли 2025 – 1 дастур ба нашр расондааст. Ҳоло 7 дастури таҳиякардаи шуъба дар арафаи чоп аст.

Чунонки таҳлил нишон дод, дар радифи дастовардҳо дар фаъолияти шуъба як қатор камбудиву норасоиҳо ҷой доранд. Аз ҷумла:

  • на ҳамаи нашрҳои маълумотдиҳанда барои истифода ҷамъоварӣ карда шудаанд.
  • нашрҳои Хонаи китоби Тоҷикистон, аз қабили нашрҳои ҷорӣ ва тарҷейии (ретроспективии) он пурра ҷамъоварӣ нашудаанд;
  • унвони феҳристу картотекаҳо тибқи муқаррароти соҳавӣ номнавис нашудаанд;
  • картотекаҳои шуъба ба қуттиҳои иловагӣ ниёз доранд;
  • картотекаҳо таҳрирталаб мебошанд;
  • дар картотекаҳо баргаҳо зич ҷойгир карда шудаанд, ки хонанда ҳангоми истифодабарӣ ба мушкилот мувоҷеҳ мегардад;
  • сим (шампур) ва дастакҳои қуттиҳои картотекаҳо дар ҳолати ногувор қарор доранд;
  • барои ҳифзу нигоҳдории маълумотномаҳои иҷрошуда ҷевонҳои махсус мавҷуд нестанд.

Барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ба андешаи мо, ҳалли чунин масъалаҳо зарур мебошанд:

аз ҷониби масъулини шуъба сари вақт дархостҳо ҷиҳати харидорӣ намудани нашрҳои маълумотдиҳанда ва дастурҳои библиографӣ пешниҳод карда шаванд;

тибқи муқаррароти соҳавӣ тамоми навъи феҳристу картотекаҳо номгузорӣ ва таҳрир карда шаванд;

шуъба ба қуттиҳои иловагии феҳристу картотекаҳо ва симму (шампур) дастакҳо таъмин карда шавад;

барои ҳифзу нигоҳдории фонди маълумотномаҳои иҷрошуда ҷевонҳои махсус ба истифода дода шавад.

Меҳроҷ КОМИЛОВ,
сардори шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ,

Садбарг ДЎСТОВА, сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ