«Фарҳанги ҳамгунҳои шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ»

забони тоҷикӣДар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷамъоварии калимаю истилоҳоти шеваҳои забони тоҷикӣ аҳаммияти калон дода мешавад. Ин иқдоми Пешвои миллат мутахассисонро водор менамояд, ки ба ҷамъоварии маводи гуногуни лаҳҷаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. Ҳамчунин, дар бандҳои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030» низ масъалаи мазкур зикр шудааст.

Бо мақсади иҷрои ҳадафи мазкур С. Раҳматуллозода ва Р. Холназариён китоби «Фарҳанги ҳамгунҳои шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ» таҳия кардаанд, ки олимону мутахассисони соҳа ва шаҳрвандон метавонанд аз он самаранок истифода баранд.

Фарҳанги мазкур беш аз 2300 калимаи ҳамгуни шеваи ҷанубиро дар бар мегирад.

Дар сарсухан омадааст, ки таҳқиқи шеваҳои забони тоҷикӣ диққати донишмандони зиёдеро ҷалб карда, то имрӯз доир  ба ин масъала асару мақолаҳои зиёде дар даст дорем. Муҳаққиқон дар осори илмии худ ба масъалаҳои гуногуни марбут ба шеваҳои забони тоҷикӣ баррасиҳо анҷом додаанд. Аз корҳои донишмандон маълум аст, ки доир ба таснифоти шеваҳои забони тоҷикӣ, хусусиятҳои савтӣ, хосиятҳои вожагонӣ сарфию наҳвӣ ва масоили луғатнигории лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Аммо ин анҷоми кор набуда, масъалаҳои мубрами зиёде дар самти омӯзиши шеваҳо интизори муҳаққиқон аст. Ин фазои холиро ба назар гирифта Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 04.10.2019 баён намудаанд, ки «Дар таркиби шеваҳои мардуми мо ҳазор калимаҳои асилу ноби тоҷикӣ мавҷуданд, ки бо сабабҳои гуногун аз доираи истеъмол берун мондаанд. Вазифаи аввалиндараҷаи забоншиносону фолклоршиносон ин аст, ки зимни таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ чунин калимаҳоро аз дохили шеваҳо дарёфт карда, онҳоро ба доираи муомилоти забони адабии тоҷикӣ ворид намоянд». Ин ҳидоятҳо мсъулини соҳаро водор месозад, ки ба гирдоварии маводи шеваҳо камар баста, барои ҳарчи мукаммалтар омӯхтани лаҳҷаҳоямон аҳаммияти махсус зоҳир намоянд.

Дар ин росто ҷамъоварии калимаҳои ҳамгуни шеваҳо аз аҳаммият холӣ нест. Агар ба таркиби луғавии шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ назар афканем, ин қабати маъноӣ дар он хеле зиёд аст ва онҳо тибқи роҳҳои мавҷуда ба вуҷуд омада, инкишоф ёфтаанд. Дар забоншиноси калимаҳои ҳамгунро аз ҷиҳати талаффуз ва сохт ба ҳам монанд медонанд, ки ба маъноҳои гуногун далолат карда, барои хушобуранг шудани нутқ ва баёни андеша мусоидат мекунанд. Ин қабати маъноии забон чи дар забони адабии меъёр ва чи дар гӯйишҳои маҳаллӣ роҳу воситаҳои гуногуни пайдоиш дорад. Онҳо дар заминаи умумияти маъноӣ надоштан аз калимаҳои сермаъно дар натиҷаи инкишофи маъно, аз калимаҳои иқтибосӣ бо сабаби мувофиқ омадани шаклу талаффуз ва ворид шудани калимаҳои шевагӣ ва ҳамгун шуданашон бо калимаҳои адабӣ инкишоф меёбанд…

Китоби Раҳматуллозода С.Р., Холназариён Р.М. «Фарҳанги ҳамгунҳои шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ» ҳамакнун дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолаа мебошад.

Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.