“Фазилати Пешво” дар ҷилди 22 “Маҷмӯи осор”

Фазилати Пешво“Фазилати Пешво”, ки дар ҷилди 22-и “Маҷмӯи осор”  соли 2021 чоп шудааст, навиштаҳоеро дар бар гирифтааст, ки бештар омӯзишианд ва муаллиф Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо номи “Эҳдо ба хонанда” сарсухани ҷолибе ҳам навиштааст, ки онро айнан меорем.

Эҳдо ба хонанда

Хонандаи азиз! Дар ин китоб намунае чанд аз шоҳкориҳо, талошу кӯшишҳо, ранҷу заҳмат, корнамоиҳои абармарди майдони сиёсат, ақлу заковат ва тафаккури олии фарзанди фарзонаи миллат, муоширату муносибати сатҳи баланд ва маърифату ҷаҳоншиносии шахсияти барҷастае, ки номашон вирди забонҳост, рӯи саҳфа оварда шудааст, ки имрӯз аз файзу баракати ӯ миллати тоҷик дар суботу оромӣ ва дӯстиву рафоқат умр ба сар бурда, аз Пешвои миллат сидқан шукргузорӣ мекунад.

Агар гузаштагони мо беҳтарин амалу корҳои савобро ба риштаи назму наср кашидаву ба мо расонида бошанд, имрӯз корҳои ба анҷомрасонида ва нақшаҳои ояндасози Сарвари давлат чун шаддаҳои марҷон як-як аз пеши назар мегузаранд.

Корҳое, ки иҷрои онҳо солҳои тӯлониро талаб менамуданд ва ҳалли баъзеи онҳо то ҷое ғайриимкон ба ҳисоб мерафт, ба шарофати меҳнатдӯстиву олиҳимматӣ, ҷасуриву шуҷоатмандӣ, иродаи қавӣ ва қобилияти фавқулодаи Сарвари ғамхору ватандӯст амалӣ гардидаанд. “Фазилати Пешво” ном гирифтани ин китоб низ аз он сарчашма мегирад, ки воқеан, шахсияте бо фурӯтаниву хоксорӣ, қудрату тавоноӣ, истеъдоду қобилияти роҳбарӣ, ростқавливу раҳмдилӣ ва инсондӯстӣ тавонистааст ҳама фазилатҳо, хислатҳо ва хулқу атвори некеро, ки қадри инсонро як бар сад афзуда, ӯро дар ҷомеа обрӯманд мекунанд, чун зару зевар ва дурдонаву гавҳар дар зоҳиру ботини хеш ҷой намудааст.

Чеҳраи Пешвои миллат мисли офтоб аст, ки мардум мехоҳанд тулӯи онро ҳарчи пештару бештар бубинанд, рӯшанӣ ва гармии онро эҳсос кунанд. Ҳузури ин шахсияти беназир ҳамеша қалбҳоро гарм ва меҳру муҳаббатро афзуда, умед ва эътимодро ба зиндагӣ ва ба ояндаи дурахшон зиёд менамояд.

Аслан маънои фазилат ҳам бартариву болотарӣ ва афзалият доштан дар ҳама кор, яъне бартарӣ дар фазлу камол, ақлу заковат, донишу маърифат, рафтору гуфтор ва ахлоқу одоб мебошад.

Фазилати Пешвои муаззами миллат моро дар ҳама соҳа, кору фаъолият роҳнамо мебошад. Ин марди фозил моро ба иншои назму насри башардӯстона, сурудани шеърҳо дар васфи сулҳи кулл ва ошиқонаву ирфонӣ таблиғ намуда, зарофатгӯиро омӯхтаанд. Чунки, он кас донишу ҳикматро барои дарки дурусти олам ягона воситаи муассир арзёбӣ менамоянд, гӯё муаммои зиндагиро кушода, бо нерӯи тавонои ақл асрори онро кашф кардаанд. Шахсеро, ки дар ҷомеа дорои хислатҳои мумтоз аст, бо рафтору муносибат, илму амал, кору фаъолият ва одобу ахлоқ бар дигарон бартару болотар аст, он нафарро одами бофазлу хирад ном мебаранд.

Вақте мо зиндагиномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа менамоем, аз маънавиёти ботинӣ ба ваҷд омада, ба ҳар як андешарониҳояшон дил мебандем. Чунки тарғибу ташфиқи адлу инсоф, зебоишиносӣ, ҳақиқатҷӯиву ҳақиқатбинӣ, ҳаёти босаодат ва зиндагии мавзуну ҳамоҳанги башарият, инчунин танқиди зулму беадолатӣ, ахлоқи баду тангназарӣ ва кибру ғурур дар ҳаёт ва фаъолияти иҷтимоии ӯ мавқеи муҳим дорад. Маҳз бо чунин хислату роҳнамоиҳо ва иқдомҳои нек Сарвари давлати тоҷикон дар миёни дигарон шуҳрату маҳбубияти зиёд доранд.

Пешвои миллат бо лаёқату истеъдоди азалӣ, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносӣ, ки ҳанӯз аз даврони ҷавонӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҳизбию давлатӣ ва дар вазифаҳои гуногун фаъолият карданд, ташаккул ёфта буданд, бо амал дар ҳаёти кориашон ислоҳот, яъне тағйироти куллӣ ворид кардаанд. Ин ислоҳот минбаъд дар давраи Роҳбари давлат кор карданашон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, бахусус сохтори давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисодиёту энергетика, саноату кишоварзӣ, мактабу маориф, сохтмон, роҳу нақлиёт, забон ва адабиёт, фарҳангу маданият, варзиш ва технология дар амал татбиқ шуд, ки бо таваҷҷуҳи Сарвари давлат ҳар яке рушду тараққӣ ёфта, ба ҷомеаи навини Тоҷикистон хизмат менамоянд.

Натиҷаи чунин ислоҳот дар тамоми соҳаҳои ҳаёт буд, ки аҳолии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба комёбӣ ва муваффақиятҳои бесобиқа ноил гардида, дар фазои нав, бо нигоҳи тоза ба зиндагӣ ва умед ба фардои дурахшон устуворона қадам мениҳад.

Ҳар он чи иншо шудааст, аз фазилатҳои Пешвои миллат ҳидоят карда, шиносоӣ бо онҳо дар қалб ва вуҷуди инсонҳо бовар ба худ, муҳаббат ба Ватан, ба обу замин, ба фарҳангу таърих ва забони тоҷикӣ, меҳр ба наздикону пайвандон, дилгармӣ ба кор ва умед ба зиндагиро бедор ва пойдор менамояд. Ин китобро ҷустуҷӯ кунед, чун пайдо кардед, ҳатман мутолиа намуда, онро ба дигарон қисса намоед. Ва мутмаин бошед, ки бо ин амал шумо рисолати хешро дар ҷодаи миллатдӯстӣ ва ватанпарастӣ иҷро кардаед.

*******    *****    ****

Китоби мазкурро дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дастрас ва мутолиа кардан метавонед.

Таҳияи Бунафша Раҳмонова
Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон